среда, 20 мая 2009 г.

Чаро дар герб акси ҳафт ситора аст?

Аз масоили баҳс оиди герби Тоҷикистон мавзўи «ҳафт ситораи болои тоҷ» берун монда буд. Навишта будам, ки оиди ифодаи чи будани он устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки дар ёдам намондааст. Ва низ гуфта будам, эҳтимол рамзи муассире набудааст, ки аз хотир зудуда шудааст. Дар оини асотири мардумони гуногун рақамҳо маъноҳои қудсии худро доранд.

Ба ҳафта тақсим кардани рўзҳо ба мо аз арабҳо омад.

Дар қомуси «Асотири мардумони ҷаҳон» (ҷилди 2, саҳ 537) бо такя ба манобеи бостонии чинӣ овардаанд, ки «ҳафт ситора» аз парастишҳои қавми турк аст. (Аз ин пеш нависта будам, ки дар байни мардуми туркнажод «бўрӣ» бўрибой барин номҳо, ки маънояш гург аст, бисёр вомехўранд. Ин ба тотем не, балки ба асотири асосии қавмҳои турк вобаста будааст. дар замони қадим қавми турк танҳо аз як қабила иборат будааст. Онҳо дар канори ботлоқе мезистаанд. Як қавми дигар ба онҳо ҳуҷум карда ҳамаро мекушад. Гумон мекунанд, ки ҳамаро куштанд, аммо дар байни мурдаҳо як писарчаи даҳсолаи пурзахму нимҷоне буд. Модагурге ин бачаро ба ғоре бурда тарбия мекунад. Аз заношўии модагургу ин писар даҳ нафар фарзанди нарина ба дунё омада аз ноҳияи Гаочина зан гирифта қавми туркро зинда мекунанд ва аввалин манзилашон Олтой бадааст. Ин тибқи манбаъҳои асри VI-и чинӣ).

Воқеан ҳам барои мардуми чорводор ва саҳроновард, ки роҳи худро дар биёбонҳои васеъ аз рўи ситораҳои осмон хусусан Ҳафтдодарон муайян мекард, рақами ҳафт ё ҳафт ситора мақоми беназир дошт. Ба фикри шахсии камина дар марзи Тоҷикистон мардуми туркзабон кам нестанд, ин нишонро дар герб бетағйир нигоҳ доштан лозим аст.

Аммо аз ёд набояд бурд, ки барои ниёгони мардуми тоҷик дар замонҳои қадим рақами панҷ бештар аҳамият доштааст. Рақами панҷ маънои қудсӣ низ доштааст. Ба ин сабаб номҳои географии Панҷ, Панҷакент, Панҷрўд, Панҷоб дар мавзеҳои тоҷикнишин вомехўранд.

Аз ин ҷост, ки дар ҳунарҳои мардумӣ асосан расми ситораи панҷгўша дар мақоми аввал аст.

Комментариев нет: