среда, 22 апреля 2009 г.

Чанд мулоҳиза дар хулосаи як баҳс

Ба қавли Мирзо Бедили Халлоқулмаонӣ дар тайюнободи зуҳур ҳар чизи муайян айни ҳақиқати худ аст. Тасвири зоҳирӣ беруни ҳамон предметро ифода мекунад. Вақте ки сурати шерро натуралистона монанд ба он шерҳое, ки дар табиат вомехўранд, бикашед, ин тасвир ҳеҷ гоҳ ба ғайри сурати шери тибиӣ чизи дигареро таҷассум ва ифода нахоҳад кард. Агар сурати болдор ва тоҷдори шерро схематикӣ бошад ҳам бикашед, маъноҳои бузурги рамзӣ ба худ хоҳад гирифт.

Дар герби кунунии Тоҷикистон услуби зоҳирию соддаи тасвирсозӣ аввалият пайдо кардааст ва дар натиҷа ба маҷмўи тасвирҳои примитив мубаддал шудааст.

Мо дар таҷриба дидем, ки берун афкандани як рамзи асотирӣ яъне шер тандеми композисионии пурмаъною қудсии шеру хуршедиро нест кард ва хуршеди танҳо ба схемаи соддае мубаддал шуд, ки одатан бачаҳо бо чўб дар рўи хок мекашанд. Ин хуршед, ки симои митроӣ надорад, танҳо баёнгари схема аст ва ба чизи дигаре ишора намекунад.

Чуноне ки пай бурдед, шерҳое, ки дар замони қадим сурату ҳайкалчаҳои онҳо, чӣ дар шакли шерҳои болдору чӣ тоҷдор аз ҷониби ниёгони мо тасвир ёфтаанд ва ё сурати шерҳое, ки дар пештоқи мадрасаҳои асримиёнагӣ мебинем, ҳама асотирианд.

Акнун масъалае пеш меояд, ки ин асотир оё бо замони пешрафтаи муосир, илми муосир мувофиқат карда метавонад?

Дар ин бобат бо такя бар китоби файласуфи рус Алексей Лосев «Диалектикаи асотир» қазияи зеринро ба алоқамандони баҳс пешниҳод мекунам:
1. Асотир бофтаи хаёлот ё ривояти дурўғин набуда аз рўи мантиқ ва диалектика пеш аз ҳама умуман категорияи зарурии шуур ва ҳасти мебошад.
2. Асотир камоли матлуби зиндагӣ нест, аммо ҳаёти эҳсоснопазир ва воқеияти моддии эҷодшуда аст.
3. Асотир мафҳуми илмӣ ва ё илмӣ-примитивӣ нест, аммо мулоқоти зиндаи субъект-объективист, ки дар худ ҳақиқати бовариноки ғайриилмии соф асотирӣ ва қонунияту таркиби хосро дорад.
4. Асотир мафҳуми метафизикӣ нест, аммо воқеияти моддӣ ва ҳиссии эҷодшаванда аст…
5. Асотир нақша, тарҳ, истиора, ё маҷоз нест вале рамз, яъне намод аст ва дар вақти ҳолати намодиаш дар худ мафҳумҳои нақшавӣ, истиоравӣ ва ҳаёти-рамзиро дошта метавонад.

А.Лосев мафҳуми асотирро ҳамаҷониба тадқиқ намуда алоқамандии онро бо инсон аз роҳи савқи табиӣ ва огоҳии дил таъкид намудааст. Дар охир ў ба чунин натиҷа мерасад, ки асотир ифодаи интеллигентии рамзи ҳаётист, ки зарурати диалектики он рўшану фаҳмост.

Ба он сабаб, ки асотир аз ҷониби гурўҳи одамон, қавм ё халқе эҷод шуда аз ташхисдаҳандаи асосии ин халқ маҳсуб мешавад, касе шубҳа накардааст.

Чанд бор мушоҳида кардаам, вақте (дар телевизион) донишмандони хоричӣ оини митроӣ ва ё намоди шерухуршедӣ сухан мекарданд, асосан оиди ба бозёфтҳои археологии марзи Тоҷикистон такя мекунанд.

Дар замони шўравӣ тибқи дастурҳои идеологӣ инъикоси таърихи оинҳо дар асарҳои илмӣ ба дараҷа ночиз буд. Бубинед, ки дар китоби «Тоҷикон» оид ба давраи хеле бузурги оини митроӣ (чор ҳазор сол то Авесто) қариб, ки ҳарфе нест.

Акнун мебояд, ки ин холигиро пур кард, доир ба нақши оини митроӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Эрон конфронсҳои байналхалқӣ доир намуд, китобҳои дар хориҷа оиди таъриху оини митроӣ чопшудаи донишмандонро баргардон ва ба табъ расонид. Дар осорхонаҳои таърихӣ барои намоиши осори марбут ба оини меҳрпарастӣ шўъбаи махсус бояд кушод.

Чунин тадбирҳо ҳам рўшанфикрон ҳам мардумро бо фарҳанги гузаштааш шинос хоҳад намуд. Ва ҳар кас нақшҳои намодии аз бостон меросмондаи ниёгонашро аз наздик хоҳад шинохт.

Масалан оё ҳама медонанд, ки байни свастикаи мо свастикаи фашисти фарқи калоне ҳаст? Ин фарқи калон дар тамоман гардиши чаппаи свастикаи фашистист. Шиори ниёгони мо, ки доимо ростӣ будааст, свастикаамон ҳам ба тарафи рост тоб мехўрад. Ба ин далел ҷоиз аст, ки минбаъд низ дар ороиши меъморӣ корбаст шавад.

Баъзеҳо эҳтимол бигўянд: Чанд бор гербро дигар кунем? Бас будагист!

Ман ҳам «бас будагист» мегуфтам, агар ҳамон касоне, ки мусаббаби шакли ҳозираи герб гардидаанд – аз рассомон то вакилони мардумӣ ҳама худо ё пайғамбар мебуданд. Азбаски ҳама одамони хокианду ширихомхўрдаанд, хатокоранд ва бояд хатои онҳоро ислоҳ кунанд.

Дар шаклу сурати ҳозирааш аз ин пас низ бетағйир гузоштани герби давлатӣ маънои ҳамфикр будан бо он хатокориҳоро хоҳад дод.

Дар охир ба ҳама хонандагони Интернет, ки дар ин масъала муносибати худро баён кардаанд, изҳори ташаккур ва сипос мекунам.

Иштироки онон маро водор менамуд, ки дар ин бора боз бисёр ибрози ақида кунам, далелҳои тозаро ба миён гузорам. Теъдоди иштирок аз 70 гузашт ва камина баъди нашри «Номаи саркушода…» боз бист бор посух навиштам ва ақидаамро баён кардам. Агар дар атрофи ин масъала донишмандон, аҳли фарҳанги Тоҷикистон низ дар матбуот фикри худро баён мекарданд, ба худшиносии миллии мардум хеле кўмакашон мерасид.

1 комментарий:

Farhod комментирует...

Салом. Ман як бостоншиноси чавон аз Точикстон. Оиди оини Митра гуфтаниам, ки нишонахои он холо дар йодгории кадимтарини-кишоварзиву шахрдории Осийои Мийона - Саразм акс йофтаанд. Деворнигор бо намуди сари Гови бо ранги сурх оро дода шуда, алтархои оташпарастии руи замини аз нишони онанд. Саразм аввали солхои 80-и садаи гузашта пайдо шуда буд, барои хамин малумоти илми оиди он дар "Точикон" акс найофтаанд.