понедельник, 10 марта 2008 г.

Адабиётшиноси бузурги Самарқанд

(Нутқ дар чашни ҳафтодсолагии Садри Саъдиев)

Дар бораи хизматҳои бузурги доктор Садри Саъдиев дар ривочи илми адабиётшиноси, тарбияву таълими муаллимоне, ки имрўзҳо дар тамоми марзи Ўзбекистон ва хорич аз он бо тадриси адабиёти точик машғул ҳастанд ва фаъолияти чамъиятии эшон хусусан дар таъсиси Бунёди Рўдаки дар Самарқанд, ки бунёдгузори мучассамаи Одамушшуаро Рўдаки дар Самарқанд аст, бисёр навиштанду гуфтанд ва боз паҳлуҳои дигари ногуфта ҳам дорад ва боз хоҳанд навишту хоҳанд гуфт. Зикр кардан кофист, ки раҳмати Шокир Мухтор шогирди эшон буд.

Ман мехоҳам имрўз ба шумо ҳамчун як нафар адибе ҳарф занам, ки бо чанбаҳои умумии фарҳанг сару кор дорад.

Ба фикри камина барои муайян кардани мақоми ин донишманди асил ва пуркор дар фарҳанги Осиёи Маркази ва хорич аз он хаёлан як тачрибаи санчиши гузаронидан мебояд. Яъне як лаҳза тасаввур кунед, ки осори чопшудаи Садри Саъдииев ба ногоҳ ғайб зад. Яъне ин китобҳову мақолаҳо чоп нашуда буданду дар хотираи компьютер меистоданд. Як вируси падарлаънати ба нохост ворид шуду бо амри шайтони танҳо асарҳои доктор Садри Саъдиевро нест кард. Баъд ба худ хаёлан тасаввур кунед, ки ин илми адабиётшиносие, ки мо ҳоло дорем, ба чи вазъи харобе меафтад. Ҳам адабиётшиносони давлатҳои Осиёи Маркази ва ҳам Афғонистону Эрон дасту по хўрда гаранг шуда мемонанд. Ва шарқшиносони чаҳон низ зеро бе асарҳои Садри Саъдиев оиди таърихи адабиёти ҳазорсолаи ин минтақа ҳарф задан мумкин нест. Асарҳои Садри Саъдиев образнок карда соддатар карда ифода кунем, меҳвари чархи ҳамон аробаи адабиётшиносии мост. Ба ин сабаб дар кишварҳои берун аз Ўзбекистон ҳам барои нашри асарҳои илмии ин донишманди мумтоз имрўзҳо кўшиш ба харч дода истодаанд.

Яъне Садри Саъдиев кўшидааст, ки ё оиди намояндаҳои бузурги адабиёт ё оиди давраҳои бузурги доираҳои адаби сухани тозаи худро бигўяд. Яъне корҳоеро анчом диҳад, ки дарҳақиқат дар таърихи адабиёт аҳамияти меҳвари доранд. Устод Садри Саъдиев бо вучуди он ки оиди адабиёти муосир мақолаҳои илмию танқидиро кам навистааст, аз чониби адибони намоёни точик қадршиноси шудааст. Каманд адабиётшиносоне, ки узви Иттифоқи нависандагон бошанд. Зинаҳои муҳимтарини ривочи мафкураи фалсафию ирфонии Осиёи Маркази аз назар эшон дур намондааст.

Чанде пеш дар шумораи 17-уми мачаллаи «Сино» мақолаи Садри Саъдиев таҳти унвони «Абдулхолиқ Ғиждувоний тариқат таълимини қаерда олган?» чоп шуд.

Садри Саъдиев дар ин мақола исбот кардаанд, ки дар Осиёи Маркази аввалин академияи тасаввуф дар Самарқанд бо сарварии Хоча Абў Юсуфи Ҳамадони таъсис ёфта буд. Дар ин мактаб ҳам сарвари тариқати хочагону нақшбандия Хоча Абулхолиқи Ғиждувони ҳам сарвари тариқати яссавия Хоча Аҳмади Яссави таълим гирифтаанд.

Садри Саъдиев дар асарҳояш оиди мақоми асосии Самарқанд барои ривочи илму ирфон суханҳои баландовоза намегўяд, балки бо нишон додани маълумоти манбаъҳои дастхат ба хулосаҳои илми мерасад. Воқеан ҳам имрўз чун Садри Саъдиев олимоне, ки тавонанд дастхатҳои бостониро чун матншиноси асил беғалат бихонад, ангуштшуморанд.

Профессор Саъдиев адабиёти шаҳрии замони Амир Темуру баъди онро тадқиқ карда ба чунин хулоса мерасанд, ки эътибор ба ривочи ҳунарманди ба пайдоишу ташаккули адабиёти ҳунармандон шароит фароҳам овард. Адабиёте нашъу нумўъ кард, ки дигар ба вазъияти сиёсии дарбору муҳити ҳукуматдори вобаста набуд, яъне адабиёти мустақил ба вучуд омад. Билохир имконият фароҳам омад, ки намояндагони ин адабиёт ба масоили ичтимои низ эътибор диҳанд.

Самарқанд дар замони Темур пойтахти салтанате буд, ки дар заминаи 27 кишвар аз чониби Соҳибқирон ба вучуд оварда шуд. Ва дар ин чо ҳама намудҳои маданияти онзамона равнақ ёфта гуустариш пайдо кард.

Баъзе адабиётшиносони номдор гуфтаанд, ки шаҳри Самарқанд баъди Рўдаки дар адабиёт нобиғаеро надод. Аммо Садри Саъдиев доимо мекўшиданд исбот кунанд, ки нуқтаи назари бисёриҳоро оиди таърихи фарҳанги Самарқанд бояд дигар намуд. Муҳити адабии Самарқанд бисёр адибонеро тарбия намуда ба онҳо шўҳрати чаҳони овард, ки дар байни онҳо Хайём, Чоми, Навои, Бинои, Мушфиқи, Восифи барин бузургон зиёданд. Магар мешавад илми таърихи адибиёти Осиёи Миёнаро бе тазкираҳои Давлатшоҳи Самарқанди, Малеҳои Самарқанди, Мутрибии Самарқанди, Чаҳор мақолаи Низомии Арўзии Самарқанди тасаввур кард? Не намешавад. Дар ҳар давру замон шоирон аз ҳамдигар меомўхтанд, осори шоирони гузаштаро аз тазкираҳо, баёзҳо, девонҳо хонда сабақ мегирифтанд. Бино бар ин вақте дар бораи таърихи адабиёти Осиёи Маркази ва кишварҳои ҳамсоя ба он сухан меравад, набояд мақоми таъсири муҳити адабии Самарқандро нодида гирифт. Муҳаққиқи равшанзамир ва дақиқназар пас аз чустучўйҳои тўлони ба натичаҳое расидааст, ки пас аз Рўдаки низ шоирони ҳамсони ў дар Самарқанд таваллуд шуда фаъолият кардаанд ба мисли Рашидии Самарқанди, аммо осораш гум шудааст.

Садри Саъдиев як муборизаи шадид ва доимиро ба зидди онҳое мебаранд, ки мехоҳанд аҳамияти он сарвати бузурги маънавие, ки дар Самарқанд дар тўли ҳазорсолаҳо гирд овада шуда буд, камтар карда нишон диҳанд.

Шарқшиноси машҳури Исроил Михаэл Занд рўзе як дастхати қайдҳои илмии Садри Саъдиевро хонда ба академик Абдулғани Мирзоев, ки он вақт раиси пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Точикистон буд, чунин гуфтааст:

— Дар байни олимони чавоне, ки ин чо кор мекунанд, мушоҳидаву таҳлили илми дар навиштаҳои Садри Саъдиев зиёдтар аст.

Шодравон А.Мирзоев доимо ба шогирдони худ таъкид мекардааст: — Кор кардану заҳматро аз Садри омўзед!

Дар ҳаққиқат ин донишманди заковатманд меҳнаткаши асил мебошад. Ба ин рўихати калони осори илмиашон гувоҳи медиҳад.

Агар муаллифи ҳамаи ин асарҳое, ки профессори хоксор Садри Саъдиев навиштаанд, ин кас нею ягон каси ба идораҳои гуногун даробаро карда метавонистаги мебуд, кайҳо ҳам академик мешуду ҳам соҳиби мукофотҳои калони давлати! Ва китобҳои зиёди навиштааш ҳам зуд чоп шуда мебаромад!

Профессор Садри Саъдиев доимо таъкид мекунанд: Ман адабиёти Самарқандро ба адабиёти точику ўзбек тақсим намекунам. Зеро дар таърихи халқҳои мо ин хел тақсимот вучуд надошт. Вақте ки Навои ба Самарқанд меомад, он замон касе намегуфт: ки ин шоири ўзбек аст ё ки шоири точик нест.

Ман ҳам бовари кул дорам, ки осори илмии Садри Саъдиев танҳо мутааллиқ ба як халқ нест. Солҳои зиёдест, ки ин донишманд аз тариқи расонаҳои гурўҳи, хусусан ба забони ўзбеки оиди таърихи адабиёти ғании Мовароуннаҳр мақолаҳо интишор мекунанд. Имрўз, ки ин шоҳсутуни илми адабиётшиносии Ўзбекистону Точикистон даҳаи ҳафтумро пур кардааст, бо табрики гарми самими илова мекунам: Ҳафтодсолаги барои олим айни камолоти эчодист.

Ва баъд аз ин табрикномаи ноқис ва нопурра наметавонам як суханро илова накунам: Аз тамоми китобу мақолаҳои Садри Саъдиев як фарёди чонсўзе ба гўши дилҳои бино мерасад: Ҳой мардуми Самарқанд, мардуми Мовароуннаҳр! Шумо меросхўри маданияти бузурге ҳастед! Ва пеш аз ҳама шумо бояд ин маданиятро омўхта ба мағзҳо чой кунед!

Оё ин фарёд ба гўши чавонони мо мерасида бошад?

1 комментарий:

D комментирует...

Устоди гаронмоя,

Оё торнигори Шумо ба куллй ба Самарканд ихтисос дорад ё матолиби фарогиртари миллй хам дар он дарч хохад шуд? Бисёр дуст дорем дар бораи дигар гушахои порсигуи он сомон низ бихонему огох шавем.