воскресенье, 13 апреля 2008 г.

Ҳаммомҳои бобоӣ чӣ хел буданд?

Кай Душанбе соҳиби ҳаммоми миллӣ мешавад?

Дўсти шоирам Акбар Пирўзӣ, ки ба забони инглисӣ ба сайёҳон аз гузаштаву имрўзаи шаҳри таърихии мўъҷизаҳои бузург – Самарқанд бо ифтихор ҳикоят мекунад, аз камина хоҳиш намуд, ки дар бораи гармобаҳои таърихии Самарқанд мақола нависам. Магар осон аст, навиштани чунин мақола, вақте ки аз он ҳаммомҳои дерини таърихӣ қариб чизе боқӣ намондааст? Гўё ки мо дирўз баъди устувор шудани ҳокимияти шўравӣ чӣ будани ҳаммомро фаҳмидем. Ба ин сафсата касе бовар намекунад, вале агар як сайёҳ аз кишвари бегона биёяд ва иморатҳои кўҳнаи Самарқандро бинад, ҳатман суол хоҳад кард: — Он пойдевори ҳаммоме, ки дар Кўксарой (Арки Олӣ) ба ман нишон додед, аз они ҳоким аст. Магар мардуми шаҳри кўҳна ҳаммомҳо надоштанд?

Саволест табиӣ ва мо бояд ба он ҷавоб диҳем. Ин саволро хоҳ-нохоҳ насли оянда низ ба мо хоҳад дод: “Эй бобо, ҳаммомҳои бобоҳои ту чӣ гуна буданд ва чӣ шуданд?”. Инсони маданӣ аз инсони бемаданият бо он фарқ мекунад, ки шаҳр дораду шаҳр ҳаммом. Маданият калимаи арабӣ буда аз калимаи мадина, яъне шаҳр ҳосил шудааст. Ҳаммом ин пеш аз ҳама гигиена аст, барқароркунии саломатист ва ин тавр ки бошад, маълумотро дар бораи он аз асарҳои Ибни Сино ҷустан лозим аст. Асри даҳи мелодӣ, ки дар он замон Ибни Сино зандагӣ кардааст, як навъ давраи эҳёи анъанаҳои бостонӣ буд. Ва Бўалӣ низ мақоми ҳаммомро дар зиндагии инсони асри даҳум муайян кардааст. Ибни Сино дар асари худ “Дафъ-ул-мазор...” (мазор ба маънои зарар) менигорад, ки асоси иморати ҳаммомро се хона – хонаи ҳавояш мўътадил (на хунуку на гарм), дуюм, хонаи ҳавояш каме гармтар (вале на хафакунанда), саввум, хонаи ҳавояш гарми барои нафаскашӣ осон ташкил мекунад. Сўзон набошад, таъкид кардааст Ибни Сино. Зеро ба қавли ў, ҳаммоми зиёда сўзон моддаҳои лахташударо ба мағзи узвҳо расонида дар узвҳо гиреҳ ва варамҳо ҳосил мекунад. Ҳаммоми беҳад гарм варами пардаи шуш, дарди сари сахтро ба вуҷуд оварда сабабгори саръ (эпилепсия) ва сакта (фалаҷ, яъне шал шудан ба сабаби кафидани рагҳои хунгарди майнаи сар) мегардад. Ибни Сино огоҳ кардааст, ки ҳаммоми хунук низ безарар нест. Ҳаммоми хунук, ба қавли ў, дардҳои вараммонанд, хоришмонанд, зуком (тимоқ) ва халаро пайдо мекунонанд. Ибни Сино тавсия кардааст, ки барои дафъи зарари ҳаммоми гарм бояд оби (шарбати) биҳӣ, ғўраоби ангур барин нўшобаҳои пасткунандаи гармиро нўшид. Аммо ҳарорати ин нўшобаҳо мўътадил бояд бошад. Пойҳоро дар оби хунук нигоҳ дошта баъди соате аз китфонаш резад ва дасташро ба оби хунук тар карда ба сараш молад, обро кам-кам ба бадан резад. Барои дафъи ҳаммоми хунук маслиҳат додааст, ки зарардида бояд бо рехтани оби гарм, соиш ва молиш арақи баданро барорад. Сипас бо рўмоли гарм сарро баста ба чизи гарм печида хоб равад. Ибни Сино ба зарардидаи ҳаммоми гарм ором дар бистари нарм хобиданро маслиҳат додааст. Ибни Сино огоҳ кардааст, аз берун якбора ба гармхонаи ҳаммом (яъне дар хонаи хунуку илиқи он наистода) даромадан ва аз он якбора ба берун баромадан 7-8 хел касалиро ба вуҷуд меорад. Ибни Сино гуфтааст, ки дар ҳаммом аз оби шўр истифода накунанд, зеро он баданро лоғар карда, ба чашм зарар дорад, эҳсосро кунд мекунад, боиси дарди чашму назла мешавад. Оби зокдор (зок – намакҳои туршии гўгирд) боиси рагкашӣ шуда, оби кибритӣ (гўгирддор) обхўрда ва зардпарвинро сабабгор хоҳад шуд. Аммо, ба қавли ў, оби оҳандор нафъи зиёде дорад.

Ҳаммомро чӣ тавр бояд қабул кард? Масалан, барои шахсоне, ки мизоҷашон мўътадил аст, Ибни Сино маслиҳат медиҳад, ки дар ҳар хонаи ҳаммом яксоатӣ масҳ (массаж) намуда то мулоим шудану арақ кардани бадан сабр намоянд. Сипас обро аввал ба китфону дигар узвҳо, баъд ба сар резанд. Баъди ин сарро нармакак фишору молиш дода шуста тана ва банду бастҳоро молиш додан лозим аст. Молишро аз ҳад гузаронед, дучори беқувватӣ, ҳаяҷони талха гардида табатон баланд мешавад, огоҳ кардааст ў. Барои рафъи зарари он хўрдани гулобу сиканҷабин, кашк (чаккаи хушк) ва зардии тухмро тавсия намудааст. Ибни Сино баъди хўрдани таом фавран ба ҳаммом даромаданро манъ мекунад. Чунин амал дар ҷигар ва рагҳои хунгард тугунҳоро ба вуҷуд меорад, гуфтааст Шайхурраис. Дар ҳаммом зиёд истодан низ касро хаста мекунад. Хусусан, дар ҳаммом ва баъди он пиво (оби ҷав) ва оби хунук нўшидан хатари калон дорад. Чунин амал барои касалии обхўрак (водянка) шароит фароҳам меоварад. Дар ин сурат зуд оби сабзӣ ва шароби соф (яъне арақ ё коняк) бояд нўшид. Агар бо шиками сер ба ҳаммом даромада бошед, баъди он ҳатман оби себ, оби биҳӣ ё шарбати олуро бояд нўшид. Қайдҳои Ибни Сино дар бораи ҳаммом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳазор сол пеш ў қоидаҳои қабули ҳаммомро, ки пешгузаштагон дар таҷрибаи бисёрасра ҳосил кардаанд, ҷамъбаст намудааст. Касе, ки ҳафтае як бор ҳаммом меравад, касал намешавад. Ин нуктаро, ки дар латифае баён шудааст, ба Ибни Сино нисбат додаанд. Аммо ривоят ривоят асту асари хаттӣ далели раднопазир. Дар таърихи фарҳанги мо Ибни Сино чӣ мақому манзалат доштани гармобаро ҳамчун табиби машҳур аз нуқтаи назари тибби замони худ равшан муайян кардааст. Донишмандони муосири илми тиб ҳанўз ҳам бисёр гуфтаҳои ўро тасдиқ намуда ба баъзе бемороне, ки гармӣ ба онҳо хатар дорад, ҳаммомро манъ мекунанд.

Китоби “Қобуснома”-ро Унсурмаолии Кайковус солҳои 1082-83 барои писараш Гелоншоҳ ҳамчун маҷмўаи панду андарзҳо навиштааст. Гелон як вилояти Эрон аст дар назди баҳри Каспи (Хазар), аммо забоне, ки ин китоб ба он навишта шудааст, забони адабии онвақтаи Эрон нест, забони тоҷикии давраи Сомониён аст, зеро муаллифи он бо доираи адабии Сомониён (Бухоро) алоқаи наздик доштааст,– гуфтааст шарқшинос Е.Э.Бертелс. Ин китоб аз 44 боб иборат буда, як боби он ба қоидаҳои ҳаммомравӣ бахшида шудааст.

Унсурмаолӣ бо шиками сер ба ҳаммом рафтанро зарарнок меҳисобад. Ҳар рўз ба гармоба даромадан фоида надорад, гуфтааст ў, зеро асаб ва пайвандҳо мулоим шуда мустаҳкамӣ осеб мебинад. Дигар ин ки узвҳо ба ҳаммоми ҳаррўза одат мекунанд ва як рўз бе ҳаммом монанд, дурушт мегарданд. Ба ин сабаб, ҳар ду рўз як бор вориди гармоба шудан беҳтар аст. Унсурмаолӣ маслиҳат додааст, ки баъди аз хонаи либоскашӣ ба хонаи якуми ҳаммом (яъне хонаи мўътадил) даромадан камтар нишин, то вақте ки бо табиати он бадан мутобиқ шавад, сипас дар хонаи дуюми гармтар низ ҳамин тариқ ва баъд дар хонаи тафсон чандон нишин, ки аз он баҳраманд шавӣ. Вақте ки гармӣ ба бадан таъсир кард, ба хилватхона бирав ва сару танатро бишўй. Яъне, дар ин се хона шустушўй манъ будааст. Шустушўйро дар хилватхона мекардаанд. Чунон ки Ибни Сино низ гуфтааст. Унсурмаолӣ дуру дароз дар ҳаммом будан ва ба бадани худ рехтани оби хеле хунук ва хеле гармро зарарнок ҳисобида, маслиҳат медиҳад, ки об бояд мўътадил бошад. Ў бо мўйҳои тар аз ҳаммом берун омаданро беодобӣ мешуморад. Муаллифи “Кобуснома” низ чун Ибни Сино нўшидани пиво ва обро дар ҳаммом зарарнок ҳисобида таъкид мекунад, ки чунин амал касалии обхўракро ба вуҷуд меорад.

Касе, ки ҳаммоми Бозори Сандуқ ва гармобаи назди масҷиди Хоҷа Аҳрори Самарқандро дар ёд дорад, медонад, ки ин қонуни гигиенаи асримиёнагӣ – дар хунукхонаву гармхонаи ҳаммом шустушўй накардан барҳам хўрда буд, ба ин сабаб, гарчанде ин хонаҳои гунбаздорро бо ишқори хлор тоза мекарданд, бўи бадро аз он дур кардан мушкил буд, ба сабаби барои шустани бадан рехтани об миқдори нам дар ин хонаҳо баланд шуда, нафаскаширо душвор мегардонд. Азбаски ҳаммоми миллӣ чунин суннатҳои гигиении худро аз даст дод, одамон кам мерафтагӣ шуданд, ҳаммомҳои деҳаи Хоҷа Аҳрор ва Бозори Сандуқ хилватхона доштанд, аммо дар ин хилватхонаҳо шустушўй намекарданд, онҳо барои тарошидани мўи бадан истифода мегардиданд.

Ҳаммом дар фарҳанги мардуми тоҷик мақоми хоси худро дошт. Дар байни маросимҳои тўйи никоҳи тоҷикӣ маросиме ҳаст, бо номи “ҳаммомбарон”. Дар ин маросим пеш аз тўйи арўсӣ дугонаҳои арўс ҷамъ шуда арўсшавандаро бо рақсу суруд ба ҳаммом мебурданд. Арўс ба ҳама иштирокчиёни ин марака, яъне дугонаҳояш рўймолча тўҳфа мекард. Баъди ҳаммомбаророн маросими ҳинобандон сурат мегирифт ва ба дасту пои арўс ҳино мебастанд. Дар бисёр маҳалҳои тоҷикнишин ин маросим “саршўён” ном дорад ва дар оғози он пиразани серфарзанд ба сари арўсшаванда як коса шир мерезад.

Тибқи маълумоти қомусӣ дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои X-XII меъмории ҳаммомсозӣ шакл гирифтааст. Барои он ки дар фасли зимистон гармиро дар дохили ҳаммом беҳтар нигоҳ доранд, хандақ канда бинои ҳаммомро дар зери замин месохтаанд. Дар ҳаммомҳои Мисгарон ва Саррофони Бухоро ин манзараро дидан метавон. Дар рўи замин танҳо гунбазҳо намоёнанд. Толори сутундори чойнўшиву либоскашии ин ҳаммомҳо дар рўи замин сохта шудаанд сипас бо зинапоя ба хонаҳои асосии ҳаммом мефуроянд. Дар байн як толори калони гунбаздор ҳаст, ки хонаи масҳ мегўянд ва мизоҷон баъди шустушўй ва мулоим кардани бадан аз хидмати масҳгарон истифода мебаранд.

Ҳоло баъди тармим ҳаммоми Саррофон қаҳвахона ва музей шудааст, зеро масъалаи сўзишворӣ муаммо гардидааст. Барои чунин ҳаммомҳо истифодаи газ манъ аст, онҳоро танҳо бо салярка, ҳезум, ангишт ё нерўи барқ гарм кардан лозим меояд. То солҳои чилум 18 ҳаммоми миллии Бухоро амал мекард, ҳоло танҳо ҳаммомҳои Кунҷак ва Мисгарон амал мекунанд. Ҳаммомҳои миллӣ дар шаҳрҳою ҷойҳои сераҳолӣ барои занҳо ва мардҳо қисмҳои ҷудогона доштанд.

Аммо дар ҷойҳое, ки аҳолӣ кам аст, барои занҳо хонаҳои алоҳида намесохтанд ва баъзе рўзҳои ҳафтаро барои занҳо муқаррар мекарданд. Азбаски дар Туркия суннатҳои ҳаммомсозии шарқиро беҳтар ҳифз кардаанд, дар ҷаҳон ҳоло ҳаммоми туркӣ шўҳрати зиёдтаре дорад. Сабабҳои аз байн рафтани гармобаҳои миллӣ зиёданд. Аммо сабаби асосӣ ба ҳаммоми миллии мо ҳамчун ба боқимондаи ҷамъияти феодалӣ нигаристани Маскав буд. Он вақт аз Маскав фармоиш шуда буд, ки ҳаммомҳоро чун хонаҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ аз рўи лоиҳаи ягона бисозанд. Ҳаммомҳои типиро дар шаҳрҳо барои қабули 50-300 кас, дар деҳот барои қабули 10-50 кас месохтанд. Барои як кас дар гардероб 0,35 метри мураббаъ, дар хонаи масҳу интизорӣ 0,75 метри мураббаъ, дар хонаи либоскашиву либоспўшӣ 1,3 метри мураббаъ, дар хони шустушў аз 2,25 то 2,40 метри мураббаъ, дар душ 3,5 метри мураббаъ ҷой муқаррар кардаанд. Миқдори об ба ҳар мизоҷи ҳаммоми шўравӣ 150 литр буд. Ин нормаҳоро сарфи назар кардан боиси ҷазо гирифтани роҳбарон мегардид. Бо вуҷуди ин роҳбароне пайдо мешуданду ҷасорат карда ҳаммоми миллӣ месохтанд. Яке аз чунин роҳбарон Раббим Зиёевич Ортиқов – собиқ роҳбари ноҳияи Самарқанд буд, ки дар Хоҷа Аҳрор ҳаммоми миллӣ ва ҳавзи бузурге сохт. Дар гирди ин ҳавзи бузург бори аввал иди Меҳргонро бо номи Иди ҳосил гузаронд. Аммо намонданд, ки чунин корро давом диҳад. Афсус, ки чунин роҳбарони ҷасур нодир буданд. Ҳаммоми Хоҷа Аҳрор дар Хоҷа Кафшер бино кардаро раиси колхоз Усмон Самеев дар шакли замонавӣ аз нав созонда буд.

Дар Осиёи Марказӣ роҳбари Қазоқистон Динмуҳаммад Кўнаев ҷасорат карда, дар Алмаато ҳаммоми миллӣ сохта буд, аммо барои он ки бо айби кўҳнипарастӣ ё миллатпарастӣ аз вазифа озод накунанд, боз се ҳаммоми замонавии гуногун аз ҷумла аврупоӣ дар паҳлўи он ҳаммом бунёд кард.

Акнун метавонем оиди чигунагии ҳаммоми асримиёнагии миллии Мовароуннаҳр баъзе хулосаҳоро баён кунем. Якум, дар асрҳои X-XII ҳаммоми миллии мо аз ҷиҳати сохт пурра шакл гирифта буд. Дар он толори либоскашӣ ва масҳ, хонаи муътадилҳаво, хонаи ҳавояш гарм, хонаи ҳавояш гармтар ва хилватхона вуҷуд доштанд. Хонаи дегҳои оби гарм низ буд. Ба ғайри хилватхона дар хонаҳои дигари ҳаммом шустушў намекарданд. Ҳаммомҳо гунбаздор буданд. Фарши ҳаммомро аз мармар сохта аз зери он дудбарои оташхонаи ҳаммомро мегузаронданд. Дуду оташ аз оташдони дегхона аввал зери замини хонаи гарм меомад, сипас бо навбат ба зери хонаҳои дигар рафта, аз қубурҳои мағзи девор ба мўрӣ мебаромад. Оташхонаи ҳаммомро “гўлах” мегуфтанд ва алавмонро “гўлахӣ”. Дар он замон сўзишвории дастрас ҳезуми дарахтон буд. Гунбазу деворҳои ҳаммомро аз хишти пухтаи обногузар, оташхонаро аз сангу хиштҳои ба оташ тобовар месохтанд. Ҳаммомҳои калони шаҳрӣ, ки дар як рўз ҳам мардонаю ҳам занона буданд, табиист, ки аз ин хонаҳо дутогӣ доштанд. Яъне ду ҳаммоми паҳлўи ҳам зич қомат меафрохт. Ҳаммомҳои Бухоро дар шакли нимтаҳхона, гармобаҳои Самарқанд, ки агар ҳама ба ҳаммоми Бозори сандуқ монанд бошанд, рўизамини буданд. Дар хонаҳои гуногуни онҳо нигоҳ доштани режими махсуси ҳарорат ба ҳунари устоҳои ҳаммомсоз ва кори гўлахиён вобаста буд. Ин хел ҳам бисёр воқеъ шудааст, ки хонаи мўътадилҳавои ҳаммоми мавзеи Хоҷа Аҳрор зимистон хунук буд, хонаи гармаш – илиқ, ин бошад, ихлоси мардумро аз ҳаммоми миллӣ мегардонд. Толори либоскашӣ боз зиёдтар хунук буд. Ҳарчанд ходимони ҳаммом чойи гарм медоданд, бо лўнгиҳои тоза ва собуну шампун таъмин мекарданд, мизоҷ он кайфияте, ки аз ҳаммоми шарқӣ мегирад, дигар гирифта наметавонист. Зеро дар ҳар хонаи он шустушў кардан мумкин буд, хонаи масҳи бадан ва хонаи гарм як буд ва ғайра. Чуноне ки дар дастхатҳои қадима сабт шудааст, дар ҳаммом на танҳо гулобу шарбатҳои мева мефурўхтанд, балки барои масҳи бадан равғану хушбўиҳои гуногунро истифода мебурданд.

Гиле хушбўй дар ҳаммом рўзе,
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ў гуфтам, ки мушк
ӣ ё абирӣ,
Ки аз бўйи диловези ту мастам?

“Гулистон”-и Саъдӣ бо ҳамин байтҳои машҳур сар мешавад. Ё ба ёд оред ривоятеро, ки вақте ҳаққи қалами “Шоҳнома”-ро ба Фирдавсӣ бурданд, ў дар либосхонаи ҳаммом буд ва дид, ки ба ҷои тилло ба ў нуқра фиристодаанд, аз ходими ҳаммом як коса шарбат талабида нўшиду ба баҳои он ҳамаи пули нуқраро дода берун рафт. Ҳаммоми миллии деҳаи Хоҷа Аҳрор ба мисли ҳаммомҳои аврупоӣ ҳуҷраҳои яккаса (номер) низ дошт. Дар он ҳуҷраҳои яккаса душ низ кор мекард, яъне бартарии ҳаммоми аврупоиро низ дар худ муҷассам карда буд.

Оё барқарор кардани ҳаммоми беҳтарини миллӣ мумкин аст? Ба фикри камина, имкон дорад. Барои ин пеш аз ҳама режими гармии ҳаворо дар хонаҳои алоҳидаи он ба тартиби муайян нигоҳ доштан лозим меояд. Истифодаи ҳароратсанҷи симобӣ ба сабаби заҳри қаттоли симоб мумкин нест, аммо ҳароратсанҷҳои ғайрисимобӣ зиёданд, ки метавон истифода бурд. Ва агар тавонанд, ки хонаҳои онро ба ҳавои тозаю хушк таъмин кунанд, яъне вуруди ҳавои тоза аҳамияти калон дорад. Ҷиҳати дигар, барои сохтани фаршу суфаи он интихоби он намудҳои мармар, ки шифобахш ҳисоб меёбанд, муҳим аст. Саввум, риояи тартибу интизоми ҳаммоми миллӣ муҳим аст. Дар ҳаммоми миллӣ тамоман бараҳна даромадан манъ аст, лўнгӣ истифода мешавад. Танҳо хилватхонаи он, ки бо деворчаҳои баландиаш то гардани одам ҳуҷрачаҳои алоҳида сохтаанд, метавон лўнгиро боз намуд ва шустушў кард. Азбаски ҳаммом ҷои ҷамъиятӣ аст, ба он одами нўшида, дар даҳон сигордошта, ё ноқисулақлро роҳ намедоданд. Дар ҳар 10-15 дақиқа ходими ҳаммом ба хонаҳо даромада месанҷид, ки тартибу интизом чӣ тавр риоя мешавад, мизоҷон чӣ шикоят доранд, ё ба собуну шампун ва ғайра талаб ҳаст? Аммо ғайри хонаи либоскашӣ дар дигар хонаҳои он ҳатто чойнўшӣ манъ аст. Бо овози баланд сухан кардан боиси вуҷуди гунбазҳо мағал ҳосил мекунад ва мардум кўшиш мекарданд, ки бо садои паст ҳарф зананд. Дар либоскашак нимкатҳо гузошта мешуд, ки шахси аз ҳаммом баромада барои тамоман хушконидани худ ва истироҳати бадан дар онҳо дароз кашида соате мехобид. Ҳаммомҳои миллӣ ба ғайри дўкони собуну сачоқ, чойхона ва сартарошхона низ доштанд. Яъне ҳаммом на танҳо ҷои шустушў, балки бо истироҳату масҳ асосан ҷои баргардондани нерўи бадан, солимгардонии узвҳо буд. Чунин ҳаммом табиист, ки мизоҷони зиёде хоҳад дошт ва ҳеҷ вақт муфлис нахоҳад шуд. Дар Самарқанд ду ҳаммоми гунбаздори миллӣ, ки имрўз низ фаъолият мекунад, байни мардум машҳур гардидааст. Яке ҳаммоми “Поварот” дар кўчаи ҳозираи Спитамен ва дигаре, ҳаммоми гузари яҳудиён (Довудӣ) дар шаҳри кўҳна. Ин гармобаҳо то ба кадом дараҷа ба талаботи ҳаммоми миллӣ ҷавоб медиҳанд, бигузор худи мутахасисони таърихи меъмории гармобаҳо ҷавоб гўянд. Зиндагӣ бошад, ҳар рўз барои онҳо саволи нав медиҳад. Масалан, чанде пеш дар Шоҳизинда пойдеворҳои гармобаеро ёфтанд, азбаски он гўлах дорад, гумон карданд, ки ҳаммом аст, сипас ғуслхона гуфтанд, яъне касоне ки ба зиёрат меомаданд, дар ин ҷо ғусл карда баъд ба зиёратгоҳ медаромадаанд. Бархе бар ин ақидаанд, ки таҳоратхона будагист. Яке аз донишмандони Донишкадаи меъмориву сохтмони Самарқанд Аҳтам Ўролов оид ба меъмории ҳаммомҳову бемористонҳои миллии Осиёи Марказӣ ва шарқи мусулмонӣ рисолаҳои илмӣ навишта чоп кардааст. Дигар олимон низ дар ин бобат корҳои илмӣ анҷом додаанд. Оиди бинои ҳаммомҳо донишмандон А.Бернштам, Г.Пугаченкова, В.Воронина, М.Булатов, Д.Назилов ва дигарон асарҳо навиштаанд. Дар кишварҳои Ғарб низ олимоне ба мисли К.Клинхардт, Е.Поти, А.Габриел, М.Экошар ва дигарон доир ба ҳаммом тадқиқоти илмӣ бурдаанд.

Ҳаммом таърихи хеле қадимӣ доштааст. Се ҳазор сол пеш аз оғози солшумории мелодӣ дар шаҳри Моҳинҷо-Дорои Ҳинд ҳаммомҳои ҷамоатии дорои хонаҳои шифо будаанд. Дар Рими қадим дар шимоли шарқи Сисилия оби гарми шифобахш мавриди истифодаи мардум будааст. Аммо падари таърихнависон Геродот (384-322 то эраи мо) навиштааст, ки ба Искандари Макдунӣ (асрҳои 4-3 то эраи мо) дар вақти лашкаркашиҳо ба шарқ (Эронзамину Тўронзамин) ҳаммомҳои буғи шифобахшдори он хеле хуш омада. Ба ин сабаб, дар тамоми сарзамини давлати Искандар чунин ҳаммомҳои ҷамоатиро сохтан расм шуд. Сипас, дар Юнону Рим ҳаммомҳои азиме сохтанд, ки то 3500 касро қабул карда метавонист. Ин гуна ҳаммомҳои азимро “терм” номидаанд. Муҳаққиқон қайд кардаанд, ки истилоҳи ваннаро дар китоби Абўмансури Қумрӣ “Луғати истилоҳоти тиббӣ” калимаи “обзан” ифода кардааст. Археологҳо аз шаҳри тоисломии Самарқанд, ки имрўз одамон Афросиёб мегўянд, пойдевори ҳаммомҳоро ёфтаанд ва бозёфти аз ҳама аҷиб маҳаллаи ҳаммомҳост. Муҳаққиқон қайд кардаанд, ки хонаҳои ҳаммомҳои шаҳри бостонии Самарқанд ҳар кадом оташдони алоҳида барои табъи дили мизоҷ гарм кардани хона, зарфҳо барои нигоҳ доштани хушбўиҳо ба монанди гулобу мушк, суфаи сангин барои дароз кашида дам гирифтан доранд. Ба фикри Е.Буряков, ҳаммоми машҳури Мирзоӣ дар ҷанубу ғарби мадрасаи Улуғбек будааст ва Улуғбек барои ин мадраса созондааст. Азбаски муҳаққиқони таърихи меъморӣ бо қоидаҳои ҳаммоми мардуми мо шинос нестанд, дар китобҳои илмӣ ҳар як хонаи гармобаи аз зери хок ёфтаро хонаҳои шустушў номидаанд. То замони имом Ғаззолӣ дар деворҳои ҳаммом кашидани суратҳои ҷонварон расм будааст, имом Ғаззолӣ манъ мекунад ва ба тадриҷ кошинкорӣ ҳам барҳам мехурад. Ба фикри Аҳтам Ўролов, ҳаммомҳои бобоии мо дар асрҳои XIV-XV шакли комил гирифтаанд. Анъанаи ҳаммомсозӣ дар шаҳрҳои бостонӣ ривоҷ ёфт. Соли 1848 Бухоро 16 ҳаммом доштааст, Тошканд 11 ҳаммом. Дар шаҳрҳои қадима ҳар як гузар ва кўй (якчанд гузар якҷоя кўйро ташкил мекунанд) ҳаммоми худро доштааст. Ба ғайри ин, дар назди бозору корвонсаройҳо ҳаммомҳои бузурги умумишаҳрӣ месохтаанд. Тибқи осори таърихӣ дар асри XV дар Самарқанд ҳаммоми Хоҷа Низомиддини назди бозори Муҳаммади Чап (назди дарвозаи Оҳанин) ва дар маҳаллаи Хоҷа Кафшӣ (ҳоло Хоҷа Кафшер) низ ҳаммомҳои машҳуре будаанд. Дар оғози асри XX аз ҳаммомҳои таърихӣ гармобаҳои Муҳаммад Аминбой (Қўшҳавз), Пули Сафед, Чорраҳа (дарвозаи Пойиқабоқ), Арк ё Кўҳна, Қозӣ, Панҷоб, ва ҳаммоми Довудӣ (ҷуҳудон) боқӣ мондаанд. Аз онҳо ҳаммоми Пули Сафед (Бозори Дар), Бозори Сандуқ, Қозӣ ва Арк ба маҷмўи бозору корвонсарою масҷидҳо дохил мегардид, ҳаммомҳои дигар дар марзи гузарҳо буданд. Ҳаммоми довудии гузари яҳудиён ва ҳаммоми Панҷоби турку эрониҳои шиамазҳаб ҳоло ҳам дар истифодаанд. Дар замони шўравӣ барои шаҳрҳо ҳаммомро аз рўи ҳисоби (нормаи) 0,05 метри мураббаъ барои даҳ нафар месохтанд. Шаҳри Балх бо 500 ҳаммоми худ дар асри XIV пешқадам буд, зеро ба ҳар даҳ нафар одам як ҷой дар ҳаммом рост меомад. Мо ин ҷо вазъи Самарқандро таҳлил накардем, зеро Самарқанд дар аввали асри XVIII вайрон гардида тамоман беодам монда буд. Ба ғайри ҳаммомҳои бузургу миёна дар гузарҳо ва кишлоқҳо гармобаҳои хурдеро, асосан дар назди таҳоратхонаи масҷидҳо месохтанд, ки мўрича ном доштааст. Як чиз равшан аст, ки ҳаммомро мафкураи динии муносибат ба тозагӣ ба вуҷуд овардааст ва сипас он ба худ вазифаи солимгардонии инсонро низ гирифтааст. Ҳаммом ҷузъи муҳими тамаддун аст. Акнун бояд фикр кунем, ки аз ҳаммомҳои миллии вайроншудаи атрофи Регистон кадомеро барқарор кардан мумкин аст? Ҳаммоми Арк, Пули Сафед, Мирзоӣ ё Бозори Сандуқро? Дар Хоҷа Аҳрор чӣ? Ба фикри узви Академияи бадеии Ўзбекистон, устои самарқандӣ Амриддин Наҷмиев мавҷудияти устоҳои забардасти ҳунарманд имкон медиҳад, ки ҳаммаи ин ҳаммомҳо, ки ифтихор ва шўҳрати Самарқанд буданд, барқарор шаванд. Ҳатто тавре сохтан мумкин аст, ки сўзишвории аз ҷиҳати экологӣ тозатар – газ ё нерўи барқ (электр) истифода шавад.

Хушбахтона, ҳам роҳбарони ҷумҳурӣ, ҳам роҳбарони ноҳияву вилоят ҳавохоҳи барқарор кардани ҳаммомҳои кўҳнаи миллӣ мебошанд. Яъне вақти оғози ин кор дур нест.

Аммо дар шаҳри Душанбе ягон ҳаммоми миллиро надидаам.

Комментариев нет: