воскресенье, 24 июня 2012 г.

Рисолати элита дар назди ватан ва миллат


Дар охири асри гузашта бахши бузурге аз элитаи тоҷик сиёсатро кори хоси мансабдорони баландмақом дониста худро аз сиёсат дур гирифта буд. Ҳатто дар  сўҳбатҳои хос ба овози паст «сиёсат – зани ҷалаб» мегуфтанд.

Ин канорагирӣ оқибатҳои баде барои ҷумҳурии навистиқлоли тоҷик пеш овард.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳатто дар замонҳои қадим чунин набуд. Адибону олимон мекўшиданд, ки дар давлат вазифаҳои баландро соҳиб шаванд ва давлатдориро ба меъёрҳои инсофу адолат мувофиқ кунанд.


Яке аз ин намояндаҳои адабиёти бостонии мо Заҳирии Самарқандӣ буд, ки доир ба идоракунии давлат ду рисолаи сиёси таълиф намудааст, ки яке аз онҳо то ба имрўз расидааст.

Пажўҳишгари асарҳои ин адиби номӣ Ҷумъабой Азизкулов оид ба аҳамияти бузурги осори Заҳирӣ рисолаву мақолаҳо навишта дар шаҳри Душанбе чоп карда буд. Аммо маҳалгароӣ чунон авҷ гирифта буд, ки дар Душанбе элита дигар асарҳои ҳаммаслакони худро намехонд.

Асарҳои адибони бузургамон аз ҷумла Заҳирии ба сиёсатноманависӣ асос гузошта ҳокӣ бар онанд, ки дар ҳаёти ҳар як миллат ба низом овардани корӣ давлатдорӣ вазифаи аз ҳама муҳимтарин аст.

«Аъроз-ас-сиёсат»-и Заҳирӣ соли 1971 дар Теҳрон нашр шуда бошад ҳам, тоҷикон онро чоп намекарданд, агар солҳои охир чоп карда бошанд, камина хабар надорам.

«Синдбоднома»-и Заҳирӣ низ кўшиши мардуми тоҷикро ба ҷаҳондонӣ ифода мекунад. Боз ба асарҳои Азизкулов муроҷиат кардан лозим аст, ки чаро ў «Синдбоднома»-ро низ асари сиёсӣ меномад. Чаро ин асар дар оғози шаклгирии давлатдории тоҷик пайдо шуд, пурра муайян накардаанд.

Пеш аз ин адиб Рўдакӣ «Синдбоднома»-и манзум навишта буд ва пас аз ў Абулфаворис Фанорўзии Самарқандӣ нусхаи насрии «Синдбоднома»-ро таълиф карда буд.

Дар замони Рўдакӣ ба забони паҳлавӣ асарҳои зиёде будаанд, аммо Рўдакӣ ба забони дарӣ ба назм овардани маҳз «Синдбоднома»-ро муҳимтар шуморидааст.

Агар бо кўмаки пажўҳишҳои Азизқулов «Синдбоднома»-ро бо диққат хонем, маълум мегардад, ки сардафтарони адабиёти мо чунин хулоса баровардаанд: «Синдбоднома» дар назди давлатдорон барои идора кардани давлат чунин шартҳо гузоштааст:
1.      Сардорони давлат бояд муҳимтарин соҳаҳои илмро донанд.
2.      Дар ҳар кор бо хирадмандону донишмандон маслиҳат кунанд.
3.      Одимони соҳифондешаву фарзона (яъне элитаи миллатро) ба мансабҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳо ҷалб кунанд.
4.      Дар масъалаҳои ҳаёту мамоти одамон шитоб накунанд.
5.      Вориси худро барои идораи давлат тайёр кунанд.
6.      Появу иқтидори давлатро дар адолат бидонанд (яъне додситониву додгоҳи одил).
7.      Ба қадри ходимони давлатӣ бирасанд.

Ҳамин тавр бузургони фарҳангамон бо таълифи асарҳои шавқовари зоҳиран оиди макри занон дар зимн давлатдоронро ба дуруст ба роҳ мондани низоми давлатдорӣ ташвиқ мекардаанд.

Мо  бошем то ҳанўз агар дар китоби ашъори Рўдакӣ ба байтҳои фачу лачи аз «Синдбоднома»-и манзум дар луғатҳо боқимонда дучор шавем, писханд мезанем, ки шоири бузурги мо бо ҳама фарзонагию донишмандӣ чаро инҳоро навиштааст.

Комментариев нет: