пятница, 14 ноября 2014 г.

Оиди зарари ҷузъиётхонӣ дар макотиби тоҷикӣ



Баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ба мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ягон дона китоби дарсӣ наомад. Солҳои авали истиқлол Ӯзбекистон чунин имкониятро надошт ё ба ҳалли ҳама муаммоҳо расида наметавонист. Дертар бошад ҳам Ӯзбекистон китобҳои дарсии тоҷикиро худаш чоп карда ба мактабҳои тоҷикӣ фиристод.

Соли 1995 буд ё дертар (дар ёдам намондааст), ки боре аз Самарқанд ба Душанбе рафтам ва бо Вазири маориф оид ба ҳалли муаммои нарасидани китобҳои дарсии тоҷикӣ маслиҳат карданӣ шудам.

 Дар қабулхонаи вазир котибае менишаст аз ҳамшаҳриёнаш. Ба ӯ бо кадом масъала ва аз кадом шаҳри дур омаданамро гуфтам. Пас таъкид кардам, ки вақти дигар омада наметавонам чун равонам ин бегоҳ. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ омаданд. Дар даст ду китоби  дарсии таърих, чопи Русия. Муаллифи яке аз он китобҳо писарашон будааст. Ба котиба гуфтанд, ки бо масъалаи нав кардани китобҳои дарсии таърих омадаанд ва китоби дарсии таърих чӣ гуна бояд бошад, ҳарф заданиянд.

Сипас бо устод Шакурӣ хеле сӯҳбат кардем, оиди он ки дар замони истиқлол китобҳои дарсӣ чӣ гуна бояд бошанд. Ҳар ду ҳамфикр будем: китобҳои дарсӣ бояд хотирмон бошанд. Шогирди мактаб бояд аз ин китобҳои тахрих садои аҷдодонро шунавад, бо матни асл шинос шавад.

Дар даромадгоҳи кабулхонаи вазир ба ғайри ману устод каси дигар набуд, аммо дар назди вазир ягон кас набошад ҳам бо кадом сабаб вазир қабули моро ба  таъхир меандохт.

Билохир ман ба Шакурӣ рӯ оварда гуфтам: - Агар устод Айнӣ имрӯзҳо зинда мебуданд, бо як чӯбдаст меомаданду ҳамаи ин чиновникҳои вазорати маорифро зада аз идора берун мекарданд.

Котиба инро шунида рангаш канд ва ба назди вазир даромада баромаду гуфт: - Ҳоло ба назди вазир делегатсияи Япония меояд, ба ин сабаб танҳо муаллим Шакуриро ва он ҳам на зиёд аз 5 дақиқа қабул карда метавонанд.

Мана қариб чоряк аср истиқлол дорем, вале ҳанӯз ҳам баҳси барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ чӣ гуна бояд бошанд, идома дорад.

Вазирҳои маорифи Тоҷикистон дигар мешаванд, аммо низоми маориф нав намешавад.

Аз мансабдорон касе дар фикри он нест, ки чаро мактабҳои кӯҳнае, ки устод Айнӣ нуқсонҳоии онро бераҳмона фош мекард, бо вуҷуди оқибмондагиашон худи ӯ барин нобиғаҳо месохт, аммо мактабҳои имрӯза нобиға он тараф истад, шахсият намесозанд.

Бартарии дабиристон яъне мактаби асри 19 ва аввали асри 20 аз он иборат буд, ки дар он девони Ҳофизро, «Гулистон»-и Саъдӣ ва дигар нобиғаҳоро пурра меомӯхтанд. Услуби мактаби кӯҳна куллиётхонӣ буд, яъне пурра фаро гирифтан.

Ба қавли донишмандони равоншинос пурра ва амиқтар омӯхтани як асари адаби самараи бештаре дорад, нисбат ба ҳамин муддат яъне 15-20 соат омӯхтани даҳҳо асари адабӣ. Яъне ба дафтари хотироти шогирдони мактаб нақши амиқтаре мегузорад, забоншиносӣ  ва маданияти онҳоро беҳтар ташаккул медиҳад.

Аммо то ҳанӯз дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ҷузъиётхонӣ давом дорад. Пеш аз он ки ин мақоларо нависам, як китоби дарсии тоҷикӣ – хрестоматияи адабиёти илова барои синфҳои 5-6-ро аз назар гузаронидам.

Теъдоди адибоне, ки барои омӯзиш тавсия шудааст аз панҷоҳ нафар беш аст. Ва инҳо танҳо адибони асри бистанд!

Ба фикри камина шогирдони мактаби таълими ҳамагонӣ бояд як соли дароз танҳо ҳофизхонӣ кунанду соли дигар маснавихонӣ, соли саввум танҳо – шоҳномахонӣ.  Ё аввал гулистонхонӣ кунанду баъд хофизхонӣ. Ва ҳатман 1-2 сол Айнихонӣ бояд бошад. Барномаи фанни таърих башад, бояд наввад дар сад аз омӯзиши худи осори таърихӣ иборат бошад.

Ман пешрафтҳои маорифи Тоҷикистонро инкор намекунам. Бешак, онҳо  ҳастанд. Аз ҷумла компютеркунонӣ, таъсиси мактабҳои алоҳида барои бачаҳои соҳибистеъдод ва ғайра.

Аммо вазъи умумӣ тағйир намеёбад, то ба вақте ки куллиётхонӣ нею ҷузъиётхонӣ бошад. Яъне дар  ин мактабҳои махсус низ ҷузъиётхонӣ бошад, интизор нашавед, ки аз онҳо Лоиқи нав ё Акбар Турсони нав мебароянд.

Комментариев нет: