четверг, 14 июня 2012 г.

Яке аз шартҳои асосии миллатшавӣ


Густариши забони умумимиллии гуфторӣ яке аз шартҳои асосии миллатшавист. Як забони нимаадабии шифоҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе солҳои 80-90 асри гузашта қариб шакл гифта буд.

Дар ҳама кишварҳо забони умумимиллии гуфторӣ дар пойтахтҳо ба вуҷуд омада  ба тамоми шаҳру навоҳии он кишварҳо паҳн мешавад. Агар намояндаҳои ҳар як ноҳия ба шаҳри Душанбе омада ҳама  ба шеваи маҳалли худ ҳарф задан гиранд, миллат ҳеҷ гоҳ шакл нахоҳад гирифт.


Чанд сол пеш дар Душанбе анҷумани ҷашнии Иттиҳодияи адибон баргузор шуда буд. Аз Самарқанд профессор Аслиддин Қамарзода ва камина даъват шуда будем. Дар Душанбе рузе ҳар ду ба микроавтобусе нишаста ба ҷониби маркази шаҳр мерафтем, то дар маъракае ширкат кунем.

Профессор эътибор дод, ки ҳар каси аз микроавтобус нияти фуромадан дошта ба ронанда «Мануш бикун» мегўяд. Аз ман суол кард, ки шакли дурусти ин чӣ бошад, чун ба гўши мардуми тарафҳои мо хандаовар менамояд.

Дар Самарқанд, ки замоне забони гуфторӣ зери таъсири забони мадрасаҳои машҳураш қарор дошт, мошинро боздоштанӣ шаванд, кўтоҳак «Исто ё истед» мегўянд. «Мошина нигоҳ доред» низ мегўянд. Аммо ҳаргиз калимаи арабии «манъ»-ро дар ин сурат кор намефармоянд. Аммо шакли дурусти адабиаш – «Биист» ё «Боздор».

Ҳамаи инро бо овози баланд мегуфтам, то ки салони пури одам низ шунавад.

Афсўс, ки ба касе таъсир накард ва аз Қазоқон то Фарҳангистони улум ҳар касе, ки фуромадан мехост, ба ронанда «Мануш бикун» мегуфт. Вакте ки бори 12-ум садо дод, Аслиддин Қамарзода ба рўи ман нигоҳ карда гуфт: - Мо магар бо ин сурат одам мешавем?
Ман гуфтам: - Одамем, аммо агар вазъ тағийр наёбад, ҳаргиз миллат намешавем.

Мо як забони умумимилии гуфторӣ дорем, ки ҳатто барояшон душвор бошад ҳам шуғниву вахониву яғнобиву ишкошимиву ва ғайраҳо риоя мекунанд. Аммо онҳое, ки ҳамин ҳақиқати оддиро фаҳмидан намеҳоҳанд, ҳаргиз миллат намешаванд.

Забони таълим дар мадрасаҳои кўҳнаи мо форсии адабӣ буд. Тарғибгарони ин форсии адабӣ мударрисону талабагони он мадрасаҳои динӣ буданд. Вақте ки ягон рўҳонӣ дар мадрасаи динӣ таълим гирифта сухан мекунад, ҳама бо роҳатӣ гуфтаҳои ўро мефахманд ва боре нашудааст, ки касе маънои ягон калимаро аз ў бипурсад. Дар ҳоле ки муллоҳои таълимдида сад дар сад ба забони адабии гуфторӣ ҳарф мезананд.

Дар замонҳои қадим низ чунин будааст. Вақте ки Зайниддини Восифӣ аз Эрон ба Самарқанд омада дар масҷиди ҷомеи он вазъхонӣ кардааст, аз хосу ом касе напурсидааст, ки ин як вожае, ки талаффуз кардед, чӣ маъно дорад.

Ҳоло дар Тоҷикистон як раванди хатарноке мушоҳида мешавад, ки гўё мо агар дар забони худ вожаҳои ба эрониён нофаҳморо зиёдтар кор фармоем, ҳамон қадар вижагию бартарии забони тоҷикиро таъкид хоҳем кард.

Як профессори эрони бист сол қабл дар Академия чанд маърўза хонд. Ў ба шеваи теҳронӣ хеле тез гап мезад, ки фаҳмидани моро душвор мекард.

Ман ба ў эрод гирифтам, ки «мо як забони адабии гуфторӣ дорем». Ў хатои худро зуд ислоҳ намуд ва маърўзаҳои илмии ўро минбаъд ба роҳатӣ шунида будем.

Акнун бояд биандешем, ки сабаби чунин иллат чист ва роҳи ислоҳи он кадом аст?

Сабаб маълум аст: Якум, дар пойтахт зиёд шудани теъдоди мардуми омию деҳотӣ, дуюм адами ифтихор аз забони адабии тоҷикӣ. Дар ҳоле, ки чунин ифтихор нест, ҷои холиро ифтихори дигар ифтихор аз маҳалли худ ва шеваи маҳаллӣ пур мекунад.

Пас бояд чора андешид, ки дар дилҳои навшаҳриён чунин ифтихор пайдо шавад. Пойтахт оҳангархонаи миллатсозист. Миллатсозӣ бошад кори хеле мураккаб аст. Дар ин бобат пойтахт, муассисаҳо ва миру шаҳрдории он бояд вазифаҳои мушаххас дошта бошанд.

1 комментарий:

Alexander комментирует...

Tajikistan: Language and Nation-Building

Blogger Adash Istad ponders [tj] the importance of a common vernacular language in the process of nation-building in Tajikistan. The author writes: “We have a national spoken language [which all groups in the country should be able to speak]. Those who do not want to understand this simple truth will never become part of the nation”.

http://globalvoicesonline.org/2012/06/16/tajikistan-language-and-nation-building/