пятница, 27 мая 2016 г.

Бо сипос ба адибон Аслиддин Қамарзода, Салим Кенҷа, Нормурод Каримзода, Абдурасул Иброҳимзода ва Шодӣ Расулов



Инҳо рўзҳои охир китобҳои тозанашри худро ба камина ҳадя карданд.

Китоби Қамарзода «Самарқандиён дар Америка» ном дорад, сафарномаи эшон аст аз чанд рўзи меҳмонӣ дар ИМА.

Шодӣ Расулови оқсойӣ дар васфи деҳаи Оқсой ва одамони он шеъри зиёде гуфтааст ва китобаш номи хубе дорад – «Подоши меҳр». Ин байт аз ўст:
Аз азал халқи Оқсой
Буд бо муҳаббаташ бой.


Ба китоби нави ашъори Нормурод Ҷаъфари Муҳаммади Тирмизӣ сарсухане навишта фалсафаи самимияти ўро таъкид намудааст. «Дурахши маъно»  маҷмўаи ҳаштуми ашъори ўст.

Ба китоби шеърҳои Салим Кенҷа доктори умуми филологӣ, профессор Ҳасан Қудратуллоев сарсухане навишта таъкид кардааст, ки ашъори ин шоир сарупо соддаву равонанд. Онҳо бо як хондан манзури писанди хонанда мегарданд. Ин байти ў имрўзҳо вирди забонҳост:
Бимондам пой бар даргоҳи ҳаштод,
Аз ин ахбор оташ бар дил афтод.

Ба ҳамаи ин адибон ва ба писари Акбар Пирўзии шодравон Акмал, ки шеърҳои ноби падараш ва хотираҳои дўстонро оиди Пирўзӣ дар китоби «Чамани меҳр» гирдоварӣ кардааст, миннатдории самимонаи худро изҳор мекунам.   

Комментариев нет: