суббота, 18 ноября 2017 г.

Оиди Осорхонаи меъморӣ-этнографӣ

Чанде пеш аз шагирдони усто Амриддин Наҷмиев ба Самарқанд аз Хуҷанд шигирдони он кас усто Абдуқодир ва усто Фозил ба тӯи никоҳии набераи усто Амриддин омада буданд.

Дар гирди дастархон сухан аз зебоиҳои Душанбе оғоз ёфту камина гуфтам: Душанбе як камбудии калон дорад. Дар он ёдгориҳои таърихие, ки туристони хориҷиро ҷалб мекунад, нестанд. Бо ташаббуси ҷаноби олӣ пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бисёр иморатҳои олӣ қомат афрохтаанд. Аммо ҳамаи онҳоро баъди сад сол таърихӣ гуфтан мумкин аст.

воскресенье, 15 октября 2017 г.

Регистони мӯъҷизавӣ

Баъзе касон гумон мекунанд, ки маҷмӯаи яъне Ансамбли Регистон танҳо аз се мадраса ва майдони таърихии он иборат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ин ҷо иморатҳои бузурги дигаре низ буданд.

Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек – ҳоким ва донишманди маъруфу машҳур мебошад, ки сохтани он соли 1417 ба охир расида корҳои кошинкориву тазйин боз се соли дигар давом кардааст. Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонакоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳолодар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонакоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд. Иморати аз ҳама калон мадрасаи Алика Кӯкалдош будааст, ки 210 гумбаз доштааст.

четверг, 1 июня 2017 г.

Сутуни факулта

(Ҳикоя)

Мавлоно Ҳозирӣ – профессори факултаи филологияи донишгоҳ дар шиноснома Мавлоно Мардонович Ҳозирӣ аст, аммо ӯ дар мақолаҳо худро Мавлоно менавишт, ки эҳтимол мисли Мавлоно Румӣ ва ё Мавлоно Ҷомӣ шӯҳрат пайдо карданӣ буд.

Падараш хати арабиро медонист, аммо шахси аз илм дур буд ва дар ягон мадрасаи динӣ нахонда бошад ҳам бо дуохонӣ машғул буд. Дар замони Шӯравӣ чунин корҳо қатъиян манъ буданд, аммо беморе биёяд, дарвозаро аз берун қулф карда аз девор медаромаду дуохонӣ мекард. Сипас барои ба нафақа баромадан стаж лозим шуду ба як мактаб мудири корҳои хоҷагӣ гардид. Ӯ хеле маблағро ба коми наҳангаш зад ва аз ҷумла моҳонаи муаллимонро моҳҳо нигоҳ дошта он пулҳоро ба савдогарон барои гардиш (оборот) дода охир ба даст афтода дар ҳабс нишаста баромада буд.

Мавлоно Ҳозирӣ дар зери ҳамин «дарахти себ» ба воя расида буд.

понедельник, 29 мая 2017 г.

Неши каждум…

Ҳикоя
                                                                                                    Ва ин ёрон душманоне беш набуданд,
                                                                                                    Норостоне беш набуданд.
                                                                                                                                        Аҳмади Шомлу

      Ҳар як инсони покизагуҳар саҳар бо дасти росту пои рост иқдоми ҳаракат мекунад ва нияти аввалини ў ин аст, ки имрўз низ ба нафъи халқу Ватан ягон кори некеро ба анҷом  расонад, ё ба касе кўмак намояд, ақаллан ягон кори савобро анҷом диҳад. Адиби номӣ Ардашер Ҳалимӣ низ ин субҳ бо ҳамин ният аз хоб бедор шуд. Ва ин байти шоҳона дар осмони фикраш таҷаллӣ намуд: Ба номи Худованди ҷону хирад, к-аз ин бартар андеша барнагзарад... Ҳалимӣ сари хонтахта омад. Ин саҳар низ ҳаёти ў аз хондани рўзномаҳои нав оғоз хоҳад ёфт. Дар як гўшаи хонтахта рўзномаҳои шаҳриву ноҳиявию вилоятӣ меистод. Рўзномаҳои ҷумҳурӣ одатан баъди нисфирўзӣ омада мерасиданд. Ардашер Ҳалимӣ рўзномаи вилоятиро кушода боз чашмаш ба идомаи ёддоштҳои сардабири собиқи он афтод. Осон Мастонзода аз шумора ба шумора ёддоштҳои худро таҳти унвони “Аҷоибулвақоеъ” чоп кунонда ному фомили ҳама рўзноманигорони шинохтаи ин рўзномаро каме тағйири ҳарф карда ҳама ахлоти ҷамъкардаашро ба сари онон мерехт. Мастонзода ба ёддоштҳои худ эссеи бадеӣ-таърихӣ ном гузошта ба эродҳои ину он баҳона пеш меовард, ки ин воқеаҳо бадеиянд, яъне бофтаи хаёли нависанда ҳастанд, аммо хилофи мантиқ боз онро таърихӣ номида ба он ранги санади воқеӣ дода буд.

воскресенье, 14 мая 2017 г.

Мавлуда – зани занон

(ҳокоя)

Мавлуда гумон надошт, ки дар рӯзи равшани офтобӣ ногаҳон аз осмони мусаффо ба сараш барфу жола меборад. Кошки барфу жола меборид ва он дарди бахайр мебуд.

Охир ӯ зани тоҷири сарватманд аст, ба  қавле хӯрдагиаш дар пешаш, нахӯрдагиаш ба  пасаш. То ин вақт ӯ худро шоҳдухтари замон барин ҳис мекард ва ногоҳ сараш ба девори сангин рафта заду дид, ки шоҳдухтар не, балки хизматгордухтар барин як одами оддӣ будааст. Барои ӯ карру фар бегона буд, бо вуҷуди сарвати зиёд аз худ нарафт, ба ранг баранг куртаҳои гаронбаҳо пӯшидану дасту гарданро бо тиллову алмос пур карданро хуш надошт. Ӯ дар хонаводаи директори фабрикаи қаннодӣ таваллуд шуд. Аз ин ҳодиса падараш хеле хурсанд буд. Зеро баъди ҳафт писар худо ба ӯ духтар дод.

Падар директори фабрика бошад ҳам зиндагии хоксорона дошт. Аз коммунистони ҳалолкор буд. Ягонто хаси фабрикаро ба хона намеовард, ҳатто ягон дона конфетро. Писаронашро низ ба меҳнати ҳалол одат кунонд.