суббота, 2 июня 2012 г.

Миллат чист ва киро метавон ҳаммиллат номид?


Пеш аз ҳама бояд равшан кунем, ки мафҳуми миллат кай дар сарзамини мо пайдо шуд. Ҷои дигар чи маъноҳо дошт намедонам, аммо аз куҳансолоне, ки дар замони Русияи подшоҳӣ ҷавониашон сипари шудааст, шунидаам, ки «миллати мо мусулмон аст, забонамон – форсӣ, аз қавми тоҷикем».

Забон қавм, яъне мардумро муайян мекардааст.

Эҳтимол иделогҳои замони пеш аз шўравии капиталистӣ вожаи миллатро ба маънои этнос, яъне қавм ихтисос додаанд. Ва дар матбуоти шўравӣ низ ба ҳамин маъно истифода мекарданд.

Касе аз хомабадастон байни мардум, қавм ва миллат фарқе намегузошт. Агар баҳсе шавад, худи камина иброз медоштам, ки мафҳуми миллатро буржуазия ба вуҷуд овард, то ки зери шиори манофеи миллӣ на капиталистони бегона, балки танҳо худаш ба сарватҳои кишвар соҳиб шавад. Ба ин сабаб сарватмандони ҳар як кишвар ба кўмаки фарҳанги миллӣ (масалан Третьяков) маблағҳои калонро хайрия мекарданд.

Аммо дар сад соли охир ҳам капитализм дигар шудаасту ҳам капиталист.

Капиталистони нави Русия қасрҳои худро асосан дар Лондону Амрико месозанд, бачаҳои худро дар шаҳру кишварҳои Ғарб таълим медиҳанд, пулҳои худро ба бонкҳои хориҷӣ месупоранд.

Буржуазияи муосир миллат надорад, манофеи миллат чист намедонад ва донистан ҳам намехоҳад.  

Солҳои 1995-2000 аз рўи тақозои вазифаи рўзноманигориам дар маҷлисҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоят иштирок мекардам, ки ҳафтае як бор баргузор мешуд. Ягон бор мушоҳида накардаам, ки соҳиби ягон корхона бо ихтиёри худ ба ягон муассисаи фарҳангӣ ё таълимӣ кўмак карда бошад. Доимо ҳоким онҳоро маҷбур мекард, ки ин амали хайрро кунанд. Ҳоло ҳастанд чанд нафаре, ки ин амалро ихтиёрӣ мекунанд, аммо ин кори онҳо ба ҳисси миллиашон алақае надорад.

Дар байни рўшанфикрон ақидаи дурусте мавҷуд, ки миллат танҳо қисми бофарҳанги ҳар як қавм ё мардум аст.

Бофарҳанг будан яъне соҳиби маданияти баланди инсонӣ будан аст, ки ахлоқи хамида асоси онро ташкил мекунад.

Баъзе блогнависон аз рафтори бади ҳамқавмони тоҷики худ нигаронанд. Дар Интернет хондам, ки навиштаанд, миллати тоҷик фалон, беҳмадон.

Агар шумо – мардикорони ба дараҷаи люмпен поин омадаро ҳаммиллати худ шуморед, ин хатост.

Фоҳиша, дузд ва дигар унсури ҷинояткору бадахлоқ бо шумо ҳамқавм буда метавонад, аммо ҳаммиллат нест.

Дар замони тошўравӣ низ чунин фарқгузорӣ дар кишварамон вуҷуд доштааст. Агар омӣ бо ягон мулло ё муаллим ҷанҷол кунад, қозӣ чизе напурсида омиро ҷазо медодааст.

Афсўс, ки баъзе хомаронҳо ҳанўз ҳам аз «камбағали айб нест, ҳама баробаранд» барин қолабҳои фикрии идеологияи шўравӣ халос нашудаанд.

Дар забони русӣ ҳаммиллатро чӣ мегўянд? Соплеменник ё сонациональ?

Соплеменник аз племя яъне қабила сохта шудааст. Русизабонҳо агар оид ба ҳаммиллатони мо муроҷиат карданӣ шаванд, «Ваши соплеменники…» гўён суханро сар мекунанд.

Дар бисёр кишварҳо дар шиносномаҳо ҷое, ки миллат бояд навишта шавад, шаҳрванди ҳамон кишварро менависанд, на тааллукоти қавмиро.

Чӣ хеле, ки дар забони русӣ байни нация ва национальность тафовут вуҷуд дорад, мо низ бояд дар графаи шиносномаҳо миллат неву шаҳрванд ё ягон чизи дигар нависем, ки шаҳрвандиро ифода кунад, на тааллуқоти қавмиро.

Оё метавон маҳалгароро ҳаммиллат номид?

Маҳалгаро ҳаммиллат шуда наметавонад, ба он далел, ки худро ҷузъи як миллати том ҳисоб намекунад ва манофеи маҳаллиро аз манофеи умумимиллӣ боло мегузорад.

Хулас аз сокинони ҳар кишвар қисми бофаросату бофарҳанги онро миллат меноманд.

Аносири ҷиноӣ, бадахлоқи қавми тоҷик ҳақ надорад худро бо устод Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳаммиллат ҳисоб кунад. Эталони миллии тоҷикро чунин бузургмардон таъин намудаанд.

Вожаи «миллӣ» ба маънои давлат низ истифода мешавад. Масалан дар ибораи бонки миллӣ ҳамин маъноро дорад.

Пешрафти ҳар як кишвар ба он вобаста аст, ки қишри миллатшудаи мардум бар миллатнашуда афзалияту бартарии зиёде дошта бошад.

Дар  Аврупо қишри миллатшудаи мардуми ҳар як кишвар зиёдтар аст, нисбат ба кишварҳои собиқи шўравӣ.

Дар замонҳои шўравӣ низ дар ҷумҳуриҳои аврупоии Иттифоқи шўравӣ худшиносии миллӣ зиёдтар буд, нисбат ба Тоҷикистон. Дар он мамлакатҳо санъати театр, синамо, мусиқӣ, меъморӣ хеле пеш рафта буд.

Арманиву гурҷӣ он тараф истанд, мо тоҷикон ба озариҳои мисли худамон мусалмон расида наметавонистем. Ба ғайри экраникунонии «Шоҳнома» синамои тоҷик дар кинои мустанад пешрафте дошт, аммо воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ идомаи онро барҳадар кард.

Миллатсозӣ кори муҳими ҳар як давлати миллист, чун ин кор маънавияту ахлокӣ ҷомеаро ба дараҷаи сифатан нав боло бардошта барои рушди иқтисодиву фарҳангии мардум шароити беҳтаре ба вуҷуд меорад. Давлат бояд дар ин боб барномаҳои аниқ дошта бошад.

Аммо дар навбати аввал мо бояд мактаби таълими ҳамагониро дигар кунем. Оиди он ки мактаб бояд чӣ гуна бошад дар блоги камина мақолаҳо ҳастанд.

Ин масъаларо ҳамту ба ҳоли худ гузоштан, гуфтан, ки бо мурури солҳо мардум «бомаърифаттар шудан мегиранд чун телевизион ва интернет дар густариш аст» хатарнок аст.

Миллатнашуда одами хатарнок аст. Ҳамин гуна миллатнашуудаҳо буданд, ки бозичаи дасти гурўҳҳои ифротии дарунӣ ё хориҷӣ шуда дар Тоҷикистон хунрезиҳо карданд. Онҳоро ба мақсадҳои нопок боз истифода карданашон мумкин. Ба ин сабаб тамоми қишри миллатшудаи ҷомеа бояд ба миллат шудани миллатнашудаҳо бикўшанд.

Албатта дар ин бобат омўзгорон, адибону донишмандон вазифаҳои бузурге бар дўш доранд.

Комментариев нет: