понедельник, 29 мая 2017 г.

Неши каждум…

Ҳикоя
                                                                                                    Ва ин ёрон душманоне беш набуданд,
                                                                                                    Норостоне беш набуданд.
                                                                                                                                        Аҳмади Шомлу

      Ҳар як инсони покизагуҳар саҳар бо дасти росту пои рост иқдоми ҳаракат мекунад ва нияти аввалини ў ин аст, ки имрўз низ ба нафъи халқу Ватан ягон кори некеро ба анҷом  расонад, ё ба касе кўмак намояд, ақаллан ягон кори савобро анҷом диҳад. Адиби номӣ Ардашер Ҳалимӣ низ ин субҳ бо ҳамин ният аз хоб бедор шуд. Ва ин байти шоҳона дар осмони фикраш таҷаллӣ намуд: Ба номи Худованди ҷону хирад, к-аз ин бартар андеша барнагзарад... Ҳалимӣ сари хонтахта омад. Ин саҳар низ ҳаёти ў аз хондани рўзномаҳои нав оғоз хоҳад ёфт. Дар як гўшаи хонтахта рўзномаҳои шаҳриву ноҳиявию вилоятӣ меистод. Рўзномаҳои ҷумҳурӣ одатан баъди нисфирўзӣ омада мерасиданд. Ардашер Ҳалимӣ рўзномаи вилоятиро кушода боз чашмаш ба идомаи ёддоштҳои сардабири собиқи он афтод. Осон Мастонзода аз шумора ба шумора ёддоштҳои худро таҳти унвони “Аҷоибулвақоеъ” чоп кунонда ному фомили ҳама рўзноманигорони шинохтаи ин рўзномаро каме тағйири ҳарф карда ҳама ахлоти ҷамъкардаашро ба сари онон мерехт. Мастонзода ба ёддоштҳои худ эссеи бадеӣ-таърихӣ ном гузошта ба эродҳои ину он баҳона пеш меовард, ки ин воқеаҳо бадеиянд, яъне бофтаи хаёли нависанда ҳастанд, аммо хилофи мантиқ боз онро таърихӣ номида ба он ранги санади воқеӣ дода буд.

воскресенье, 14 мая 2017 г.

Мавлуда – зани занон

(ҳокоя)

Мавлуда гумон надошт, ки дар рӯзи равшани офтобӣ ногаҳон аз осмони мусаффо ба сараш барфу жола меборад. Кошки барфу жола меборид ва он дарди бахайр мебуд.

Охир ӯ зани тоҷири сарватманд аст, ба  қавле хӯрдагиаш дар пешаш, нахӯрдагиаш ба  пасаш. То ин вақт ӯ худро шоҳдухтари замон барин ҳис мекард ва ногоҳ сараш ба девори сангин рафта заду дид, ки шоҳдухтар не, балки хизматгордухтар барин як одами оддӣ будааст. Барои ӯ карру фар бегона буд, бо вуҷуди сарвати зиёд аз худ нарафт, ба ранг баранг куртаҳои гаронбаҳо пӯшидану дасту гарданро бо тиллову алмос пур карданро хуш надошт. Ӯ дар хонаводаи директори фабрикаи қаннодӣ таваллуд шуд. Аз ин ҳодиса падараш хеле хурсанд буд. Зеро баъди ҳафт писар худо ба ӯ духтар дод.

Падар директори фабрика бошад ҳам зиндагии хоксорона дошт. Аз коммунистони ҳалолкор буд. Ягонто хаси фабрикаро ба хона намеовард, ҳатто ягон дона конфетро. Писаронашро низ ба меҳнати ҳалол одат кунонд.