воскресенье, 9 августа 2015 г.

Даргузашти Маннон Розиқов



Аз Душанбе ба дӯстони камина хабари даргузашти инсони хоксор, соҳибқалам ва накӯкор Маннон Розиқов расидааст. Қарзи худ мешуморам, ки ба ҳама пайвандон ва дӯстони Маннон Розиқов ҳамдардию таъзияи дӯстони самарқандиашонро бирасонам.

Маннон Розиқов соли 1969 вақте ки бори аввал ба Душанбе барои кор ба идораи «Комсомоли Тоҷикистон» рафта будам, шиносномаи маро дар хонаи худ ба қайд гирифта буданд ва пас аз ин ман тавонистам корманди рӯзнома шавам.


Бисёр сол дар Главлити Тоҷикистон кор карданд. Он солҳо ман дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам ва ҳикояҳои фантастики менавистам. Бисёре аз ин ҳикояҳо дар зимн аз танқиди сиёсати ҳизби коммунист иборат буд. Ҳамкорони Маннон-ака дар Главлит ба хотири он ки ман аз дӯстони он кас ҳисоб мешавам, аз ин тарафи асарҳои камина чашм пӯшида ба чопи он иҷозат медоданд. Аҳамияти ин амали онҳоро ман вақте дарк кардам, ки ҳикояи «Дарахти пахтачормағз»-ро ба сабаби сиёсӣ нашрияҳои Маскав чоп накарданд, аммо дар Тоҷикистон ба сабаби муносибати хуби кормандони Главлит бе ҳеҷ гуна монеа чоп шуд. Маннон-ака дертар бо ҳидояти дӯст ва ҳамсояашон фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммедов роҳбари лабараторияи сектори фолклоршиносии Институти забон ва адабиётро ба зимма гирифта буданд. Ман ба сабаби ин қайди шиносномавӣ доим худро дар назди эшон қарздор меҳисобидам, ва ҳар бори ба Душанбе рафтанам, ба ҷои корашон рафта дидорбинӣ мекардам. Ба хонаашон намерафтам, чун дар ин солҳои душвор заҳматашонро зиёд накунам.

Маннон-ака шахси одамдӯст, фозил, хушсӯҳбат ва хеле самимӣ буданд. Хазинаи асосии фолклори тоҷикро, ки аз садҳо ҳазор километр навор иборат буд чун гавҳараки чашмашон эҳтиёт мекарданд.

Боре гуфтанд: Боғҳои саробӯстониамон (инро баъди аз колхоз хориҷ шудан аз мо кашида гирифтанд) паҳлӯи ҳам буд. Замоне ҳамсоя будем-а?

Ҳазлу мутоиба ва як оптизми хушбинона хоси эшон буд, гармии дил аз чашму рӯяшон меборид. Дар ҳама ҳолат ҳақгӯй буданд.

Ҳеҷ боварнокарданист, ки ҳамин хел инсони самимӣ, дарёдил ва ҳаётдӯст дигар бо мо нест.

Зиндаю ҷовидон монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Хонаи охираташон пурнур бод!

Комментариев нет: