пятница, 8 июня 2012 г.

Менталитети тоҷикӣ


Посух ба суоли Далер Ғуфронов аз маҷаллаи «Элита»

Менталитет маъноҳои фалсафӣ, равоншиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ дошта бо тобишҳои гуногун талқин мешавад. Аммо дар маънои асл ҷаҳонбинии сифатан баландро гўянд.

Сиёсатбозон демократия ва тарзи иқтисодиёти аврупоӣ ё худ ғарбӣ ба менталитети мардуми кишвари мо мувофиқ нест гуфта ноўҳдабароии худро дар замони оқибмонии устувор кардани арзишҳои демократӣ ва иқтисоди пешрафта рўпўш мекунанд. Ин ҳолатро дар бисёр кишварҳои ғайриаврупоӣ мушоҳида кардаанд.

Дар ин бобат фикри Шумо сад дар сад росту дуруст аст. Дар ин ҳолат мо беқурб кардани вожаи менталитетро равшан мебинем. Менталитет сифатҳои волои ҳар як миллат аст.

Ин сифатҳои воло бар ҳар як миллат имкон медиҳад, ки ҷомеаи беҳтарини демократии худро созад, ба пешрафти иқтисодии кишвари худ ноил шавад.

Менталитети тоҷикӣ гарчанд решаҳои бостонӣ дорад, аммо шаклу мазмуни пурраи худро соҳиб нашудааст.

Мо тоҷикон худро ориёнажод ва меросхўри Ибни Сино ҳисобида мушт ба сиина кўбем ҳам то ҳол ягон бренд надорем, ки аз рўи он моро дар ҷаҳон шиносанд. Аммо ягон автомобили нави ҷаҳоншумул истеҳсол карда натавонем ҳам, метавонем, ки илми тиббӣ худро ба дараҷаи ҷаҳонӣ боло бардорем, санаторияҳои дар ҷаҳон машҳур дошта бошем.

Ҳоло дар Ғарб эрониҳо табибони номианд. Дар Эрон низ илми тиб хеле пешрафт кардааст ва ҳатто Русияву Аврупоро оқиб гузоштааст.

Мо бояд низоми таълими ин соҳаро тамоман дигар кунем, ба Тоҷикистон беҳтарин профессорони соҳаро даъват намоем. Ва баъди панҷ-шаш сол донишгоҳи тиббӣ чунин докторҳои боистеъдоду пурдонро хоҳад дод. Ва ин соҳа бренди Тоҷикистон шуда метавонад.

Соҳаи санъати амалии мардумӣ низ як ҷузъи менталитет аст. Бубинед, ки устоҳои тоҷик чӣ қадар корҳои назаррас карданд. Ин авҷи кандакорию гачкорию наққошии миллӣ магар пеш аз ин дар иморатҳои нави Душанбе мушоҳида шуда буд? Магар чунин корҳо дар дигар кишварҳо ҳастанд?

Ин аст бренди тоҷикӣ дар асоси менталитети миллӣ.

Русия балети Театри Калони Маскавро бренди худ меҳисобад, яъне ҳунар низ бренд шуда метавонад.

Мо бо Эрон мероси мадании муштарак дорем. Қолинбофии миллӣ дар Эрон боқист, он бренди асосии ин кишвар аст ва ҳар сол садҳо миллионҳо доллар даромад меорад. Аммо ин ҳунар дар байни мардуми мо ба сабабҳои таърихӣ аз байн рафтааст. Эҳёи ин намуди ҳунари мардумӣ бояд аз вазифаҳои асосии давлат гардад.

Ва ин низ як роҳи истифодаи менталитети миллӣ барои пешрафти иқтисодии кишвар мебошад.

Баъзан мешунавам, ки клипҳои мусиқии сабуки Ғарб хилофи менталитети тоҷикист.

Чунин тарзи фикрронӣ ба он оварда расонд, ки тоҷикон ҳоло ягон клипи дурусте надоранд, ки мусиқии попи тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ намояндагӣ кунад.

Вақте ки эрониҳои муқими Ғарб дар заминаи мусиқии миллӣ клипҳои хуб месозанд, масалан Ораш, чаро мо бояд танҳо тамошобин бошем? Ҳамкории озариҳоро бо Ораш дар мусобиқаи Евровидение ба ёд оред, ки натиҷаи хубе дода буд.

Клип низ бренд шуда метавонад ва клипҳое ҳастанд, ки дар як сол зиёда аз як миллиард доллар даромад меоранд.

Брендҳои меросӣ низ дорем, масалан зотӣ гўсфанди ҳисорӣ.

Аммо косаву чумчаҳои чўбине, ки (ана гигиенаи муосир!) дар идҳо намоиш медиҳанд, ба менталитет чӣ пайванде доранд? Менталитет ҷаҳонбинии сифатан баланд аст, на оқибмонда. Беҳтар буд, агар ба ҷои он маҳсулоти кулолиро намоиш медоданд.

Яъне мардуми мо метавонад дар ҷаҳон зуд шўҳрат ёбад, агар брендро ба заминаи менталитети худ устувор кунад. Агар ин тавр нашавад, барои ташкили ҳар як бренд камаш як миллиард доллар инвестисия ва вақти зиёд лозим мешавад.

Ман дар боло таъкид кардам, ки менталитет як чизи шахшуда нест. Масалан ҳоло ба мактаби митроизм, ки эҷоди ниёгони мост, тамоман эътибор намедиҳанд. Ҳол он ки Ғарб дар асоси ин мафкура ба пешрафти бузург расида буд.

Агар мо ин мероси ниёгонро пушти по занем, талаботи мактаби митроӣ – ҳафт зинаи камолоти инсонро дар низоми маорифи халқ устувор карда натавонем, боз ҳам менталитети миллиро аз решаҳои аслии он фарсахҳо дур хоҳем кард. Бубинед, то ҳанўз дар байни зиёиёни мо баҳсест, ки дар асл фалсафаи Наврўз аз чӣ иборат аст?

Ҳатто журналистон аз ман суол мекунанд. Охир хеле пеш ман дар блоги худ Герби шердор решаҳои митроӣ доштани Наврўзро навишта будам.

Наврўз дар асл покшавии зоҳирӣ ва ботинии инсон дар сари соли нав аст. Хонатаконии як рўз пеш ва ғусли мардум дар шаби Наврўз дар канори рўди Оби раҳмати Самарқанд аз ин бозмондаҳост. Маросими чоршанбесурӣ, гулобпошӣ, нофафирист низ.

Агар рўзноманигорони тоҷик ба тариқи «Чӣ мегўӣ? Порсола» ҳар сол ҳамон мақолаҳоро оиди Наврўз навиштан гиранд, ин ҷашни покизагию покниҳодиро аз маънои аслии он хеле дур хоҳанд кард ва ба менталитет зарари калон хоҳанд овард.

Ба сарвари нашрияи «Элита» ташаккур мегўям барои ин суоли хуб.

Комментариев нет: