пятница, 23 ноября 2012 г.

Фазлиддин Муҳаммадиев. Мардуми тоҷикро сарватманд метавон гуфт?



Боре даҳ ё дувоздаҳ латифа навишта ба идораи «Хорпуштак» супоридам. Худам дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор мекардам ва чопи ин латифаҳо дар саҳифаи «Мушфиқӣ»-и он бароям осон буд, аммо як навъ сўиистифода аз мақом хоҳад буд. Дар «Хорпуштак» латифаро жанри аз ҳама душвор меҳисобиданд ва ҳатман аз ғалбери Фазлиддин Муҳаммадиев мегузарониданд.

Чанд моҳ гузашту ягон латифаи камина дар ин нашрия чоп нашуд. Сипас дар як вохўрии тасодуфӣ яке аз роҳбарони «Хорпуштак» гуфт, ки агар худатон он латифаҳоро ба устод набаред, намешавад. Дар «Хорпуштак» боз ҳаҷвияҳои дигареро доданд, ки устод Муҳаммадиев бояд ҳамчун узви ҳайати таҳрир хонда баҳо диҳанд.

Вақте ки аз бинои Иттифоқи нависандагон мебаромадам, шоҳиди сўҳбати ду адиби номдор шудам, ки халқи тоҷикро камбағал гуфтан бас аст, мардуми мо сарватманд аст, мегуфтанд. Мошиндор аст мегуфтанд.

Баъди аз Муҳаммадиев гирифтани маводҳои «Хорпуштак» оиди сарватманд ё камбағалии мардуми тоҷикро пурсидам.

Устод гуфтанд: - Баъзеҳо бо себфурўшӣ ё дигар корҳо мошиндор шудаанд. Аммо сарват шуморидан суолбарангез аст. Ба  он сабаб ки шахси мошиндор шуда аз дигар сарватҳо ҳанўз бебаҳра аст. Медонам онҳое, ки мошин доранд, аммо барои дарс тайёр кардани кўдаконашон як мизу як курсӣ нахаридаанд.

Дар ҳама ҷомеаи пешрафта меъёри асосӣ – ғамхорӣ ба кўдакор ва пиронсолон.

Кўдакон дар куҷо таълиму тарбия мегиранд? Дар мактаб. Ба восита ки? Ба воситаи муаллим.

Муаллим чанд пул моҳона мегирад?

Дируз ба назди ман аз Ҳисор як муаллим омад. (Тахмин кардам, ки устод як ҳаҷвнигори ҷавон, эҳтимол Ҳакималиро дар назар дорад). Моҳонаашро ба ҳама рўзҳо баробар тақсим карда рўз мегузаронидааст. Бо ҳаққулзаҳмаи якрўзааш ба Душанбе омадааст, ҳамон муаллим. Нону қандалот харидааст барои бачу качаш. Сонӣ дар ҳавои гарми Душанбе сахт ташна монда хостааст, ки як истакон оби ҷав бинўшад. Пулаш нарасидааст ба як истакон оби ҷав.

Агар тарбиягари мардум дар ин ҳол бошад, магар метавон мардуми тоҷикро сарватманд гуфт?

Комментариев нет: