воскресенье, 29 июня 2008 г.

Мағзи сари тоҷик дар намоишгоҳи Маскав

(140-солагии экспедисияи Туркистонии Федченко)
Дар ЭСТ оиди ин донишманд ба чунин маълумот дучор мешавед: Алексей Павлович Федченко – табиатшиноси рус (1844-1873). Соли 1864 унверситети Маскавро хатм мекунад. Федченко табиат, топография ва хоҷагии водии Зарафшонро омўхта, қариб 800 намуди наботот ва 20000 намунаи ҷонваронро коллекция намуда харитаи қисми ҷанубии водии Зарафшонро таҳия кардааст. Минбаъд ў дараҳои паҳлўи водии Зарафшонро тадқиқ мекунад. Геоморфология ва олами набототу ҳайвоноти ин ҷойҳоро омўхта қариб 4500 намуди ҳайвонот ва 400 намунаи рустаниро коллекция мекунад. Харитаи тамоми водии Зарфшонро тартиб медиҳад. Соли 1871 каторкўҳи паси Олойро бо нуқтаи баландтаринаш (7134м, ҳоло қуллаи Ленин) кашф кард. Осори асосии ў бади вафоташ бо номи «Саёҳати Туркистонии Федченко» иборат аз 5 ҷилд чоп шудаанд. Пиряхи калонтарини Помир номи Федченкоро дорад. (Поёни иқтибос).
Аммо Алексей Павлович дар байни олимони антрополог шўҳрати тамом дошт. Ў китоби Т.Вайнц оиди «Антропологияи халқҳои ибтидоӣ»-ро ба забони русӣ тарҷума карда оиди ин илм мақолаҳои зиёде навиштааст, ки яке аз ин мақолаҳо оиди вижагии фарқкунандаи яғнобиён аз тоҷикони дигар маҳалҳо мебошад. Вақте ки А.П.Федченко ба Осиёи Марказӣ омад, алакай дар байни антропологҳои Урупо ва Русия шўҳрати илмиро соҳиб буд.
Ҳукумат ва олимони буржуазӣ аз олимони ба ин экспедитсия сафарбаршуда барои давом додани сиёсати истисморгарона ва истеъморӣ далелҳои илмӣ мехостанд, аммо олимони поквиҷдон дар назди илми ҷаҳонӣ масъулияти азими худро ҳис карда бештар маводе гирдоварӣ менамуданд, ки хилофи талабҳои ҳокимони ирқпараст аз русу дигар урупоӣ фарқ надоштани одамони Осиёи Марказиро тасдиқ менамуд.
А.П.Федченко соли 1869 аз водии Зарафшон 50 устухони сари одам ва 14 скелет ҷамъоварӣ кард. Ў соли 1870 барои шўъбаи туркистонии нимоишгоҳи политехникӣ талаб намуд, ки ҳамчун намудҳои антропологӣ ҳунармандон интихоб шаванд, то ки дар Русия ҳама бифаҳмад, ки мардуми ин кишвар ҳаматарафа инкишоф ёфтааст ва чунин ҳунармандони баистеъдод дорад.
Ҳамин тавр А.П.Федченко дар ин экспедитсия бо тадқиқотҳои илмии дигар оиди мардумони ин кишвар маълумоти антропологиро низ ҷамъоварӣ мекард. Ҷилди чоруми асарҳои илмии ин экспедитсия бояд ба антропологияи сокинони Осиёи Миёна тахасус дода мешуд. 2 сентябри соли 1873 ҳангоми кўҳбароӣ дар пиряхи қуллаи Монблан Федченко ҳалок шуд. Маводи ҷамъовардаи ўро оид ба антропология донишманди машҳури ин соҳа А.П.Богданов таҳлили илмӣ мекунад.
Богданов хулосаҳои илмии худро соли 1887 ба нашр мерасонад. Ҳанўз қабл аз вафоташ А.П.Федченко анҷоми ин корҳои антропологиро ба Богданов супорида таъкид мекунад: «Сабаби ду хел будани сохти устухони сари мардуми Самарқанд ва умуман мардуми бумии Туркистон ба ду қавм ўзбекҳо ва тоҷикон тааллуқ доштани онҳост». Богданов илова ба бозётҳои илмии Федченко боз 123 устухони сари аз қабристонҳои Фалғар, Оббурдон, Афросиёби Самарқанд, қабристонҳои Самарқанд ва дигар маҳалҳои Туркистон ҷамъовардаро ба тадқиқ гирифта намудҳои хоси ба халқҳои ўзбек ва тоҷик тааллуқ доштаро тасдиқ кардааст.
Ҳамин тавр бори аввал илми антропология чеҳраи хос ва мардумони бумӣ будани ўзбекону тоҷиконро исбот карда буд.
Сипас М.М.Вирский, ки мудири шўъбаи аккосии намоишгоҳи антропологии соли 1879 буд, тадқиқи антропологии тоҷикони Самарқанд ва кўҳистони Зарафшонро давом додаст (Нигаред ба М.М.Вирский. О Самаркандском крае и его обитателях таджиках, Антропологическая выставка 1879 года, т.III.ч.21, М, 1879). Дар ҳамин намоиш зиёда аз 34 акси сокинони Самарқанд ва 6 сурати аккосии рангкардашудаи катибаҳои масҷидҳои Самарқанд чоп шудаанд.
Дертар ба тадқиқи антропологияи тоҷикон Н.В.Богоявленский, В.В.Гинзбург, С.Д.Масловский, А.П.Шишов машғул шуданд. Китобҳои донишманди охирӣ «Тоҷикон» ва «Сартҳо» ба қисме аз рўшанфикрони тоҷик шинос аст.
Аммо фаромўш кардан савоб нест, ки поягузори ин ҳама дастовардҳо Алексей Павлович Федченко буд.
Ба туфайли чунин тадқиқотҳо рўшанфикрони Русия тоҷиконро ҳамчун яке аз халқҳои бостонӣ ва бумии Осиёи Марказӣ мешинохтагӣ шуданд.
Хонанда акнун ёдоварӣ мекунад: Шумо сўҳбатро аз мағзи сари тоҷик сар карда будед…
Оре бисёр муҳим буд дар Русия ҳама бубинанд, ки мағзи сари тоҷик аз дигар мағзҳо камӣ надорад. А.П.Федченко ба дохили зарфи шишагии дорои маҳлули шаффофи кимиёӣ соли 1872 дар Намоишгоҳи Политехникӣ мағзи сари сокини водии Зарафшонро гузошта буд. Ин экспонат рақами 1368-ро дошт. Дар ин намоишгоҳ устухони сарҳо ва скелетҳо аз қабристонҳои Самарқанд, ноҳияҳои болооби Зарафшон ва суратҳои аккосии тоҷикону ўзбекон ва дигар қавмҳои сокини Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Он намоишгоҳ барои таъсиси Музейи политехники Маскав асос гардидааст.
Пас аз 70 соли ин намоишгоҳ боз як намоишгоҳи калони антропологӣ дар Манежи Маскав боз гардид, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошт. Дар он низ дар қатори халқҳои дигари Осиёи Марказӣ устухони калла ва скелетҳои тоҷикон низ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ҳамин тавр ақидаи вайрон вале аз ҷониби туркигароён ва пантуркистон тарғибкунандаи ҳамаи аҳолии Осиёи Марказиро қавмҳои туркӣ ташкил мекунанд ва тоҷикон низ туркони забонашон форсишуда аст, аз тарафи илм бо далелҳои раднопазир ва мантиқи қавии илмӣ инкор гардидааст.
Баробари ин исбот шуд, ки тоҷикон дар тўли таърихи зиёда аз ду ҳазор сол бо қавмҳои туркиву муғулӣ омезиш ёфта қисман чеҳраҳои туркиву муғулӣ пайдо кардаанд. Дар байни ўзбекон низ бо таъсири ҷараёни чунин омезиш чеҳраҳои ба тоҷикон монанд зиёд будпаанд. Хулласи калом, ним аср пеш аз Инқилоби Октябр олимони Русия ба чунин хулосаи қатъӣ омада буданд, ки дар Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим халқҳои турку ориёи паҳлўи ҳам зиндагӣ кардаанд ва тоҷикон дар устухони сар ҳама сифатҳои ориёнажодиро доранд. Ба ин далел мо гуфта наметавонем, ки сабаби асосии дер таъсис ёфтани ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Шўравӣ,барои инкор кардани мавҷудияти халқи тоҷик зиддият нишон додани олимону роҳбарони воломақом ва пантуркистон бехабарӣ аз тадқиқоти антропологии донишмандони рус ва хориҷа мебошад. Онҳо ҳамаи он зиддият ва душманиро нисбати халқи тоҷик бохабар аз ориёнажодии тоҷикон кардаанд.
Дар оини мусулмонӣ бавижа дар он замонҳо майнаи сари мурдаро ҷудо кардан, ё устухони сару скелетҳои мусулмононро аз қабристонҳо кофта гирифтан хатари марговар дошт. Чунин корҳоро мардуми бумӣ дар он замон таҳқир ва хилофи суннатҳои исломӣ меҳисобиданд.
Воқеан ҳам А.П.Федченко ва идомадиҳандагони кори ў ҷасорати бемонанде кардаанд.
Меарзад, ки дар Пойтахти Тоҷикистон ҳайкали Алексей Павлович Федченко гузошта шавад. Меарзад, ки дар китобҳои дарсии тоҷикӣ оиди корномаи илмии ў ҳикояте дарҷ гардад. Донишманди таърих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ с.1994 дар Душанбе китоберо таҳти унвони «Тоҷикон, Перомуни этногенез» чоп кард. Дар ин китоб мардуми яғнобро шомили генофонди миллӣ номида ба чунин хулоса омадааст: «Генофонди тоҷикони ориёнажодро тоҷикони Масчо, Айнӣ, Варзоб, Файзободу Ромит, Комсомолобод, Тоҷикобод, Ғарм, Тавилдара, Дарвоз, Помир, Сарихосор, Ховалинг, Мўминобод, Шўробод ва Даштаҷум буда ташкил менамояд». Аммо рўйхати адабиёти истифодакардаи ў равшан гувоҳӣ медиҳад, ки аз таърихи тадқиқи антропологияи тоҷикон хабар надорад, наввад дарсади асарҳои асосии илмии оиди антропологияи тоҷикон навишта шударо нахондааст ва ба ҳамин сабаб барои чунин хулосаи қатъӣ бароварда тоҷиконро ба асилу ғайриасил, тозаву нотоза тақсим кардан ҳуқуқи маънавӣ надорад.
Сониян, агар Рўдакиву Айниву Ғафурову дигар бузургони фарҳанги тоҷик аз ин харитаи тоҷикони тозанажоди доктори илми таърих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ таҳиядода берун бошад, ба чӣ хулоса меоед?
Яъне тозагии нажод ба пешрафти ақлонӣ монеа эҷод мекунад?
Соли 1954 пеш аз ҷашн дар вақти ба мавзолейи нав кўчондани устухонҳои Абўали ибни Сино Саид Нафисӣ устухонҳои сари Бўалиро аксбардорӣ карда ба академик В.Н.Терновскиий мефиристад. Академик В.Н.Терновский устухони сари Ибн Синоро аз рўи талабҳои илми антропология омўхта бо натиҷаи он антропологи машҳур профессор М.М.Герасимовро шинос мекунад. Сипас М.М.Герасимов дар асоси ин тадқиқот ва аксҳои фиристодаи Саид Нафисӣ сурати чеҳраи сиёҳқаламии Ибни Синоро офарид. Академик В.Н.Терновский дар китоби худ «Ибн Сина», Масква, 1969, саҳ,159 оиди чеҳраи Ибни Сино чунин навиштааст: «Дар чеҳраи ў ягон нишони муғулӣ дида намешавад. Баракс, хусусияти умумии таркиби чеҳра ба намуди аврупоии Мовароуннаҳрӣ – шахсони маъмули ориёӣ наздик аст.» Суоле ба Ю.Яъқубшоҳ: Бигўед, ки Ибн Сино зодаи куҷост? Магар зодаи Бухоро нест? Магар дар Яғноб ё Помир зода шудааст?
Азбаски худи олимони тарихнигори тоҷик солҳои зиёд тадқиқотҳои донишмандони антропологро оиди мардумони Осиёи Марказӣ нодида мегиранд, ва намеомўзанд Г.Хидоятов ном тарихнависи аз Ўзбекистон ба Америка гурехта рафт шерак шуда дар сомонаи бонуфузи Сентралная Азия оиди бумӣ набудани тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, аз ғуломзодаҳо ва асирони ҳарбӣ таъсис ёфтани мардуми тоҷик мақолаҳо навиштааст.
Донишмандони Тоҷикистон бо дидани мақолаҳои ин пантуркисти навбаромад, ба мисли шутурмурғ сар бар хок фурў бурда кун ба душман гардонида хомўш истоданд.
Ташаккур ба Ҳазрат Сабоҳии синамошинос, ки чун Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ мутахасиси этногенез набошад ҳам, раддияе ба мақолаҳои Г.Хидоятов навишта дар сомона чоп кард.
Хонанда суол карданаш аз эҳтимол дур нест, ки чаро донишмандони таърихи тоҷикро коҳиш мекунед, дар ҷое ки кор ҳаст магар нуқсон низ намешавад? Оре, кор бе камбудӣ намешавад, аммо дар илми таърих хусусан дар бахши археология антропология рукни асосӣ ҳисоб меравад. Донишмандони археолог бе ченакҳои антропологи ягон устухони аз шаҳракҳои бостонӣ ёфташударо ташхис дода наметавонанд.

Тоҷикистони Ангуробод

Паёмнигори навқаламе аз як радиои байналхалқӣ шикоят мекард, ки ҳокими фалон ноҳия чанорҳои ду барии кўчаро буридааст, чанорҳо дарахтони миллианд, сояи хуб доранд ва ғайра.
Дарахт миллат надорад. Дарахтон танҳо географияи паҳншавии худро соҳибанд.
Дарахтони сарву санобари сўзанбарг, ки хоси иқлими салқин ҳисоб мешавад, дар минтақаҳои гарм низ паҳн шудааст. Дар замони Искандари Мақдунӣ дар атрофи Самарқанд ва кўҳҳо ҷангали коҷу санавбар будааст.
Солҳои 1969-70 дар идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам. Дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе дарахтони безеби бадбўй зиёд буданд. Бо ташаббуси камина дар ин рўзнома оиди боғдории миллию таърихӣ як мақола чоп шуд. Мири шаҳр пас аз хондани ин мақола фармон дод, ки кўчаҳоро аз чунин дарахтон тоза карда дарахтони манзаравӣ ва буттаҳое, аз қабили арғувон шинонида шавад. Аммо ҳамон вақт дар ниҳолхонаҳо аз дарахтони манзаравӣ танҳо ниҳоли чанор мавҷуд будааст. Ҳамин тавр хиёбони собиқи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) чинорзор гардид. Ва чаноро дар дар дигар кўчаҳо низ шинондан гирифтанд. Ба он сабаб, ки дарахти беор будааст. Ва ба камобию гармӣ тобовар аст. Чинорҳо калон шуданду табибон оиди хосияти аллергонӣ доштани чанги барги онҳо бонги хатар заданд.
Шодравон академик Раҷаб Амонов навишта буданд, ки чанор хоси мазорҳост, рамзи ҷудоист ва онро аз қадим сари роҳҳои калон дур аз манзили инсон мешинонданд.
Тоҷикон аз қадимзамон ба парвариши дарахти ангур эътибор медоданд. Баъзе бозёфтҳои бостоншиносӣ бар ин гувоҳӣ медиҳанд. Аммо инро низ миллӣ гуфтан хатост, зеро гурҷиҳо ва дигар халқҳое зиёданд, ки ангурпарвариро вижагии суннатҳои мардуми худ медонанд.
Дар як барномаи телевизионӣ дидам, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба ангурзор кардани кўҳдоманҳо супориш медод. «Ангуробод» ном ҳикояам ба ёдам омад. Дар атрофи Самарқанд низ кўҳҳо ҳастанд ва ман дар як деҳаи тоҷикнишини он меҳмон шуда дар кўҳ дар ҷои тамоман беоб ангурзори калонеро дидам. Соҳиби боғ акои Абдулло гуфт, ки ҳама ба мардикорӣ ба Русия рафтанд, аммо ман исбот кардам, ки аз замини холӣ ва беоб низ даромади хуб гирифта зиндагӣ кардан мумкин аст.
Нишонаҳои он чизе ки дар «Ангуробод» навишта будам, дар ҳаёт пайдо шуда истодаанд. Хеле хурсандам.

Бесавод кист?

Фолклоршиносони тоҷик даъво доранд, ки дар офариниши адабиёти шифоҳӣ ҳама табақаи мардум, аз ҷумла қисми босаводи он иштирок кардааст ва фикри камина оиди эҷоди асосан мардуми бесавод будани фолклор бепоя аст.
Хуб, фараз кардем, ки чанд фоиз мардуми босавод низ иштирок кардааст, аммо ин далел бар он шуда наметавонад, ки фолклорро эҷоди саводнокон шуморем. Саводнокон бо қалам ба қоғаз фикри худро навишта метавонанд, чи латифа чи зарбулмасал ақалан ба дафтарчаи киссагӣ навишта ба он шакли хаттӣ мебахшанд.
Дар ин замоне, ки омўзгорони босавод ва баистеъдод ба маоши кам қаноат накарда (касе, ки қаноат карда бошад қаҳрамони миллат бояд шумурд) ба дигар кишварҳо ба мардикорӣ ё корҳои ба ихтисосашон номувофиқ банд шудаанд, дар мактабҳо асосан бонувони омўзгор кор мекунанд. Чанд тан мардон низ ҳастанд, ки эҳтимол барои билети ҳавопаймо пул наёфтаанд ва ё сабабҳои ҷиддӣ доранд, ки ба кишварҳои дигар рафта наметавонанд.
Савияи дониши ин чанд нафар баробар нест. Ҳастанд дар байнашон тоифае, ки дар ин латифаи халқӣ ҳаҷв мешавад.

Ман чандсола?
Муаллим ба дарс даромада пурсид:
–Ку, кӣ мегўяд ман чанд сол дорам?
–Чил!
–Не, наёфтӣ!
–Сӣ! Шаст!
–Не наёфтӣ?
Як талаба аз қатори оқиб даст бардошта гуфт: - Муаллим, ман медонам шумо чанд сол доред?
–Хўш, хўш, канӣ бигўй?
–Шумо панҷоҳ сол доред!
–Ў, афлотуне, чӣ хел ёфтӣ?
Бисёр осон. Аком 25 сол дорад. Падарам ҳар рўз ўро «мур ту нимҷиннӣ - мур ту нимҷиннӣ» гуфта мезад. Ман он рақамро ба ду зарб задам.
Маълум, ки ҳамин латифа эҷоди он муаллимони босавод ва боистеъдод аст, ки имрўзҳо онҳоро рўзгор ба мардикорӣ маҷбур кардааст.

Осорхонаи яҳудиён

Дар осорхонаи кишваршиносии вилояти Самарқанд, ки он дар собиқ ҳавлии Абрам Калонтаров ҷойгир аст, намоишгоҳи доимии таъриху зиндагии яҳудиёни Самарқанд кушода шуд.
Ҳамин гуна музейи ягона дар тамоми Осиёи Марказӣ дар Самарқанд бо номи «Яҳудиёни тагҷоӣ» соли 1927 бо роҳбарии Исаак Лурье таъсис ёфта буд. Аммо соли 1938 фаъолияташ қатъ ёфт ва солҳои истибдоди истолинӣ Лурье парронда шуд.
Донишманди этнография Лурье дар ин музей қариб чорсад экспонатро доир ба зиндагии яҳудиён гирд оварда буд. Теъдоди ҳуҷҷатҳои ин музей аз 2000 зиёд буд.
Хусандиовар аст, ки осорхонаи яҳудиён бар асоси маводи зиёди гирдовардаи Лурье, бо ташаббуси Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихи санъат, ҷамъияти яҳудиёни Самарқанд ва кўмаки кумитаи «Джойнт»-и амрикоӣ боз дарашро барои бинандагон боз намуд.
Яҳудиёни Самарқанд асосан тоҷикзабон буданду ҳастанд ва дар фарҳанги тоҷикӣ нақши хоное гузоштаанд. Масалан ҳамин иморати Осорхонаи кишваршиносӣ дар асл меҳмонхонаи тоҷири яҳудӣ Абрам Калонтаров буда намунаҳои беҳтарини ҳунари гачкориву наққошии миллиро дар худ таҷассум кардааст.
Яҳудиён зиёда аз ду ҳазор сол аст, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо баъди ба даст овардани озодии расмӣ бо фармони Куруши Кабир барои зиндагӣ дар марзҳои ин давлати бузург ҳуқуки комил пайдо карда буданд. Дар се толори ин осорхона оиди фаъолияту зиндагии онҳо баъди ба Бухоро ва Самарқанд омаданашон маводи зиёде ба маърази тамошо гузошта шудааст.

среда, 11 июня 2008 г.

«Чашмаҳои меҳрубонӣ»

Бо ҳамин ном китоби нави шеърҳои Акбар Пирўзӣ тавассути нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд ба табъ расид. Оиди шеърҳои ў устоди донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ навиштааст: «Дар шеъри Акбар тасвир афзалият дорад. Вале ин тасвири мафҳум набуда, балки тасаввурест. Гоҳе ҷисмро, гоҳи дигар ҳолро дар тасаввури мо зинда месозад. Дар шеърҳои «Нидои сари Испитамон» ва «Хоки Самарқанд» ҳоли фарди ватанпараст ба тасаввур меояд, умеду орзуи ў дар ҳоли ҷонбохтан ба тасвир зинда мегардад. Шоир рўҳи аз тан паридаи ин қаҳрамони таърихро ба қолаби ёдҳо бозмегардонад ва бо ин ёди мардумро бо ҳодасаи қаҳрамонӣ омўзиш медиҳад. Таъкиди шоир ба ин аст, ки зинда доштани рўҳи қаҳрамонон бояд далолат ба қаҳрамонӣ кунад.

Дар шеъри «Хоки Самарқанд» рамзҳои ин шаҳри пуртаърих дар сурати образҳои шеърӣ ба тасаввури мо медарояд. Мо Самарқандро тасаввур мекунем, ки дар саҳифаи таърих ҳанўз зинда аст, маснади суғдиёни бофарҳангу «нармдиндор» (ифодаи «Ҳудуд-ул-олам») аст».

Акнун «Дарёфтам» ном шеъри ўро аз ин китоб манзури Шумо мегардонам ва дарёбед, ки дар ин шеър шоир чиро дар назар дорад.

Ман туро дарёфтам аз шўълаи шамсу қамар,

Аз суруди пурхурўшу хушнавои шаршара.

Ман туро дарёфтам аз шеваи кабки саҳар,

Аз сари кўҳи баланду

Аз дили дашту дара.

Ман туро дарёфтам аз ранги гулҳои чаман,

Дар шарори шеъри Иқболи бузург астӣ ниҳон.

Ман туро дарёфтам аз ларзиши тори рубоб,

Мешавӣ дар қатраҳои ашки хурсандӣ аён.

Ман туро андар ҷасурию далерӣ кофтам,

Дар бузургию баландиҳо туро дарёфтам.

Ҷавоби худро дар гўшаи «комментария»-и ин блог нависед.

вторник, 10 июня 2008 г.

Интернет ва тоҷикон

Ба Интернет ҳама халқҳои ҷаҳон ниёз доранд, аммо эҳтиёҷи тоҷикон бар он бештар аст. Сабаб – қафомонии иқтисодӣ, ва парешон дар кишварҳои гуногун зистани тоҷикон, мардикории онон дар кишварҳои дигар аст.

Сабаби якум иқтисод гуфтем. Ба кишваре, ки бо Интернети тезсуръат пайваст нагардидааст ва дар ҳар гўшааш Интернетро ривоҷ надодааст, сармоядорони хориҷӣ сармоя ворид намуда ба ривоҷи саноату хоҷагии деҳот даст намезананд. Зеро Интернет воситаи асосии алоқа барои бизнесменҳои хориҷӣ аст.

Ҳанўз 8 сол қабл котиби давлатии ИМА Мадлен Олбрайт ҳангоми сафараш ба кишвари Ўзбекистон гуфта буд, ки Интернет барои пешрафти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамон нақшеро бозиданаш мумкин аст, ки Роҳи бузурги абрешим дошт.

Аммо ба сабабҳои гуногун кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мисли кишварҳои Ғарб Интернетро дар марзи худ васеъ ҷорӣ карда натавонистанд ва ин оқибмонии онон ба ривоҷи иқтисодӣ таъсири манфӣ дорад.

Дар ҳар як мактаб кушодани як синфи компютерӣ ҳанўз ҳам барои бисёр мактабҳои тоҷикӣ орзуи дастнорас гардидааст.

Барои мардуми камбизоат дастрасӣ ба Интернет ҳанўз ҳам муаммост. Зеро ба мисли кишварҳои дигар дар Тоҷикистон интернет-қаҳвахона ё интернет-чойхонаҳои маҷҷонӣ барои мардуми камбизоат, донишҷўён, нафақахўрон аз ҷониби давлат таъсис дода нашудааст.

Азбаски Интернет ба пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар лозим аст, барои пешрафту вусъати он пеш аз ҳама давлату сарвари миллатдўст манфиатдор аст.

Манъ кардани Интернет имрўз баробар ба он аст, ки аэропортҳо, роҳои оҳану автомобилро бубанданд. Бе он туризм ва бизнес як қадам ҳам пеш рафта наметавонад.

Интернет имкон медиҳад, ки ҳар як тоҷики аз ватан дур афтода аз фарҳанги тоҷикӣ ҷудо нашавад, забон ва суннатҳои некӣ тоҷикиро фаромўш накунад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як нашрияи тоҷикӣ дар Интернет сомонаи худро дошта бошад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳама китобҳои адибони бузургро дар Интернет ҷой диҳад. Як хонандаи блог аз Олмон мепурсад, ки чӣ тавр бо осори Улуғзода дастрасӣ пайдо кунад.

Ман худ дар Самарқанд наметавонам аз Интернет маҷаллаи «Садои Шарқ» ё ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро бихонам.

Сабаби асоси ин аст, ки дар Интернет сомонаҳои ин нашрияҳо боз нагардидааст. Эҳтимол мушкилоте доранд, ки бе кўмаки ҳукумат ҳал намегардад.

Интернет имкон медиҳад, ки ҳар як тоҷики бекор барои худ кори муздаш даҳчанд баландтар аз Русия ва Қазоқистонро дар кишварҳои дигари пешрафтаи Ғарб пайдо намояд. Барои ин ў муомила бо компютер ва роҳи истифода аз Интернетро омўхтанаш лозим аст.

Ман ҳар рўз барномаҳои телевизионҳои форсиро тамошо мекунам. Рўзи чоршанбе қариби саоти 16-и Самарқанд ТВ «Tapesh» ва дар ҳамин вақт (+30 дақиқа) ТВ «Ориёно» барномаҳои «Ошноӣ бо компютер» пениҳод мекунанд.

Телевизионҳои Тоҷикистонро лозим аст, ки дар ин соҳа як барнома барои кўдакону ҷавонони навомўз, як барнома барои калонсолони таҷрибаи корӣ бо компютер дошта омода кунанд. Замона чунин талаб дорад! Илми замонавиро танҳо бо воситаи Интернет метавон гирифт. Интернет дарвозаи имкониятҳои бузург аст.

Бе Интернет ба пешрафти фиқрӣ ноил шудан имкон надорад.

суббота, 7 июня 2008 г.

Гарди анҷуми Абдулло

Солҳои ҳаштодум адибони навқалам ба Анҷумани омўзишии адибони ҷавон ба Душанбе аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даъват шуда буданд, аз ҷумла аз Ўзбекистон низ. Аз устод Лоиқ пурсида будам, ки дар байни шоирони ҷавони тоҷикони Ўзбекистон касе ҳаст, ки дар оянда шоири намоён шавад? Устод Лоиқ гуфта буданд, ки аз Абдулло Субҳон, ки шоири баистеъдод аст, умеди зиёде дорем.

Абдулло Субҳон солҳои зиёдест, ки шўъбаи адабиёт ва фарҳанги рўзномаи «Овози тоҷик»-ро сарвари мекунад. Маҷмўаҳои шеърии ў «Мушки субҳ» соли 1988 дар Душанбе ба табъ расида буд, соли 1972 китоби дигари шерҳои ў «Нидои сарбадор» дар Тошканд ба табъ расид. Соли 2000-ум дар Тошканд китоби саввуми ў «Уфуқи пиндор» чоп шуда буд.

Абдулло дирўз аз сафари хидматиаш ба Тошканд бармегаштааст ва дўстеро дар Регистони Самарқанд дучор шуда китоби нави шеърҳояшро дода илтимос кардааст, ки ба камина расонад.

Китоби навашро кушодаму ба ин сатрҳо чашмам афтод:

Бар гўри муслим мезананд абрўи моҳро баъди марг,

Абрўи ту оро диҳад хоҳам сари гўри маро

Шабҳо тамошояш кунам, бо абрў имояш кунам,

Бо абрў имояш кунӣ, шояд, ки бархезам зи ҷо.

Дар шеърҳои Абдулло чунин бозёфтҳои ҷолиб ҳастанд.

Чун арзи сипос барои ин маҷмўа ҳоло чанд дубайтии шоирро аз китоби наваш манзури хонандагони блоги худ мекунам.

Чаро оқил дар ин дунё забун аст,

Дарахти орзуяш сарнагун аст?

Хурад ҷоҳил май аз хумхонаи давр,

Вале пур ҷоми оқил з-ашку хун аст.


Қабои рўзгорон пора дидам,

Дарунаш мардуми овора дидам.

Вале дар синаи айёми хунсард,

На дил, як пора санги хора дидам.


Ба дил огоҳ аз набзи замон бош,

На хоҷа, на ғуломи дигарон бош.

Дар он ҷо, ки адолат зери по монд,

Саропо нола бош, оҳу фиғон бош.


Чӣ хуш, завлонаи поро шикастӣ,

Расанҳои ғуломиро гусастӣ.

Биёмад навбати завлонаи фикр,

Гар онро ҳам шикастӣ, дон, ки растӣ.


Яке доно, яке нодони нодон,

Яке ҷамъу дигар титу парешон.

Ба сурат гарчи якрангасту яксон,

Баробар нест панҷ ангушти инсон.


Бизан теғу мазан теғи забонро,

Макаш он ханҷари номеҳрубонро.

Ки аз тан захми теғ осон бикўчад,

Забон захмӣ кунад умре равонро.


Маро ин ҳамнафас хуни ҷигар кард,

Ки созаш савту оҳанги дигар кард.

Ман аз ғамҳои миллат лаб кушодам,

Вай аз нархи наво ҳангома сар кард.


Ба ҷуз қасри муроди дил насозем,

Ба савти сози бегона набозем.

Саманди худ барад моро ба манзил,

Агарчи дар сари роҳи дарозем.


Тавонбин кай шавӣ, ай нотавонбин,

Фақат худро набин, ҳам дигарон бин.

Ки аз роҳи тавонбинии мардум,

Басе худбин бишуд марди ҷаҳонбин.


Яке гўяд: дурушту дилхарошӣ,

Бигўяд дигаре марди явошӣ.

Вале гўяд дили ҳақпарвари ман,

Ту ҳам дорӣ набардеву талоше.


Яке рўбаҳмизоҷ омад, яке шер,

Яке барвақт зоду дигаре дер.

Дириданду фурў бурданду хўрданд…

Нашуд аз моли дунё ҳеҷ кас сер.

пятница, 6 июня 2008 г.

Ин шўру ғавғо аз куҷост?

Табиист, ки хабари дигар шудани мақоми блоги «Андеша» хонандагони онро хеле ғамгин кардааст. Ин чанд сабаб дорад. Сабаби якум ин аст, ки дар фазои интернетӣ тоҷикон ҳоло ягон манбаи ахборӣ, ки ин тавр ба таври хос ба паҳлўи дигари масъалаҳо нигоҳ кунад, надоранд.

Дуввум ин ки дар гузоришҳои «Андеша» мавқеи муаллиф нисбати миллат ва фарҳанги он хеле дилсўзона аст ва ҳар як фарде, ки дардҳои ин миллатро амиқан дарк намуда шабҳо садҳо болиштро аз ашки сўзон тар кардааст, дар симои муаллифи «Андеша» як ҳамфикру ҳамдарду ҳамдили хешро пайдо карда буд.

Саввум ин ки муаллифи «Андеша» ҳаргиз аз доираи одоб берун нарафтааст ва доим мекўшид, ки аз майдони танқид ба майдони таҳкир пой нагузорад.

Бо вуҷуди ин блоги «Андеша» мисли блогҳои дигар аз ифодаи субъективӣ холӣ набуд. Дар ҷое, ки танҳо як кас кор мекунад, танҳо ақидаҳои ҳамон як кас ифода меёбад. Дар блоги «Герби шердор» низ (шарҳнависонро сарфи назар кардам) танҳо фикрҳои шахсии як адиб – Адаш Истад ифода ёфтааст, ки субъективист. Блог бо ҳамин вижагӣ аз сайт яъне сомонае чун Jadidonline.com фарқ дорад.

Ҳар як чунин падида дар натиҷаи эҳтиёҷ ба вуҷуд меояд ва эҳтиёҷ, ки намонд, чунин падида аз байн меравад.

Аҷобати кор дар он аст, ки блоги сиёсиву фарҳангии «Андеша» дар вазъи ташнагии хонандагони тоҷики интернет ба чунин намуди нашрия ва мақолаҳои киноядор мақоми худро тағйир дод, яъне аз сиёсат даст кашид.

Дар ин сурат даҳҳо ва дар оянда садҳо блогҳои сиёсии шахсӣ пайдо мешаванд, ки ин корро дар сатҳи баланди фарҳангӣ анҷом надода ба таҳқиру дашном даст хоҳанд зад. Зеро ҳамаи онҳо бо имзои мустаор амал карда беҷазо монданашонро хуб медонанд. Эҳтиёҷ, ки вуҷуд дорад, онҳо чун замбурўғҳо пас аз раъду борон дар ҳама ҷо арзи вуҷуд мекунанд.

Профессор Иброҳим Усмон институти махсус таъсис дода дар он хакерҳои боистедодро тарбия карда ба воситаи он хакерҳо ба тамоми компютерҳои чунин блогнависон вирусҳои навтаринро фиристонад ҳам, ҳукуматро аз таҳқиру дашном халос карданаш дар гумон аст.

Тоҷвар як сабаби вогузоштани кори «Андеша»-ро ба шахси дигар сиҳатии худ гуфтааст. Табиист, ки вобаста ба воқеоти Тоҷикистон пас аз кори пурзаҳмати рўзона ҳар шаб қалам ба даст гирифта як фикри тоза ёфта навистан худфарсоист ва ба сиҳатӣ бетаъсир намемонад. Ва ба ин мақолаҳо касе ҳаққи қалам низ намедиҳад.

Ба фикрам барои дигарандешони тоҷик таъсиси як сомонаи махсус лозим аст, ки дар он бе ҳеҷ бим бо ному фомили хеш мақолаҳои сиёсӣ ё танқидии худро дарҷ кунанд.

Агар ягон созмони байналхалқӣ маблағгузории чунин сомонаро бар ўҳда бигирад. Он гоҳ хонандагони тоҷики интернет аз хондани ақидаҳои субъективии блогнависон хондани чунин сайтҳоро беҳтар медонанд.

Онҳое, ки ба Тоҷвар фишор овардаанд, намедонанд, ки блог худаш чист. Агар образнок карда гўем, ин як таппончаест, ки садояш баланд аст, вале тираш касеро накуштааст, зеро патронаш борут дораду сурб не.

Агар онро кашида гиред, вай метавонад биравад, аз ягон қубури чўянӣ тўп бисозад. Зеро таппончаро гирифта метавонеду борутро не. Борут ин гапҳоест, ки дар дилаш ғун шудааст. Агар берун накунад, дилаш метаркад.