суббота, 25 февраля 2012 г.

Марди озодандеш


Ҳамсояи ман – Облоқул Ҷумъаев 75 - сола шуд

Ў 25 феврели сои 1937 дар хонаводаи Ҷумъабой Рофеев, ки соли 1942 аз фронт ҷароҳати вазнин бардошта буд, зода шудааст. Модараш Ғаффорова Хайринисо низ ҳамроҳи шавҳари майюбаш дар колхоз кор мекард. Онҳо чор писару як духтар доштанд, ки фарзанди калонӣ ҳамин Облоқул буд. Падари Облоқул асосан зингар буд ва дар гузари Зингарони Самарқанд зиндагӣ мекард. Аммо бо дигар шудани замона ва кам шудани теъдоди асп зингарӣ низ касод шуд ва  ў ба деҳаи Боғитилло кўчида омад, ки дар  ин ҷо бо кишоварзӣ рўз гузаронад.

Облоқул Ҷумаъев соли 1953 синфи ҳафтуми мактаби рақами 41-и ноҳияи Самарқанд, баъд мактаби миёнаи рақами 21-ро соли 1955, соли 1957 бошад техникуми индустриалиро бо ихтисоси механики саноати равған хатм мекунад. Соли 1957 ўро ба корхонаи поккории равғани Конибодом ба вазифаи устои смена даъват карданд. Баъди чанд моҳ ўро ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Шўравӣ даъват карданд. Дар флоти ҳарбии баҳрӣ хизмати се соларо адо мекунад. Баъд ба Душанбе меояд, ки дар ин ҷо сохтмони Масложиркомбинат шурўъ шуда буд ва ба чунин соҳибони касб эҳтиёҷ зиёд буд. Ин ҷо корро аз челонгарӣ сар мекунад. Роҳбарони онвақта хеле боинсоф будаанд, маҳорати баланди ўро мушоҳида карда дар тўли як сол аввал сардори гўрўҳи пайвандгарҳо баъд прораби Союзстроймонтаж таъин намуданд ва масъулияти бунёди Масложиркомбинат пурра ба зиммаи ў гузошта шуд.

Соли 1965 сохтмони ин комбинат ба охир расид ва соли 1966 ў ба сохмони Заводи яхдонсозӣ гузашт. Дар ин сохтмон низ прораб буд ва дар се сол корхонаро ба истифода супорид, ки яхдонҳои «Помир»-и он дар Иттиҳоди Шўравӣ шўҳрати зиёде дошт. Облоқул аз соли 1967 то соли 1969 прораби сохтмони корхонаи консерваи Панҷакент буд. Баъди соли 1969 ба зодгоҳаш ба Самарқанд бармегардад ва сохтмони бемористони ноҳияи Самарқандро бар ўҳда мегирад. Ин ҷо низ прораби сохтмон буд ва кордонии ўро сардутур Музаффара Абдуллоева мушоҳида карда хоҳиш мекунад, ки корҳои техникии бемористонро ба ўҳда гирад.

Ҳамин тавр ў то соли 1997 дар он ҷо меҳнат карда ба нафақаи меҳнатӣ мебарояд.

Облоқул Ҷумъаев соли 1960 ба шўъбаи шабонаи сохтмонии иншооти саноатӣ ва шаҳрванди Донишкадаи политехники Тоҷикистон дохил мешавад. Аммо дар соли саввуми таҳсил ўро аз донишкада хориҷ кардаанд.
- Барои чӣ хориҷ карданд? - пурсидам аз ў.
- Барои озодфикриам. Ба муаллими фанни иқтисоди сиёсӣ савол додам, ки агар иқтисоди низоми шўравӣ хуб бошад, чаро маҳсулоти корхонаҳои капиталистӣ сиифатан беҳтаранд ва мо маҷбурем ҳатто мўзаҳои занонаро аз онон бихарем?
Аз ин гунна саволҳоям ректори онвақтаи донишкада Муҳаммад Сайфиддинович Осимов хабардор шуда сахт тарсидаанд ва ба муаллими иқтисодиёти сиёсӣ мефармоянд, ки маро дар имтиҳон афтонад. Ҳамин тавр ман ба ҳама саволҳо дар имтиҳони тақрорӣ низ ҷавоб додам, аммо боз баҳои манфӣ гузоштанд.
Овози ректор то ҳол ба гўшам садо медиҳад: Ба касе, ки чунин саволҳоро медиҳад, дар донишкадаи мо ҷой нест!

Облоқул Ҷумъаев имрўзҳо даври пирӣ меронад, соҳиби 7 фарзанду 19 набера ва 2 абера аст.

Фарзандон ҳама соҳиби касбҳои зарурӣ шудаанд ва дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд.

Облоқул-ака имрўзҳо низ сифати беҳтарини худ меҳнатдўстиро аз даст надодааст. Набераҳоро тарбия мекунад, дар замини наздиҳавлигиаш бо кишоварзӣ машғул  аст. Ва аз ҳама муҳимаш ба корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунад.

Дар ёдам ҳаст, ки бо ташаббускории ў мактабу кўдакистони нави назди деҳаи Боғитиллои ноҳияи Самарқанд сохта шуда буд.

Ҳасояи азизам Облоқул Ҷумъаевро бо ҷашни 75 - солагӣ самимона табрик мекунам ва хоҳони онам, ки боз даҳсолаҳои зиёд сиҳату бардам бошад ва ҳамин ҳаётдўстиву озодфикрии худро кам накунад!

Дар  сурат:  О.Ҷумъаев дар назди дарвозаи хонаи худ.

Комментариев нет: