пятница, 23 ноября 2012 г.

Фазлиддин Муҳаммадиев. Мардуми тоҷикро сарватманд метавон гуфт?



Боре даҳ ё дувоздаҳ латифа навишта ба идораи «Хорпуштак» супоридам. Худам дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор мекардам ва чопи ин латифаҳо дар саҳифаи «Мушфиқӣ»-и он бароям осон буд, аммо як навъ сўиистифода аз мақом хоҳад буд. Дар «Хорпуштак» латифаро жанри аз ҳама душвор меҳисобиданд ва ҳатман аз ғалбери Фазлиддин Муҳаммадиев мегузарониданд.

Чанд моҳ гузашту ягон латифаи камина дар ин нашрия чоп нашуд. Сипас дар як вохўрии тасодуфӣ яке аз роҳбарони «Хорпуштак» гуфт, ки агар худатон он латифаҳоро ба устод набаред, намешавад. Дар «Хорпуштак» боз ҳаҷвияҳои дигареро доданд, ки устод Муҳаммадиев бояд ҳамчун узви ҳайати таҳрир хонда баҳо диҳанд.

понедельник, 12 ноября 2012 г.

Фазлиддин Муҳаммадиев. Таассуроти нахустини камина



Фазлиддин Муҳаммадиевро бори нахуст соли  1966 дидам. Дар Курс-конфронси адибони ҷавон дар Душанбе. Як вохўрии носирони навқалам бо ин устоди насри бадеӣ дар доираи он Курс-конфронс вокеъ шуда буд.

Устод баъди он ки баъзе ҳикояҳои баъзе навқаламонро, ки дар онҳо нуқсони  ҷомеа инъикос меёфт, шуниданду ҳусну қубҳи онҳо ва роҳи ислоҳи камбудиҳоро нишон доданд, гуфтанд: