среда, 20 июня 2012 г.

Шоирӣ озодагист. Аммо озодагӣ чист?


Шоирони тоҷик дар асрҳои гузашта вазифаи шоириро аз чӣ иборат медонистанд, имрўз донистани мо аз ҳама заруртар аст. Зеро аз барҳам хўрдани низоми коммунистӣ бист сол сипарӣ шуда бошад ҳам ҳанўз дар назари аксари мардум шоир маддоҳу тарғибгари идеологияи ҳоким аст.

Чанд рўз пеш нашриёти «Ўзбекистон миллий энциклопедияси» (Тошканд) рисолаи илмии доктори илмҳои филология Садри Саъдиев «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих»-ро чоп кард, ки бояд сарусадое дар Тоҷикистон барпо кунад, чун ба бисёр хулосаҳои пешинаи адабиётшиносони тоҷик нисбати ин минтақа зарба мезанад.  Махсусан ба хулосаҳои илмии академик А.Мирзоев.

Адабиётшиноси машҳури тоҷик Садри Саъдиев имрўзҳо 75-солагии худро ҷашн мегирад, ки самимона табрик мекунем.

Аммо ҳоло барои мо фаҳмидани он чиз муҳимтар аст, ки дар замони нобасомониҳои зиёди сиёсиву иқтисодии асрҳои пешин шоирони мо чӣ гуна рафтор кардаанд.

Ба ин хотир аз ин китоб як пораи хурдеро манзуратон мекунам, то ки ба маънои озодагӣ бештар сарфаҳм равед.

Аҳволи зиндагии аҳ ли адаб хусусан дар шароити тоқатфарсои нимаи дуввуми қарни XVII, дар замони авҷи низову кашмакашиҳои хунини байни синфи ҳукмрон, харобию хушксолиҳо ва гуруснагиҳои тўлонии оммавӣ боз бештар вазнин шуд. Азбаски зиёни офатҳои даврон аз ҳама бештар ба Самарқанд ва мардуми он расида буд, аҳли адаби он ба ҳоли ҳузнангез афтода, аксаран дар фақру масканат мезистанд. Усрату қаҳтию гуруснагиҳое, ки бинобар тасреҳи Малеҳо 20 сол то таълифи тазкираи ў, яъне то соли 1688 ва баъд аз он низ давом кардааст, аҳли фазлу адаби Самарқандро аз як тараф беҳолу бемадор карда бошад, аз тарафи дигар онҳоро дар ҳоли басаранҷомии парешонӣ андохтааст. Бисёре аз онҳо барои наҷоти худ аз ин вазъи ҳалокатовар тарки ватан ва хонумон карда, ба Бухоро, Балх, Ҳиндустон ва ҷойҳои диггар рафта, маскан гирифтаанд. Гурўҳи дигар ҳам ҳамроҳи қаландарон ё танҳо зиндагии хонабардўшона ва ҷаҳонгардиро пеш гирифтаанд. Онҳое ки зиндагиро дар ватан идома додаанд, гирифтори машаққатҳо гирдида, ҳатто баъзе аз гуруснагӣ талаф шудаанд.

Малеҳо дар зикри бисёр шоирон ба машаққати зиндагӣ ва тангии маишати онҳо ишораҳо карда, харобию ҳузнангезии аҳволт баъзе аз онҳоро махсусан ва батафсил баён кардааст. Чунончӣ аз аҳволи шоири маъруф Мумтози Самарқандӣ нақл карда навиштааст, ки ў дар он ҳама сахтию қаҳтию гуруснагиҳое, ки дар давоми 20 соли охир ба сари мардуми Самарқанду Бухоро омад, ба касе илтиҷо набурд ва ба сари ғайрат нишаста бо суръати тамом шабу рўз ба нусхабардории китобҳо машғул шуд, то ба ин восита қуте ба даст орад ва аз гуруснагӣ ҳалок нашавад. Дар натиҷа ба нури чашми ў футур расида, аз нобиноӣ гўшанишин шудааст (54, 450). Ин танҳо як лавҳае аз ҳаёти ғамангез ва пурмашаққати аҳли адаби Мовароуннаҳри охирҳои асри XVII мебошад.

Дар шароите, ки ҳунари шоирӣ харидор надошта ва аз тарафи дигар иштиғол ба касбу ҳирфа низ зиндагиро таъмин карда наметавонист, барои аҳли адаб ба ҷуз қанноат ва созиш бо бечорагию бенавоӣ дигар ҷорае набуд. Бинобар ин аксари шоирон қаноатро пеша карда ва аз орзую ҳавасҳои зиндагӣ даргузашта, ба бенавоӣ ва нокомию номуродӣ сохта буданд. Ба онҳо ҳирсу тамаи шорони дарбор тамоман бегона буд. Қаноатпешагӣ ва бо «лаби ноне» кифоя карда, ба аҳли дунё, яъне ҳукуматдорон ва соҳибони ҷоҳу сарват ҳоҷат набурдан ба тариқаи зиндагӣ ва дастури ахлоқии аҳли адаби доираҳои шаҳр табдил ёфта буд. Ин ҷо сухан дар бораи шоирони қаландар ва дарвешвазъ намеравад, ки онҳо мувофиқи сулуки худ умуман, тарки алоиқи дунявӣ намуда, зиндагии муҷаррадона ва бенавоёнарро ихтииёр карда буданд. Манзур шоирони дунявӣ ва бо сулуки дарвешӣ беалоқае мебошанд, ки қаноаткорӣ ва озодагиро тариқаи зиндагии худ қарор дода буданд.

Чунин шоирони қонеъ ва озодваш фақат дар асри XVII пайдо нашудаанд. Онҳоро дар байни шоирони қарни XVI ҳам дучор мекунем. Мугрибӣ дар зикри чанде шоирон аз тариқаи қаноат ва озодагии онҳо сухан ба миён овардааст. Чунончӣ дар бораи Лиқоии Самарқандӣ, ки аз широни маъруфи он давр мебошад, навиштааст, ки ў «тариқаи қаноатро паймуда, аз ҳирс иҷтиноб менамуд» (106, 446), дар хусуси Фигории Самарқандӣ «аладдавом дар кисвати озодагӣ сулук намудан»-и ин шоири номиро низ таъкид кардааст (106, 571). Бинобар зикри тазкииранавис шоир Хаттии Самарқандӣ ҳам «бисёр марди озодаи фақири номурод» будааст (106, 490).

Чунин шоирони қаноатпешаю озода хусусан дар нимаи дуввуми қарни XVII вобаста ба шароити ниҳоят вазнини Мовароуннаҳр хеле афзуда, ҳатто гуфтан мумкин аст, ки аксари аҳли адаби ин даврро ташкил кардаанд. Малеҳо аз хусуси қаноатпешагию озодагӣ ва истиғнои бисёр шоирон сухан ронда, ин фазилати ахлоқии онҳоро бо ситоиш ёдовар шудааст. Ў инчунин доир ба сулуки қаноаткорию озодагии шоирони замонаш нақлҳои ҷолибе кардааст. Нақли ў аз ҷумла доир ба озодагию истиғнои яке аз шоирони намоёни Самарқанд Ҳоҷӣ Яҳёи Иштихонӣ мисли достонест. Вақте ки шоир дар роҳи ҳаҷ ба Ҳиндустон меояд, аз бими он ки мабодо ўро тамаъкор гумон карда, ҳадяе бидиҳанд, хилофи расму таомули он кишвар ба мулоқоти подшоҳ ва умаро намеравад. Аммо дар бозгашти ў аз ҳаҷ подшоҳи Ҳиндустон ва бузургони давлати ў аз озодаманишӣ ва ҳимматбаландию истиғнопешагии шоири Мовароуннаҳр воқиф гардида, ҳама орзуи мулоқоту сўҳбаташ мекунанд ва ҳадяҳое ба ў мефиристанд. Вале Ҳоҷӣ Яҳё ба онҳо эътиное  накарда, ба ватанаш бармегардад. Малеҳо дар охири нақлаш таъкид кардааст, ки аз истиғною озодагии Ҳоҷӣ Яҳё «алвақт дар Ҳиндустон ёддоштҳост» (54, 592).

Нақли Малеҳо дар бораи Мулло Обиди Мумтоз, ки пеш аз ин мазкур гардид, барои тасдиқи озодагию қаноатпешагии ин шоир оварда шудааст. Маҳаммадамин Сарафроз ҳам дар истиғною озодагӣ шўҳрат дошта. Малеҳо ўро ба ҳамин сифати наҷибаш сутуда навиштааст, ки ў «мутафаррид дар истиғно чунон аст, ки дар бисёр умри худ ба касе кам ҳоҷат бурда, гумон аст аз ошноён чизи дилхоҳе ва хотирҷусте гирифта бошад, магар ба васотат» (54, 288).

Муаллифи «Убайдуллонома» Фитрати Зардўзро низ бо ҳамин фазилати ахлоқии ў ситоишкунон навиштааст, ки «ба рафту омад ба дарбори подшоҳ ва хонаи умаро камтар саъй карда, бо рўзии андак, ки тавассути ҳунари зардўзии худ ба даст меоварад, қаноат менамояд» (56, 274).

Қаноату таваккул, озодагию бетаалуқӣ дар байни аҳлу адаб хеле маъмул гардида буд. Шоирӣ на танҳо рамзи фақирию бенавоӣ, балки озодагию бетаалуқӣ гардида буд. Қаноатпешагию истиғнои ин тоифа чунон маъмул ва муқарар буд, ки Малеҳо онҳоро қариб ҳамеша ба чифати озодагон ном бурда, дар бисёр мавридҳо калимаи «озода»-ро ба ҷои «шоир» кор фармудааст.

Шоирон дар ҳоли муҳтоҷӣ мезиста бошанд ҳам, вале қашшоқию гуруснагиро аз илтиҷо ва ҳоҷат бурдан ба соҳибони давлату сарват, бенавоии озодонаро аз сар хам кардан дар пеши ин тоифа ва  миннат кашидан аз онҳо авлотар медонистанд. Онҳо аз қамбағалию бечорагии озодона ва бетаалуқии худ ифтихор дошта, онро дар ашъорашон пайваста тараннум мекарданд. Васфи қаноату истиғно, озодагию бетааллуқӣ, парҳез аз ҳоҷат бурдан ба дунёдорон дар эҷодиёти шоирони давр мавқеи калон пайдо кардааст.

Қувват гирифтани чунин оҳангҳо дар шеъри ин давр аз таъсири тариқати нақшбандия ва таълимоти дарвешии он холӣ нест. Дар Мовароуннаҳр нуфузи нақшбандия ва таълимоти он дар тамоми риштаҳои ҳаёти маънавӣ, хусусан дар адабиёт торафт зиёдтар мегардад. Вай на танҳо тарзи зиндагии қаноаткорона ва озоду боистиғнои бештари аҳли адабро муайян кард, балки ба ахлоқу ҷаҳонбинии онҳо низ таъсири амиқ гузошт. Аз ҷумла вусъати ситоишу тарғиби қаноат, озодагию бетааллуқӣ дар шеъри ин давр аз таъсири бевоситаи таълимоти нақшбандия ва умуман тасаввуф аст.

Байти «Дар забони миллати ман ишқ ин озодагист, ҳар касе ошиқ набошад одами озода нест» аз суруди машҳури машҳури Ҷўрабеки Мурод таъкид ба ишқӣ ирфонист на ишқи заминӣ. Зери вожаи озодагӣ аҳли илму адаби замонҳои гузашта чиро дар назар доштанд, имрўз донистани мо хеле муҳим аст.

Дар замони шўравӣ аксарияти кулли мардум ба як навъ ғуломони низоми коммунистӣ мубаддал шуда буданд.

Фаҳмидани озодагии ниёгон ба мо имкон хоҳад дод, к ибо дили пур аз ифтихор аз ин шоирони озода гоме ба сўи ҷамъияти озод гузорем.

Комментариев нет: