четверг, 23 января 2014 г.

Оид ба мазори дувуми Меҳтар Боди Ялдои Самарқандӣ, ки муовини Абўмуслими Хуросонӣ буд ва маросими деринакуҳани тоҷикон «Мазорравӣ»

Дар бораи он ки мазори Меҳтар Боди Ялдо дар гузари Фақеҳ Абўлайси шаҳри Самарканд (хамагӣ дар масофаи бист кадам аз масҷиди он) воқеъ гардидааст, аз ин пеш дар рузномаи «Овози тоҷик» мақолае нашр карда будам.  Ин ҷои мазор асрҳои пеш замини мазори машҳури Чокардиза будааст ва азбаски санги пешини сари мазори Боди Ялдо кайроқ будааст, ба куҳан будани он шакке нест.

Аммо «Овози тоҷик» 9 ноябри 2013 (№90 (13960) оиди он ки қабри Боди Ялдо дар деҳаи кўҳии Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз мазори машҳурест маколаи муаллими мактаби рақами 57-и ноҳияи Шаҳрисабз Норали Хўҷаевро чоп кард. Мақола «Маросими «Мазорравӣ» ном дошта дар он оид ба маросими мардумие сухан меравад, ки унсурҳои Меҳргон бо шахсияти Меҳтар Боди Ялдо омехта гардидааст.


Азбаски мазори Боди Ялдо дар ин ҷой дар Кофартеппа аст, метавон тахмин кард, ки то мазори Боди Ялдо шудани он ҷое будагист, ки бо маросимҳои митроӣ ё зардуштӣ алоқаманд аст.

Муаллифи мақола оиди ин маросим аз ҷумла чунин навиштааст:

«Сокинони деҳа ҳар сол як бор дар яке аз рўзҳои чоршанбеи моҳи ноябр ба хокҷои ў рафта, дар дегҳои калон таомҳои миллӣ, аз ҷумла ҳалим ва палав пухта, ба рўҳи поки Боди Ялдо дасти дуо мекушоянд. Баъди таомхўрӣ чанд тори мўи сари кўдакро кайчи зада, ба камонҷаҳое, ки ҳангоми таваллуди ў оварда шуда буданд, мебанданд ва ба шохи дарахти сари мазор меовезанд.

Дар деҳа анъанае ҳаст, ки мувофиқи он, агар кўдак таваллуд шавад, хешовандон ва писарбачаҳои ҳамсоя аз шохчаҳои бед камончаҳо сохта, онҳоро ба хонаи навзод мебаранд. Соҳиби хона камончаҳоро гирифта, бар ивазаш шириниҳо ва сару либос ҳадя мекунад.

Шомгоҳ пас аз маросими Мазорравӣ писарчаҳо ду-се нафарӣ ҷамъ шуда, ба хонаи мардум мераванд ва суруди халқиеро, ки то имрўз омада расидааст, мехонанд.

Ҳели ҳели булбулӣ,
Саги зарди
                        калтадум.
Ёфтем машъалаи
                                   гул.
Тофтемаш то сари
                                   пул.
Санаҳоям, санаҳоям,
Мори тўтак санаҳо.
Дидем ҷавони танҳо,
Хушному
                        хушғазалҳо.
Манаям бандаи ту,
Бандай шармандаи
                                   ту,
Ёди Муҳаммад ҳақдўст.

Дар охир номи писари калонии хонадон зикр мешавад:
Сари (номи писар) гардондем ҳою.

Пас аз хонда шудан соҳиби фарзанд ба бачаҳо гандум, картошка, меваҷот (себ, чормағз ва ғайра) ҳадя мекунад. Бачаҳо маҳсулоти ҷамъшударо фурўхта, якҷоя бо хешовандон ва ҳамсояҳо зиёфат ташкил мекунанд.

Рўзи дуюм, аҳли деҳа мазори Сирзорро зиёрат мекунанд. Мазори Сирзор ҳам зиёратгоҳи муқаддаси мардуми деҳа мебошад. То Ҷанги дуюми ҷаҳон як қисми аҳолии деҳа дар ин мавзеъ истиқомат мекардаанд. Солҳои ҷанг боронгари зиёд мешавад ва замини ин маскан мекўчад, аҳолӣ ба деҳаи ҳозира кўчонида мешавад.

Вақте ки дар оила кўдак таваллуд шуд, волидайн ният мекунанд, ки дар мазори Сирзор қурбонӣ кунанд.

Рўзи мазорравӣ оилаҳое, ки чунин ният карда буданд, ҷамъ омада, таомҳои гуногун омода мекунанд. Аз оби чашмаи Гароб (шояд Гармоб бошад) менўшанд. Чашма дар ҳамин мавзеъ воқеъ буда, обаш аз маъданҳои ҳархела бой аст, хусусияти шифобахшӣ дорад, ба бемориҳои зиёд шифо мебахшад.

Дуою фотиҳа хонда мешавад. Сипас падар фарзандашро ба назди сартароше, ки дар маросим иштирок дорад, мебарад, сартарош тори мўйи сари кўдакро қайчӣ мезанад.

Тори мўйро бо як парча матоъ баста, ба мўйсафеде, ки «Сари мазорхўр» меноманд, медиҳанд. Ў онро ба шохи дарахти бурси сари мазор мебандад. Бо ҳамин маросими «Мазорравӣ» ба охир мерасад.»

Аз ин мақола хулоса метавон кард, ки бузургдошти шахсиятҳои таърихи ё ривоятие мисли Меҳтар Боди Ялдо, ки зидди халифаҳои золими араб мубориза кардаанд, дар байни мардум мавҷуд будааст ва ба фарҳанги мардум дохил гардидааст.

Сад афсўс, ки мо дар шаҳрҳо бузургдошти ононро фаромўш кардаем. Бо номи Меҳтар Боди Ялдо имрўз дар шаҳре ҳатто кўчае нест.

    

Комментариев нет: