понедельник, 2 июля 2012 г.

Аз мост, ки бар мост ё худ чор санади чоп нашуда оид ба муаммоҳои миллат



Бо  инҳо ҳарчӣ кардан мумкин…
(Аз мукотибаи Мушфиқӣ ва Осмонӣ)

Рафиқи мўҳтарам Осмон Осмонович Осмонӣ!

Мактубатон ба каминаи камтарин вақт расид, ки аз тариқи радио сарояндае «Осмон ҷонам, Осмон!»-ро мехонд ва ман мутмаин будам, ки ин суруд дар ҳаққи танҳо шумо гуфта шудааст, зеро тақсир, дар ин замону дар ин макон танҳо  шумо Осмон ном доред. Дар ин замону дар ин макон қасидае ба ину он бахшидан ҳанўз расми бад нест ва мисли шоирони дарборӣ метавон обрўю эътибор ёфт…


Узр, тақсир, ки аз матлаб дур шудем. Матлаб аз навиштани ин нома он аст, ки аз нақшаҳои азим ва бошукўҳи шумо (дар ҳар ҷое, ки калимаи «шумо» меояд, ҳарфи «ш» калон чоп шавад) маро сахт ба ҳаяҷон овард. Ман онҳоро хонда равон аввал тафсидам, баъд сурх шудам, сонӣ ларзидам ва дар охир қоҳ-қоҳ хандида ва гоҳо ҳугн-ҳунг гиристам, ки шахсе он замон аз канор бинад, бешак гумон мекард, ки ба ақлам нуқсе расидааст ё актёре ҳастам, ки фоҷиаро якҷоя бо мазҳака мебозам.

Оре, тақсир, нақшаҳои аҷиби шумо гувоҳӣ медиҳанд, ки бо ин миллати фурўтан, хоксор ва олиҳиммат ҳар чӣ кардан мумкин аст.

Мумкин аст, ки ба тоҷик будани донишмандону адибони бузургаш шубҳа кунанд ва оноро фарзандони халқи дигаре шуморанд.

Ба сари тоҷик заҳру заҳмати тамокую пахтаро бор карда, пахтаашро арзон харида, мошинҳоро ба ў қимат фурўхта, обу ҳавою хоки водиҳояшро бо заводи химиявӣ заҳролуд кардан мумкин, зеро бо ин миллат ҳар кор кардан мумкин.

Агар ин психология барҳам нахўрад ва адолати иҷтимоӣ барқарор нашавад, хоҳед нахоҳед, чӣ қадар тарғиботи пурқувват кунед, дар сари ҳар як фарзандаш бо шамшери лучи тези хунолуд сарбозе ё ҷаллод гузоред ҳам, тоҷик орзуи давлати мустақил мекунад.

Вақте ки аз ҳуруфи араби ба лотин гузаштанд, касе аз халқи тоҷик пурсид, ки мехоҳӣ ё намехоҳӣ ва ё дар чанд сол гузаштан мехоҳӣ? Напурсид.

Ё худ бигўед, ки забоне ки, зиёда аз ҳазору сад сол, яъне то соли 1924 форсӣ ном дошт, чӣ хел ба ногаҳ дар як сол он қадар тағйир ёфт, ки дар соли 1925 тоҷикӣ ном гузоштанд?

Яъне бо тоҷик ҳар кор кардан мумкин, бо забонаш, бо алифбояш, ҳатто ному фамилияашро ба шакли номсозии русӣ – бо «еву», «ов», «вич»-ҳо навиштан мумкин.

Масҷидҳои тоҷикро баста-баста, шуморашро аз шумори ибодатхонаҳои ғайри мусулмон поён овардан мумкин. Бо тоҷик ҳар кор кардан мумкин.

Ба тоҷик «Шашмаком» кўҳна шуд», гуфта, солҳои дароз ба инкишофи он монеа шудан мумкин.

Психологияи «Бо тоҷик ҳар кор кардан мумкин» ҳатто роҳбарони барои манфиати миллат дилсўзро фаро гирифтааст.

Чанде пеш дар Москва аз тамоми гўшаю канори СССР шашсад нафар ҷавонони соҳибқалам ҷамъ омаданд, то ки оиди масъалаҳои эҷодиёти ҷавонон, адабиёт баҳсу мунозира, машварат кунанд…

Даъват кардан ё фиристодани адибони ҷавони тоҷикро фаромўш карданд.

Зеро бо тоҷик ҳар кор кардан мумкин. Ҳатто аз минбари баланд «Тоҷикистон»-ро барғалат «Таджикия» гуфтан мумкин ва барои ин ғалат узр напурсидан мумкин, бо тоҷик ҳар кор кардан мумкин.

Номи қадимашро хат зада, ба деҳаи тоҷик номи маршал Кутузовро мондан мумкин. Кутузове, ки аз мавҷудияти ин халқ эҳтимол хабаре надошт ва барои ин хок арзан барин ҳисса нагузоштааст. Ба шаҳру районҳои тоҷик номи Куйбишев, Орҷоникидзе, Калинин ва дигар сталинчиёнро додан мумкин.

Ба қуллаи кўҳи тоҷик номи Пётри якумро додан мумкин, вале мумкин нест, к ибо номи кўчаяке хотираи асосгузори давлати тоҷик Исмоили Сомониро сипосгузорӣ кунанд.

Бо тоҷик ҳар кор кадан мумкин. Тоҷикро маҷбур кардан мумкин аст, ки ҳатто дар ватани худ дар мактаби қирғиз ё ўзбекӣ хонад. Номҳои мавзеъҳои тоҷикро ба русӣ вайрон карда навистан мумкин: Қўрғонтеппа – Кургантюбе, Норак – Нурек, Ҳисор – Гиссар, Кўлоб – Куляб, Хоруғ – Хорог, Фархор – Пархар, Помир – Памир. Ному фамилияҳои тоҷикро вайрон навистан мумкин – Бобоевро Бабаев, Содиқовро Садыков ва ғайра.

Ба Тоҷикистон «дуст» ва «теодан» барин заҳр, ки истеҳсол ва истифодаи онҳо дар арсаи байналхалқӣ солҳои авали панҷоҳум манъ шудааст, овардан ва истифода кардан мумкин.

Бо тоҷикон ҳар кор кардан мумкин. Масалан мумкин аст, ки ба зани тоҷик бигўед, ки сабаби асоии қафомонии иқтисодӣ ту ҳастӣ, зеро бисёр мезоӣ, сабаби бисёри бачамурӣ низ туӣ. Сабаби бисёр мурданат ҳам худат, зеро бе бача зиста наметавонӣ. Сабаби бисёрии бекорон ҳам худи тоҷиконанд, на онҳое, ки аз дигар республикаҳо омада ҷойҳои кориро банд кардаанд.

Тоҷиконро бо ҳар гап фирефтан мукин, ин хел мардуми гапдаро, ин хел одамони хушхўй, ҳалим дар ҷаҳон каманд. Ба қариби Телевизиони марказӣ аз райони Панҷакент репортаже нишон дод. Зану бачаҳои хурдсолро дар сари кори тамоку дидем. Баъд аз ҳамон қадар бонги хатаре, ки рўзноманигорону адибон оиди зарари тамокукорӣ заданд, магар мардум чизе нафаҳмид, ки мо бачаҳоро дар сари тамокузор ё назди ҳамели баргҳои тамоку мебинем? Мардуми тоҷик хушфаҳм аст, зудфаҳм аст, вале маълум, ки дар ҷомеа мақсади зиндагӣ сахт таҳриф ёфта, ба ҷониби арзишҳои дурўғин тоб хўрдааст. Бузургтарин арзиш барои инсон сиҳатию бардавомии умр аст, вале ў имрўз барои пул на танҳо аз саломатии худ, балки сиҳатии бачаҳояшро дар хатар мегузорад.

Агар дар замонҳои қадим дар хонаи тоҷик бузургтарин чизи баарзиш китоб бошад, имрўз мошини сабукрав, телевизори ранга ё видеомагнитофон аст. Тоҷик дар замони қадим ба олитарин ва покизатарин идеали худ саҷда мекард, имрўз пайваста аз паи пулёбӣ ҷаҳду ҷадал мекунад. Албатта, қисме таъминанд, вале аксар барои таъмини оила тамоми вақти кориву беруназкории худро сарф намуда, ба китобхонӣ ва дигар шуғле, ки боиси инкишофи маънавии шахс мегардад вақт намеёбанд. Мо бояд ба бисёр суолҳо ҷавоб ёбем. Масалан, чаро дар соли 1988 музди моҳонаи колхозчӣ дар Иттифоқи Советӣ 167 сўм,  вале дар республикаи мо ҳамагӣ 142 сўмро ташкил кард. Чаро деҳкони тоҷик қариб тамоми сол заҳмат кашида, аз як замин баъзан ду-се бор ҳосил мегирифтаасту музди ў аз деҳқоне, ки дар минтақаҳои салқин танҳо як бор ҳосил мегирад, паст мешудааст?

Соли 1988 музди моҳонаи миёна дар хоҷагии халқи СССР 217 сўм буд, вале дар Тоҷикистон 166 сўму 60 тинро ташкил кард ва ҳатто барои ба музди миёнаи колхозчии СССР баробар шудани он чил тин нарасид.

Чаро дар мамлакат шумораи духтурон ба ҳисоби миёна ба ҳар даҳ ҳазор одам 42,7 нафар, вале дар Тоҷикистон 26,9 нафар асту мо дар ғами кушодани институти нави тиббӣ нестем?

Чаро соли 1986-87 миқдори хонандагони мактабҳои миёнаи махсуси техникӣ дар мамлакат ба ҳар даҳ ҳазор сари одам 159 нафар аст (таъкид мекунам дар Ўзбекистон – 171 нафар), вале дар Тоҷикистоне ҳамагӣ 86 нафар, вале мо барои кулан дигар кардани ин вазъият чӣ кардем? Ҷавононро ба омўзишгоҳҳои РСФСР ва дигар республикаҳо низ фиристодан лозим аст, вақте ки касбҳои нодирро аз худ мекунанду барои таълими онҳо мутахасис надорем. Вале барои кулли касбҳои коргарӣ, аз қабили рангмолу ҳарроту монанди онҳо онҳоро ба ҳазорҳо километр аз назорати падару модарон дур фиристодан магар фоидаовар аст? Мўҳтарам Осмонӣ! Шумо намедонед, ки баъзеи он бачаҳо танҳо нўҳ сўм стипендия гиранд ҳам ба шароб, банг ё сигоркашиву номаъкулиҳо дигар аз куҷо пул меёбанд.

Базеҳо чунин ақида доранд, ки мардуми деҳот аз чорводорию обчакориву боғдории шахсӣ даромади хубе мегирад. Вале тақсир, таҳлили пасандозҳои мардуми мамлакат нишон медиҳад, ки дар байни республикаҳои иттифоқӣ аз ҷиҳати ҳаҷми пасандоз мардуми Тоҷикистон дар ҷои охир қарор дорад. Кафши кўҳна кисаи сўрохам гувоҳ.

Маро аз ҳама зиёдтар масалаи мардуми бекор ба ташвиш меоварад. Осмонии азиз, бекорӣ танҳо бемашғулиятӣ ё худ бепулӣ нест. Бекорӣ марази сахтест, он муфтхўрӣ, савдогарӣ, дуздӣ, ҳаннотӣ, танбалӣ, фоҳишагӣ ва дигар нуқсҳои инсониро дар ҷомеа ривоҷ медиҳад. Бекорӣ тамоми ҳаёти ҷамъиятро ноҳамвор ва нороҳат мекунад. Як вақт қисме аз мардуми кўҳистонро ба водиҳо кўчонда буданд, ҳоло дар  водиҳо замини холӣ ба ғайри баъзе заминҳои навкорам боқӣ намондааст. Акнун мардумро ба ҷойҳои пешина ба ободкунии деҳаҳои матрук кўчонда истодаанд.

Тоҷикро дар заминҳои холи Россия ҳам кўчондан мумкин. Вале, тақсир, Шумо дар нақшаатон хеле пеш рафтаед ва мехоҳед, ки ба болои пиряхҳои Хирсону Федченко баъзе одамонро кўчонед, то ки дар он ҷо хирси сафедро парвариш карда ба зоопаркҳои дунё ба ивази тилло фурўшанд. Бо тоҷик ҳар кор кардан мумкин. Вале метарсам, ки рўзе ба ҷони тоҷик ҳамаи ин мерасад ва тоҷик ба аспи ғазаб савор мешавад, то к ибо онҳое ки то имрўз бо ў ҳар чӣ мекарданд, ў низ ҳар чӣ хоҳад бикунад.

Ва агар тоҷик ба аспи ғазаб савор шавад, тақсир, ўро аз ин аспи сабилмонда дер гоҳ фуровардан мушкил аст. Ҳо, ҳеле мушкил аст. Инро таърихи тўлонии шўришу исъёнҳои ў хеле хуб собит мекунад.

Бино бар ин, биёед тақсир, аҳд бандем, ки шумо ин нақшаҳоро накашидаеду ман нахондаам.

Бо камоли эҳтиром «Мулло Мушфиқӣ»
Котиб-ул-ҳуруф А.ИСТАД

13 июли соли 1989 ба идораи «Адабиёт ва санъат» барои чоп супорида шудааст. Ба мақолаи мошинкашуда ходими адабӣ ва мудири шўъба имзо гузоштаанд. Аммо сардабир н-д! навиштааст. Яъне «чоп нашавад!». Баъд ман ба ҷонишини сарвазир О.Латифӣ нома навиштам.

Мўҳтарам Отахон Латифӣ!

Диққати Шуморо ба чанд масълаи муҳими давлатӣ ҷалб кардан мехоҳам:

1.      Бекории ошкоро ҳасту бекории пинҳонӣ. Он рақаме, ки одатан оид ба бекорони республика ном мебаранд, ба бекории ошкоро тааллуқ дорад (яъне касе, ки дар кайди ягон корхона нест). Ба идораи омор (статистика) ва социологҳо фармон диҳед, ки теъдоди кормандони аз нафакаи минималӣ кам маошгирандагонро (бекории ниҳониро) ҳисоб ва тадқиқ кунанд. Зеро баъзе деҳотиён баъзан моҳе чанд тин ҳақ мегиранд. Бекории пинҳонӣ даҳшатноктар аст. Ман чунин меҳисобам, ки бе тадқиқи ҳамаҷониба ин масъала (бекории ниҳонӣ) концепцияи иқтисодии республикаро сохтан ғайриимкон аст.
2.      Хоҳиш мекунам, ки дар соҳаи сохтмони маданӣ бо ягон ташаббуси худ баромад кунед, зеро алакай баъзеҳо гуфта истодаанд, «Латифӣ ҳам пешинаҳо барин-ку!». Оё Совети вазирон вазоратҳои тобеашро маҷбур карда наметавонад, ки якҷоя барои ҳар як деҳа яктоӣ дўкони «китобу, рўзнома» созанд? Агар пул набошад, бо роҳи ҳашар сохтан мумкин аст! Чаро дар ҳалли ин масъала маблағи ҷамъияти бойтарин «Тоҷикматлубот»-ро, ки ҳар сол садҳо миллион сўмро ба ресторансозӣ сарф мекунад ва  миллиардер аст истифода бурдан ё ба зиммаи ў ин вазифаро вогузоштан мумкин нест? (Шумо хуб медонед, ки ба ғайри маркази районҳо ягон деҳаи Тоҷикистон дўкони китобу рўзномафурўшӣ надорад).
3.      Агар мо аз ҳоло, аввал қадам масъалаи ислоҳоти номҳои тоҷикиро ҳал накунем, масъалаи баргаштан ё барнагаштан ба ҳуруфи классикиро ҳал накунем, ҳар рўз лавҳаҳои идораву дўконҳоро дигар кардан мегирем. Номи ягон вазорати Шумо ва идораҳои тобеи он тоҷикӣ нест, тарҷумаи таҳтуллафзи русист. Ба ғайри ин идораҳое бисёранд, ки номашон даруни нохунак ба русӣ омадааст, аз қабили «Тоҷиквнешторг», «Ремстройдормаш» ва ғайра.

Барои ҳамаи инро ба тартиб овардан, ба мисли Ўзбекистон Кумитаи давлатии ислоҳоти ҷумҳурӣ ва ё чун Молдавия Маркази ислоҳоти назди Совети Вазиронро ташкил кардан зарур аст.

Масълаи хат бошад, мисли масълаи Қонуни забон муҳим аст. Инро мақолаи Шариф Шукуров «Хати тоҷикон» («Садои шарқ» №10) боз як бор исбот мекунад. Ҳукумат бояд фармоиш диҳад, ки Академия оид ба ин масъала маҷлиси забоншиносон, шарқшиносон, адибон, филологҳоро гузаронида масъаларо ҳамаҷониба муҳокима карда ба хулосаи қатъӣ биёяд, ки баргардем ё не?

Ин масъала бисёр касонро дар ҳаяҷон овардааст, зеро масъалаи нангу номус ҳам ҳаст. Умедворам оиди ин мактубе аз Шумо ба Академияи улум мерасад.

Бо салом, ихлосманди Шумо Адаш Истад
2/I/90

Ҷавоби О.Латифӣ таҳти раками 12/7-11 1 марти соли 1990 ба камина чунин аст ва хулосаро ба худи хонандаи мўҳтарам ҳавола мекунам.

Мўҳтарам АДАШ ИСТАД!

Номаи Шумо барои баррасӣ ва мулоҳиза ба вазорат ва муассисоти алоқаманд таҳти барномаи роҳбарияти Шўрои Вазирони ҷумҳурӣ фиристода шуд, ки дар асоси онҳо ҷавоб ба мактуби Шумо ин аст:

1.Аввал ин, ки теъдоди бекоронро мо ба бекорони ошкоро ва пинҳони тақсим накардаем ва чунин ақида дар бораи он, ки гўё мо дидаю дониста теъдоди ҳақиқии бекоронро дар ҷумҳурӣ пинҳон мекарда  бошем, ғалат аст.

Ба маълумоти Шумо расонда мешавад, ки мувофиқи маълумоти расмии Кумитаи давлатии меҳнат ва масъалаҳои социалии Тоҷикистон ба таърихи авали моҳи феврали соли ҷорӣ 270 ҳазор ба корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ ҷалб карда нашудаанд, ки 94 фоизи онҳо занҳоянд, ки машғули корҳои хона ва побанди тарбияи кўдаконашон мебошанд. Шумораи ҳақиқие, ки дар кори истеҳсолот машғул нестанд ва дар ҳақиқат муҳтоҷи кор мебошанд – 45-50 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Бояд таъкид кард, ки сарфи назар аз мавҷудияти бекорӣ II ҳазор ҷои кори холӣ дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла 8 ҳазор ҷои холӣ дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад. Ногуфта намонад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои ҳалли мусбати ин проблемаро ҷўён аст.

 Дар айни ҳол барои ҳарчи бештар таъмин намудани ҷои кор ба бекорон  Кумитаи давлатии меҳнат ва масъалаҳои социалӣ, Кумитаи давлатии плангузорӣ, Кумитаи давлатии агросаноатӣ, Академияи улуми Тоҷикистон бо ҳамроҳии Кумитаи давлатии меҳнат ва масъалаҳои социалии СССР машғули ҳалли ин масъала буда, дар назар дошта шудааст, ки дар оянда бояд қонуне қабул карда шавад, ки муваққатан, то ба кор таъмин шудани бекорон, аз тарафи давлат ба онҳо маош дода шавад.

Дар назар дошта шудааст, ки заҳмату меҳнати модарони серкўдак, чун кори наздиҳавлигӣ ҳисобида шуда ба онҳо маош таин карда шавад.

Ба ғайр аз он тағйири касбу ҳунаромўзӣ дар омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ низ пешбинӣ шудааст.

2.Ба вазъи I-уми моҳи январи соли  ҷорӣ систамаи «Тоҷикматлубот» ва вазорати алоқаи ҷумҳурӣ дорои 127 мағозаҳои махсуси китобфурўшӣ мебошад, ки 69 адади онҳо ва 88 дўкони ахбору маҷаллафурўшӣ дар деҳот воқеъ гардидаанд. Аз соли 1988 инҷониб дар мағозаҳои «Маводи зарурати рўзмарра» сохтани рафҳои фурўши китоб дар ҷараён аст.

Дар айни ҳол дар ташкилот ва муассисоти марбути «Тоҷикматлубот» 1000 шўъба ва рафҳои китобфурўшӣ мавҷуд буда, теъдоди онҳо то соли 1995 ба 3000 расонида мешавад. (Дар панҷ сол 2 ҳазор)

Илова ба ин ба раёсатҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҷумҳурӣ ҳидоят дода шудааст, ки дар тўли солҳои 1990-1995 боз 30 мағозаи фақат фурўши китоб бунёд намояд.

Дар барномаи дурнамои рушду такомули соҳаҳои марбути «Тоҷикматлубот» тавсеаи ҳарчи бештари сохтмони мағозаҳои китоб дар деҳот пешбинӣ шудааст.

3.Масъалаҳои ҳалли истилоҳу номҳои тоҷикӣ, тавсеаи омўзиши ҳуруфи классикӣ, лавҳаҳои идораву дўконҳо ва ғайра мутобиқи Қонуни забон ва қарори Шўрои Вазирон, ки татбиқи ҳар мода ва бахши ин ду ҳуҷҷат мувофиқи муддати муайяншуда, ки дар сесияи Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон 22 июли соли 1989 тасдиқ карда буд, сурат хоҳад гирифт.

Таъсиси Кумитаи истилоҳоти Академияи улуми Тоҷикистон дар ҷараён мебошад, ки аз ҷумла масъалаи зарурати баргаштан ва ё барнагаштан ба хатти классикиро ҳам таҳти баррасӣ хоҳад гирифт.

Бо эҳтиром
Ҷонишини Раиси Шўрои Вазирони
ҶШС Тоҷикистон                                                      О.ЛАТИФӢ

Моҳи январи соли 1989 ман ва шодравон Муҳаммадраҳими Сайдар мақолае навиштем таҳти унвони «Расмулхати бобоӣ – нури ба сари моӣ». Номаи зерини директори Институти забон А.Маниёзов чопи онро чанд моҳ боздошт ва вақте чоп шуд, ки Қонуни забонро Шўрои Олӣ тасдиқ карда ва чоп намуда буд.

Ба идораи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат».

Бо мақолаи рафиқон Адаш Истад ва Муҳаммадраҳим Сайдар шинос шудам. Масъалаи хеле муҳимро бардоштаанд. Ҳоло омўхтан ва ба хубӣ донистани алифбои арабиасоси тоҷикӣ яке аз вазифаҳои таъхирнопазири мост. Дар лоиҳаи Қонуни забон ҳам ба ин ҷиҳат моддаи махсус мавҷуд аст. Бинобар ин баъзе мушоҳидаҳои муаллифон дар ин бобат ба тариқи иштирок дар муҳокимаи  лоиҳа бисёр муҳим аст. Аммо табдили алифбо, дурустараш барқарор кардани расмулхати пешин аз имкон берун аст. Ба ин шакл ва ба ин маънӣ чопи мақоларо мувофиқи матлаб намедонам.

Бо эҳтиром,
А.Маниёзов
10.04.89

Комментариев нет: