суббота, 21 мая 2011 г.

Китобҳои камина дар Интернет

Агар эътибор дода бошед, дар саҳифаи нави ин блог унвони «Китобҳои А.Истад» пайдо шуд. Агар ба он ворид шавед, рўйхати китобҳоро хоҳед дид.

Баъзе хонандагони тоҷики Интернети муқими кишварҳои хориҷа бисёр солҳост, ки оиди дастрасӣ надоштан ба адабиёти тоҷик шикоят мекунанд. Чанд сол пеш пешниҳод карда будам, ки ҳукумати Тоҷикистон барои кушодани бахши китобҳои бадеии тоҷикӣ дар Интернет маблағ ҷудо кунад. Ҳалли ин масъала чаро ба таъхир афтодааст, ба камина маълум нест.

Чанде пеш аз адиб Муҳиб Қурбон номае расид, ки ў бо маблағи худ барои ба Интернет гузоштнаи асарҳои адабиёти бачаҳо, хусусан афсонаҳо сомонае боз кардааст, офарин ба эшон! Ҳазорҳо аҳсант!



То боз шудани сомонаи махсуси расмӣ ҳар кас ба ҷунин корҳои хайр даст занад, хидмати бузурге дар пойдории фарҳанги миллӣ хоҳад намуд.

Дар охир зикр накарда наметавонам, ки аз ёздаҳ китоби нашр кардаам, танҳо панҷ китобро барои Интернет интихоб кардам ва фикр мекунам бо хондани онҳо хонандаи чӣ кўдаку чӣ наврас як маълумоти умумӣ, ки дар замони шўравӣ чиҳо нависта будаму чиҳо гуфтан мехостам, пайдо хоҳанд кард.

Ҳоло маълум нест, ки сомонаи ин имкониятро дода чанд моҳ китобҳоро нигоҳ медорад. Агар имкон доред, онҳоро бояд аввал ба компютери худ кўчонед (яъне «скачать» кунед), баъд имкони мутолиа фароҳам хоҳад шуд.

Аз он ки китобҳо бо роҳи сканер нусхабардорӣ шудаанд, хатоҳои дар он китобҳо буда ба Интернет низ кўчидаанд, ки аз ҳонанда пешакӣ маъзарат мехоҳам.

Чанд сол аст, баъзе асарҳои ба русӣ тарҷума ва чоп шудаи каминаро кадом як фирма дар Петербургу Маскав дар шакли китоби электронӣ ба воситаи Интернет фурўхта истодааст. Аз ман иҷозате напурсидааст. Баъзе блогнависони тоҷик пешниҳод карда буданд, ки он фирмаро ба додгоҳ кашам. Роҳи дигар низ ҳаст. Бозори чунин фирмаҳои ҳаннотро танҳо бо гузоштани асарҳои худ дар Интернет барои мутоилаи маҷҷонӣ метавон шикаст.

Ман бошам ин роҳро бештар писандидаам.

1 комментарий:

باقر کتابدار комментирует...

سلام
تشکر فراوان دارم
و با خوشحالی کتابهای شما را در خبرنامه منتشر خواهم کرد
لطفا لینکها را ارسال کنید
Salom
Tashakkur e farovon doram
va bo xush holi kitob hoye shumo ro dar xabarnoma muntasher xoham kard.
http://persianbooks2.blogspot.com/