вторник, 7 апреля 2009 г.

Посухи чордаҳум

Акнун ба фикрам вақти он расид, ки ба суоли чаро мо чанд нафар рўшанфикри ангуштшумори сарсахти тоҷик дар вақти таҳия ва таълифи герби нави давлати Тоҷикистон намоди шеру хуршедиро тарафдорӣ мекардем, ҷавоб гўям.

Камина дар посухҳои пешин ба шумо чандин намодҳои шердорро аз таърихи бостонии халқамон муаррифӣ кардам. Байни ҳамаи онҳо чанд намодҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати сохт композитсия доранд, яъне таркибианд.

Намоди ду шери тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт яке аз қадимтаринҳост.

Сипас дар ғилофи оҷии Тахти Сангин шери намодиро дучор шудем, ки оҳуеро дар даст нигоҳ медорад. Сипас ҳамин композисия такомул ёфта дар асрҳои минбаъд ба он хуршеди аз паси шер тулўъкунанда илова шудааст.

Офтобро дар адабиёти форсӣ баъзан шери фалак мегўянд. Яъне дар замонҳои оини митроӣ шер намоди хуршедӣ маҳсуб мешудааст. Сипас дар мисоли сурати пештоқи мадрасаи Шердор мебинем, ки хуршед ба худ симои занонаи митроӣ гирифтааст ва ин ҷо шер маънои муҳофизи сарчашмаи ҳаёт(зан)-ро низ ифода мекунад.

Хуршед болои хуршед (шер) ниҳодан таъкид бар манбаи нур болои манбаи нур аст, як нав муболиғаи шоирона низ ҳаст.

Ба ин сабаб намоди шеру хуршедӣ ҳам аз ҷиҳати таркиб ҳам аз ҷиҳати мазмун ҳам аз ҷиҳати тасвири бадеи комилтарин, нерўмандтарин ва пуртаъсиртарин маҳсуб мешавад. Ба услуби гул болои гул образро пурқувват карда таъсирнокии онро дучанд афзун намудан на танҳо ба санъати тасвирӣ, балки ба намудҳои дигари ҳунарамон низ хос мебошад.

Масалан дар ҳунари гачкории усто Амриддин Наҷмиев чунин тарзи тасвирро мебинед ва ё мисоли барҷастааш аз назми мумтоз ғазалҳои Ҳофизи Шерозианд.

Илова бар ин дар ин намод фарҳанги шашҳазорсолаи халқамон аз замони меҳрпарастӣ то ба имрўз таҷассуми торихии худро ёфтааст.

Ҳамин тавр дидем, ки шери болдору тоҷдор нитбат ба шери беболу бетоҷ зиёдтар сифати намодӣ дорад, зиёдтар маъно дар худ нуҳуфтааст ва аз натурализм дур аст

Дидем, ки дар тасвирҳои намодӣ чӣ қадар натурализм зиёд шавад, онҳо ҳамон қадар маъноҳои бузурги худро гум мекунанд.

Л.Ремпель дар китоби «Занҷири замонаҳо» таъкид мекунад, ки ба намоди шерӣ уламои ислом зиддият накардаанд.

Таърих барои эҷоди як герби пурмаънову зебою нотакрор тамоми маводи заруриро фароҳам овардааст. Танҳо як ибтикор, ташаббус ва ғайрат лозим.

Воқеанависони чинии замони ҳукмронии Тан гувоҳи медиҳанд, ки шоҳони Осиёи Марқазӣ дар дарбори худ шерҳои зиндаи дастомўзро нигаҳдорӣ мекардаанд. Ва сафирони суғдӣ дар асрҳои IV-VI ду бор бо худ ба Чин шерҳои дастомўзро бурдаанд. Ин ва дигар маълумоте, ки доир ба мақоми шер дар фарҳанги давлатдорӣ овардем, далели ҷойгоҳу мақоми баланду густурдаи он дар замонҳои гуногунанд. Тахмин даҳбедиҳое, ки дар Панҷшери Афғонистон ватан ихтиёр кардаанд, аз Самарқанд намоди шерии қудсиро бо худ бурдаанд ва панҷ ин ҷо ба маънои рақам нест, балки ба маънои қадимтари он – муқаддас омадааст. Аз ин ҷост, ки панҷшериён қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъудро Шери Панҷшер номидаанд.

Мо чанд рўшанфикри ангуштшумори сарсахту содаи тоҷик рўзи қабули герби шердор дар порлумон ашки шодӣ мерехтем, ки билохир муқаддассоти миллатамонро барқарор кардем.

Сипас айби асосӣ дар он депутатҳое набуд, ки симои шерро аз герб бароварданд, балки хатои асосии худи мо буд, ки ба ҷомеа чӣ будани мақоми намоди шериро ба он вусъате, ки лозим аст нафаҳмонда будем. Айби асосӣ дар донишмандони торихи худамон буд, дар адами фарҳангшиносии миллӣ буд.

Расул Ғамзатов дар китоби худ «Доғистони ман» мефармояд: Ҳаргиз ба гузашта тир наандоз, агар бо тапонча тир андозӣ, оянда ба ту бо тўп ҷавоб хоҳад дод.

Зиддият ба тасвири шери герби Тоҷикистон ҳамин гуна тирандозӣ ба гузашта буд.

Комментариев нет: