четверг, 21 августа 2008 г.

Академияи аввалини ман

Мактаби аввалин дар дил ва мағзи ҳар як инсон мақоми волои худро дорад. Аввалин ҳарфро дар ин ҷо омўхтаам. Аввалин ҷумларо дар ин ҷо навиштаам. Нахустин мақолаам дар моҳномаи девории он баромада буд.

Худам низ рўзномаи девории синфамонро таҳия мекардам. Ва дар поёни он забт менамудам: Ҳайати таҳрир. Ҳол он ки ҳам муаллиф, ҳам муҳаррир, ҳам рассом худам будам. «Субҳи Шарқ» ном монда будем онро, ҳол он ки Шарқ куҷову рўзномаи девории дабистон куҷо?

Ҳамин тавр мактаби рақами 16-и ноҳияи Самарқанд дар пайдо кардани роҳу равиши хоси камина дар ҷодаи ҳаёт таҳкурсӣ гузоштааст.

Муаллимони ин мактаб, ки ба камина низ дарс додаанд, ҳама одамони хубе буданд. Сатҳи донишашон паст набуд ва баланд ҳам набуд.

Мактаби рақами 16 дар деҳаи Ўрташиқи ноҳияи Самарқанд воқеъ гардида буд, аммо дар он муаллимони шаҳрнишин Анастасия Иванова, Рубинов, Абовян, Крамаренко, Ҳодизода ва дигарон дарс медоданд, ки мақоми ин мактабро ба дараҷаи мактабҳои шаҳр баланд баардошта буд.

Роҳбари синфи мо омўзгори физика Аҳадов буданд ва муносибати сахтгиронаашон сабаби ҳифзи интизом буд.

Чанде пеш бо он кас дар маъракае ҳамсўҳбат шудем ва ман хислатҳои хубашонро ёдрас кардам.

Эсанқул Тўрақулов ва Неъмат Шарифов ба ман аз адабиёт дарс додаанд.

Одоби суханронӣ, солорӣ ва дар воқеаҳои ногувор саросема нашуда амал карданро аз Эсанқул Тўрақулов омўхтаам. Хатӣ хубе доштанд, ҷояшон ҷаннат.

Аммо дар кашфи қобилияти эҷодиям, хидмати Анастасия Романовна калон аст. Анастасия Романовна бо тарзи хоси либоспўшӣ, суханронӣ ва муносибат бо ҳар як талаба маданияти баланди асилзодаи русро намоиш медод. Ба дарс нусхаи осори рассомони бузургро оварда ба мо аз рўи он навиштани таассуроти худро меомўзонд. Ҳамин тавр завқи зебоишиносию зебоипарастии маро сайқал додааст. Сипас аз рўи манзараҳои зиндаи табиат навиштани лавҳаҳоро омўзонд. Ман баъди дасрҳои ин омўзгор дар худ қобилияти нависандагӣ доштанамро кашф кардам. Ва қарор додам, ки ба факултаи суханшиносии тоҷики донишгоҳ дохил шавам, журналистӣ ва нависандагиро пешаи худ қарор диҳам.

Ман дар бораи Анастасия Иванова дар вақти дар Самарқанд зиндагӣ карданаш (афсўс ки ба Русия кўчидааст) ба нишони арзи сипос мақолае навишта бо сурат дар рўзномаи «Омўзгор» чоп карда будам. Баъди чопи ин мақола боре ба дидани волидонам аз Душанбе ба Самарқанд омадам. Ўро дар роҳи мактаб дучор шудам, ки ба сўи шаҳр қадам мезад. Мақоларо хондааст, хеле хурсанд буд. Гуфт: - Ба ту насиҳати ман ҳамин: - Ба Самарқанд наё, оби дари хона хира аст, мегўянд тоҷикон.

Мактаби аввалини ман – Академияи ман! Ман туро аз ҳама мактабҳои дигарам авлотар медонам. Ба ҳамин сабаб рақами 16-ро дўст медорам. 

пятница, 8 августа 2008 г.

Ғуломӣ чист?

Бо як васоити оммавии ахбор (ВОА) ҳамкорӣ мекардам. Ин ВОА сол ба сол ҳаққуззаҳматро кам мекард. «Дар замони шўравӣ низ бо чунин ҳаққи қалами кам тоқат мекардем» - гуфта корро давом медодам.

Сипас рўзе ҳисоб кардам, ки ҳаққуззаҳмаи якмоҳа ба хўроки якмоҳа мерасад ё не. Маълум шуд, ки ба хўроки якмоҳа намерасидааст.

Дар замонҳои ғуломдорӣ сарватманди ғуломдор ғуломро бо таом, либос ва манзил таъмин мекард. Маълум мешавад, ки мақоми камина аз мақоми ғулом ҳам поинтар омадааст.

Фавран ҳамкориро қатъ кардам ва гуфтам, ки ба ҳуққуззаҳмаи кам кор кардан қадру мартабаи инсонро паст кардан аст. Аммо чӣ мегўед? Касоне пайдо шуданд, ки розиянд ба чунин мақом даст ёбанд ва миёнарав меҷўянд, ки онҳоро ба ин ҳамкорӣ тавсия кунад. 

Оё мо дарк кардаем, ки ғуломӣ чист?

Онҳое, ки хориҷ аз кишвари худ дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта бо мардикорӣ ё кори дигари дар нисбати шаҳрвандони он кишвари пешрафта каммузд машғуланд, оё ғулом нестанд?

Тоқиро ба сари зону ниҳода як фикр кунанд, ки маошашон дар ҳамон кишвар барои хўроки нағз, либоси нағ ва манзили нағз мерасад?

Агар ки нарасид, пас онҳо низ ғуломанд.

Як коргардони синамо (аз ҳамзабононамон) ба филмбардорӣ ба Самарқанд омада маро роҳбалад ва мушовир интихоб намуд. Дар вақти баъй намудани музди хизмати камина дар филмбардорӣ маро ин тавр гўл заданӣ шуда мегуфт:

- Медонед, дар чанд рўзи корӣ ман ба шумо нисфи моҳонаи як муаллими ин шаҳратонро медиҳам.

Ман ҷавоб додам: - Пас бирав, ҳамон як муаллимро биёб ва он ба ту мушовир шавад. Чаро дар бораи моҳонаи омўзгор дар кишвари худ ҳарфе пеш намеоварӣ?

Аз ин пеш навишта будам, ки усто Амриддини Самарқандӣ ба Маскав рафта чун маблағи камее пешниҳодаш кардаанд, рўирост мегўяд: - Мо ғулом нестем! Мо ҳунармандони машҳури тоҷикем. Агар мо имрўз аз нодорӣ маҷбур шавем, ки барои чунин маблағи кам кор кунем, ояндагон моро нахоҳанд бахшид. 

Аҳсант ба усто Амриддин, барои чунин худшиносии ибратомўз!

Хонандае метавонад эътироз кунад: - Байни ғуломи замони ғуломдорӣ ва мардикори муосир фарқ калон аст. Ғуломдор метавонист ғуломашро бифурўшад.

Ҷавоб ин метавонад буд: - Оре, фарқ ҳаст. Ҳоло ҳам мефурўшанд, корҷаллобон ва ё худи ғулом. Аммо ба муддати муайяни ягон кор. Мазмуни асосии замони ғуломдорӣ – ноозодии инсон ҳанўз ҳам ҳаст.

Ғуломӣ, яъне бандагӣ шаклҳои дигар низ дорад, аз ҷумла ғуломии маънавию рўҳӣ. Ман танҳо оиди як навъи ғуломии иқтисодӣ – шакли соддаи он сухан пеш овардам. Оиди шаклҳои дигари он дар мавридаш хоҳам навишт.

Ғуломиро ҳаргиз бо номи худаш намегўянд. Хизматгор ё мардикор ё ягон ҳарфи дигарро истифода мебаранд. Аммо мазмун ҳамон аст, ки дар асрҳои ғуломдорӣ буд.

Гарчанд ғуломдорӣ ҳамчун формацияи ҷамъиятӣ ду ҳазор сол пеш дар Осиёи Марказӣ асосан барҳам хўрдааст, вале қисман боқӣ мондани онро ягон олим рад намекунад (Ниг.ба китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров). Ба вазъи ғуломӣ афтидани инсонро адибон дар асарҳояшон бо обу ранги бадеӣ тасвир кардаанд, ки мисолашро дар романи «Ғуломо»-и устод Айнӣ дидаем.

Адиби тоҷик Салими Аюбзод кўшиш намудааст, ки дар қиссаи «Каме латра» вазъи мардикорони тоҷикро тасвир намояд. Ў ин китоби нави худро баъди чоп ба ман лутфан ирсол карда буд ва камина баъзе фикрҳоямро дар чанд мактуб баён карда будам. Фикр мекунам, ки номаҳо барои амиқтар фаҳмидани ин рўйдод хидмате хоҳанд кард.

вторник, 5 августа 2008 г.

Сомонаи Нусрат Раҳмат

Яке аз адибони машҳури Самарқанд Нусрат Раҳмат дар Интернет сомонаи худро дар нишонии www.nusratrahmat.ru боз намуд.

Нусрат Раҳмат дар ин сомона китобҳои солҳои гуногун нашркардаи худро гузоштааст.

Блоги «Герби шердор» пайдо шудани боз як муаллифи самарқандиро дар Интернет самимона табрик мекунад.

Нусрат Раҳмат баъзе мақолаҳоро ба ғайри забони ўзбекӣ ба забони русӣ низ гузоштааст.

понедельник, 4 августа 2008 г.

Рўзномаи девории Адаш Истад

Адаш Истад, умраш дароз бод, дар вақти таҳсил дар мактаби таълими ҳамагонӣ газетаи деворӣ мебаровард.

Аввал газетаи девории синфи худ, баъд газетаи девории мактабро.

Ин кор, ки маҷҷонӣ буд, ба ў касе ҳатто аз фаъолон ва омўзгорон кўмак намекарданд.

Тарҳи рўзномаро худаш мекашид, суратҳоро худаш ёфта ҷой медод, худаш мақолаҳо менавишт (баъзан аз номи ҳамсабақҳо) ва дар охир бо мех ба девори долони мактаб мекўфт.

Адаш Истад умраш дароз бод, имрўз низ ҳамин вазифаи маҷҷониро бар ўҳда гирифтааст. Фарқ ин аст, ки акнун газетаи девории ўро, ки блоги Герби шердор ном дорад, тамоми олам хонда метавонад. Гўё ки ин газета дар осмон овезон аст. Ба фалак менависад, барои малак менависад. 

Мегўянд, ки инсон дар охири умр ба он ҷое бармегардад, ки роҳи эҷодиро оғоз карда буд.

Рўдакӣ низ ба зодгоҳи худ баргашту вафот кард. Зиндагӣ роҳи хатти рост нест, давра, яъне доира аст, гуфтаанд гузаштагон. Эҳтимол рост будагист. Наход, ки Адаш Истад мисли аспи ҷувоз аз он ҷое, ки қадам бардошта буд, кайҳо чандин бор убур кардааст?

Эй муштариёни равғани пок! Аспи ҷувози ў ҳоло хаста нагардидааст ва боз садҳо маротиба рў ба рўятон хоҳад омад!

Агар дар рўи сайёраи Замин бо як хатти рост биравӣ оқибат ба ҷое хоҳӣ расид, ки дар оғоз қадам ниҳода будӣ.

Каҷ аст-ин дунё! Эй ҳамроҳони рострави ростандешу ростгўю ростамал умратон дароз бод!

Кўча ба номи зани адиб

Зани адиби бузурги ўзбек Абдулло Қаҳҳор Кибриё Қаҳҳоррова дар байни аҳли адаб ҳамчун тарҷумон ва манбаъшинос машҳур буд.

Кибриё Қаҳҳорова бо фомили аслии худ Лутфуллоева ва бо хоҳаронаш замоне дар ш.Душанбе зиндагӣ мекард. Ў дар ин шаҳр ҳамсари шоир Мирсаид Миршакар буд. Сипас аз ў ҷудо шуд ва пас аз муддате таҳсил хаёти худро бо адиби ўзбек Абдулло Қаҳҳор пайваст.

Абдулло Қаҳҳор шефтаи назми классикии форсу тоҷик буд ва барои ў Кибриё аз дастхатҳои қадима шеърҳоро қироат мекард.

Хонум Кибриё Қаҳҳорова бо Абдулло Қаҳҳор 25 сол ҳамхона буд, ба бисёр корҳои ў кўмак намуд, асарҳояшро тарҷума мекард.

Хонум Кибриё дар гузари Хонсаид-имоми ш.Самарқанд таваллуд шудааст. Бо қарори комиссиюни топонимикаи шаҳр ба яке аз кўчаҳои ин гузар номи Кибриё Қаҳҳорова гузошта шуд.

Дар маросими гузоштани лавҳа бо номи ў дар саргаҳи ин кўча адибону рўшанфикрон, намояндаҳои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд ва оиди хизматҳои бузурги хонум Кибриё дар тарғиби осори Абдулло Қаҳҳор ҳарф заданд.

Хоҳари хонум Кибриё Истад Раҳматова (ҳамсари Иброҳим Раҳматов) бо ман дар шўъбаи адабию драмавии радиои тоҷик кор мекарданд.

Нақл карда буданд, ки хонум Кибриё рўзе Абдулло Қаҳҳорро дар ҳолати хеле афтодарўҳи ва паршикастагӣ дучор шуда, хеле дилбардорӣ карда барои боз ба адабиёт баргаштанашон сабабгор шудаанд. Ба ин сабаб адиби бузурги ўзбек ин ҳамсари тоҷики худро тоҷи сари худ намуда буд. Бори аввал аст, ки зани адиб сазовори чунин эҳтироми бузурги мухлисони осори шавҳари худ мегардад.

воскресенье, 3 августа 2008 г.

Морро куштам

Имрўз морро куштам. Гарчанде ақида дорам, ки инсон бояд бо тамоми ҷонварони рўйи замин бо ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад ва онҳоро бе ягон баҳона накушанд.

Аммо инстинкт (савқи табиии муҳофизати худ) ғалаба кард ва тибқи суннати ниёгонам, ки «ҷонвари зарарноку заҳрзананда – каждум, мор, ғунда ва ғайраро бояд кушт» ман морро куштам.

Дар ҳавлибоғи камина ҷонвароне аз қабили хорпуштак ва ғук ҳастанд. Онҳо безиён буда ҳашароту пашшаҳои газандаро нест мекунанд.

Ин мори чипор бошад, ғукро газида буд ва ман ўро болои ҷиноят дида бо бел зада куштам.

Агар наберачаи дунимсолаам, ки морро бинад, ҳатман аз думаш дошта бози кардан мехоҳад, намебуд, эҳтимол намекуштам.

Антуан де Сент Экзюпери, ки худ шаҳрӣ буду атвори моронро намедонист, тасвир кардааст, ки ў дар биёбоне меҳмони хонаводае шуд ва мор ба пояш расида хазида гузашт. Духтарони ин хонавода ба чеҳраи ў бо диққат нигоҳ мекарданд, ки чӣ вокунише нишон медиҳад. Экзюпери эътиборе надод ва заррае оромии худро халалдор накард. Ў медонист, ки ин ҷо одамон бо табиат ҳамоҳанг зиндаги мекунанд ва байни онону морон душмани нест.

Чӣ қадар морниҳодон ва мортабиатон бо мо ҳамроҳ кору зиндагӣ мекунанд, гоҳ-гоҳ ба мо заҳр мезананд, вале мо аз худ камоли пурсабрӣ ва тоқатпазирӣ зоҳир мекунем. Ҳай-ҳай! Ман бошам мореро куштам, ки эҳтимол хаёли ба инсон заҳр заданро дар сар надошт. Эҳтимол мехост, ба мисли морони сапеди ёлдори бонии хона дўсти инсон бошад!

Зинда бод Ҷашни Сайри харбуза!

Иди харбуза бо номи «Сайри харбуза» аз замонҳои бостон дар Самарқанд будааст. Мардуми Самарқанд як рўзи солро барои ин ҷашн ихтисос дода будаанд ва дар вақти авҷи харбузапазӣ ба саҳроҳои Даҳбед мерафтанд. Махдуми Даҳбедии Косонӣ, ки аз пешвоёни тасаввуф буд, «Биттих» ном рисолае дорад. Ба арабӣ харбузаро биттих мегўянд.

Иди «Сайри харбуза» бо пешниҳоди ин шайхи бузург пайдо шудааст ё пеш аз он будааст, маълумоте нест.

Ҳокими вилояти Самарқанд Ўктам Барноев қароре интишор дода рўзи 16-и моҳи августи ҳар солро дар Самарқанд ҷашни «Сайри харбуза» эълон кард.

Пеш аз ин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят азназаргузаронии кори харбузакорон сурат мегирад, ҷашнҳои ноҳиявӣ гузаронида шуда харбузакорони беҳтарин ва харбузаҳои беҳтарин барои ҷашни вилоятӣ интихоб мекарданд.

Ҳамин тавр мехоҳанд харбузакориро густариш дода навъҳои қадимаи онро эҳё намуда шўҳрати ҷаҳонии харбузаи Самарқандро аз нав зинда гардонанд.

Воқеан ҳам солҳои шўравӣ бо таъсири сиёсати саросар ба тамоми заминҳо зироати техники пунбаро коридан харбузакорӣ қариб ба нестӣ расида буд ва бисёр хелҳои дар натиҷаи селексияи бисёрҳазорсола ба вуҷуд омада гум шуданд.

Боре дидам, ки тоҷирон ба Панҷакент аз Самарқанд харбуза мебурданд, ҳол он ки обу ҳавои он ҷо низ барои парвариши харбуза мувофиқ аст. Зарбулмасали тоҷикии «Харбузаи ширин насиби кафтор мешавад» дар байни тоҷикон шўҳрат доштани ин зироатро далолат мекунад.

Беэътиборӣ ба харбузакорӣ ба он оварда расонд, ки мардум низ навъҳои қадимаро намешинохтагӣ шуданд.

Як тобистон дар бозори кишоварзии Самарқанд дидам, ки деҳқоне харбузаҳои сабз, вале ширину тунукпўст овардааст. Наздаш рафтаму пурсидам: Хабуза чанд сўм? Ў нархи бисёр арзонеро гуфт. Гуфтам: Чаро ин қадар арзон мефурўшед?

Ҷавоб дод, ки мардум аз рўи рангаш хом гумон карда нахариданд. Соли дигар ин навъи нодирро намекорам. Гуфтам, ки ин тавр накунад, мардум кам-кам хабардор шуда мефаҳманд.
- Дигар намекорам! – Гуфт бо зарда деҳқон, - Чанд рўз вақтамро дар ин бозор беҳуда сарф кардам. Картошка кориданам лозим, агар бевақт корам, ҳосилро бой медиҳам.

Замонҳои қадим ҳар як кўчаи Самарқанд бозори харбуза доштааст. Ва ин яке аз вижагиҳои шаҳри бостонӣ будааст.

Умед мекунем, ки суннатҳои дерина аз нав зинда хоҳанд шуд.

суббота, 2 августа 2008 г.

«Дар Самарқанд тоҷик нест»

Як нафар аз ҳамяроқони тоҷикистониам, ки бо ман солҳои ҷавонӣ дар хизмати ҳарби буд, дар полке, ки хизмат мекардем, мегуфтааст: - Дар Самарқанд ягон тоҷик нест. Онҳое, ки аз Самарқанданду худро тоҷик мегўянд, яҳудиёнанд. Адаш низ яҳуди аст.

Ин ҳолат бароям вазъияти ногуворе пеш овард: командирҳо бо ҳар баҳона азоб медоданд маро.

Рўзе маро муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ капитан Вильчек даъват карда гуфт: Ҳаммиллатҳоятон овоза паҳн карданд, ки шумо яҳудиед. Агар яҳудӣ бошед, ман шуморо бояд ба ҳимояти худ гирам, то ки дигар азоб надиҳанд. Ман гуфтам, ки тоҷик ҳастам. Ў гуфт: Руст накунед, ба ғайри ман ин ҷо касе нест, ки шуморо ҳимоя кунад. Ман боз такрор намудам, ки тоҷикам.  

Ў гуфт: Бори аввал мебинам, ки ҳаммиллати худро нашиносанд.

Сипас бо кўмаки ҳамяроқи панҷакентиам Эҳсон Холмуродов, ки дар ситоди қисми ҳарбӣ кор мекард, аз ин вазъият бароям ногувор халос шуда будам.  

Баъди он ки байни Ўзбекистону Тоҷикистон режими виза ҷорӣ гардид, ҳамон ҳамяроқи маро ба вазъияти ногувор афкандаги зиёдтар хурсанд шуда гуфтааст: - Хуб кардаанд, ки ҳамон ҷуҳудҳои Самарқанду Бухороро, ки худро тоҷик мегўянд, аз мо ҷудо карда партофтанд!

Рўзе ба ў рў ба рў оям, ҳатман хоҳам гуфт: - Аз ту барин тоҷики тоҷикношинос будан ҷуҳуд буданам беҳтар! Зеро ҷуҳуд доим ҳаммиллати худро дастгиру мададгор аст ва ин хел ҷудоиандозӣ намекунад.

Сутунҳои миллатро кирм мехўрад

Айвони хонаи ман се сутун дорад. Дар вақти сохтани он писарам бо усто барои харидани болорҳои сутунбоб рафта аз бетаҷрибаги ҳар ду чўбҳои кирмдорро харида оварданд. Усто аз онҳо сутун тарошида ба пешайвони иморат устувор кард.

Баъд аз анҷоми сохтмон, аниқтараш баъди ду-се сол ман рўзе ба танаи сутунҳо бо диққат нигоҳ карда аниқ кардам, ки дар чанд ҷой ба андозаи донаки нахўд сўрохиҳо доранд. Аз чанд кас суол кардам, ки чӣ тавр метавон кирми сутунҳоро нест кард. Ҷавоб якто буд: доруе надорад. Танҳо агар кирм дарунтар нарафта бошад, мехеро ба сўрохӣ бихалед, метавонед онро бикушед.

Илоҷи беҳтар иваз кардани сутунҳост ба сутунҳои солими бекирм. Аммо нархи чўб бисёр боло рафтааст ва кори устои сутунсоз низ арзон нест.

Ҳамин тавр истодаанд ин сутунҳои кирмин, ва рўзе худ аз худ мешикананду бом ба сари аҳли байти камина меафтад. Аз ин лиҳоз хотирҷамъ нестам.

Аммо мебинам, ки баъзе сутунҳои миллатро кирми шўҳратпарастӣ мехўраду мехўрад ва даво нест, диламро ғам зиёдтар фишор медиҳад.

Сутунҳои миллатро бо кадом сутунҳои дигар иваз мекунӣ? Одам чўб нест!