понедельник, 11 апреля 2011 г.

Ғусли митроии самарқандиён дар иди Наврўз

Пеш аз ҳама аз «Самария», ки қозизодаи самарқандӣ Абў Тоҳирхоҷа ибни Абў Саидхоҷа дар солҳои 1835-48 таълиф кардааст, пораеро мутоила мекунем. Абў Тоҳирхоҷа оиди наҳру чашмаҳои Самарқанд сухан ронда аз ҷумла оиди ҷўйе, ки дар атрофи он маросими Наврўзӣ баргузор мешуд, ин тавр навистааст:
«Ва чун Сияҳоб (Сиёб), ибтидои он аз ҷўшиши чашмаҳои бисёр аст, то мавзеи Конигил меояд ва аз он ҷо ду пора мешавад: як ҳисса ба Кўҳак (номи имрўзааш Чўпонато) ва як ҳиссаи дигар ду шох мешавад: ва як шохи он Оби Раҳмат аст, ки он ба боғҳои тарафи шимоли Самарқанд, ки «Мотуруд» ва «Боғи Баланд» ва «Боғи Майдон» мегўянд, сарф мешавад.
Ва гўянд, ки «Ҷўи Оби Раҳмат»-ро Амири муҳоҷир дар доманаи ҷанубии кўҳи Кўҳак канда ҷори сохта аст. Ва Амири муҳоҷир амире аст, ки Қутайба баъд аз фатҳи вилояти Самарқанд ҳоким намуда буд.
Нақл аст, ки дар ибтидои канда истодани ин ҷўй Ҳазрати Хизр алайҳис-салом ба Амири муҳоҷир дар сари ин ҷўй мулоқот кардаанд ва Ҳазрати Хизр алайҳис-салом аз Амири мазкур пурсиданд, ки «мотуриду?», яъне «чӣ ирода мекунӣ ту?». Амири муҳоҷир дар ҷавоб гуфт: «моуриду», яъне «обро ирода мекунам ман». Аз ин ҷиҳат аввали маконе, ки аз ин об сабз ва хуррам шуд, онро «Мотурид» ном ниҳоданд.
Ва баъзе ин ҳикоятро ба Ҳазрати Шайх Абу Мансури Мотуридӣ ва Ҳазрати Хизр алайҳис-салом нисбат мекунанд.
Ва одату расми қадими мардуми ин шаҳр аст, ки дар охири соли Аҷам, шаби душанбеи охири сол, бар лаби ин ҷўйи Оби Раҳмат ҷамъ мешаванд ва дар ин ҷўй ғуслу таҳорат мекунанд ва аз ин оби ҷўйи табаррук мегиранд.»

Солҳои панҷоҳуми асри гузашта аз баъзе пиронсол шунида будам, ки ҷавонмардони шаҳр чанд рўз пеш аз Наврўз дар соҳили Оби Раҳмат хаймаҳо зада Наврўзро дар ин ҷо истиқбол мекардаанд. Ва шарти асосии ин ид ғусл кардан ба оби ин рўдак будааст.

Ин аз русуми ягон дине нест ба ғайри дини митроӣ. Танҳо дар дини митроӣ расми пеш аз Наврўз ғусл кардан яке аз фароизи ин оин буд. Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» (саҳ. 236 нашри сирилики Душанбе) ба маънои чунин ғуслро аз гуноҳҳо пок шудан ба амри Худованд медонад. Ва илова мекунад:
«Сабаби ин ки эрониён дар ин рўз ғусл мекунанд, ин аст, ки ин рўз ба Харузо, ки фариштаи об аст, тааллуқ дорад. Ва обро ба ин фаришта муносибате аст. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар ин рўз ҳангоми сапедадам аз хоб бармехезанд ва бо оби корезу ҳавз худро мешўянд. Ва гоҳе низ оби ҷорӣ бар худ аз баҳри табаррук вп дафъи офат мерезанд.
Ва дар ин рўз мардум ба якдигар об мепошанд.»
Тибқи қавонини зардуштӣ дар наҳру кўл ғусл кардан манъ аст. Ба ин сабаб ибтидои чунин ғуслу обпошиҳои Наврўзӣ танҳо дар оини митроӣ буда метавонад.

Муаррихони оини масеҳӣ бар ин назаранд, ки чунин русумро масеҳият дар замонҳое, ки масеҳияту митроизм дар салтанати Рум паҳлуи ҳам қарор доштанд, аз митроиён қабул кардааст.

Комментариев нет: