понедельник, 10 марта 2008 г.

Бозори болопўшидаи Амир Темур

Дар асрҳои гузашта шаҳри Самарқанд чандин бор ба хароби рў овардааст. Дар натичаи чангҳо баъзе ёдгориҳои машҳури меъмори, ба мисли Кўксарой, Бўстонсарой, чорбоғҳо, дарвозаҳо, Мадрасаи Сафеди Хоча Аҳрори Вали, Қўшмадрасаи бомаш тиллои ва мақбараи Нуриддини Басир аз байн рафтаанд, ки талафоти бузурги шаҳри Самарқанд аст. Аммо талафоти аз ҳама бузугтар аз байн рафтани Бозори болопўшидаи Амир Темур аст.

Чунин бозори бузурги болопўшидаро дигар ягон шаҳри машҳури чаҳон надоштааст. Сафирони кишварҳои хорича, ки ба Самарқанд омада буданд, сохтмони ин бозорро бо чашми худ дида ҳайратангезии онро дар ёддоштҳояшон навиштаанд.

Шоҳи Кастилия (Испания) Генрихи саввум соли 1403 ба Самарқанд сафирони худро мефиристад. Руи Гонзалес де Клавихо соли 1404 ба Самарқанд мерасад ва қариб, ки қисми зиёди солро ин чо мегузаронад. Темур ўро ба хуши қабул мекунад ва барои буду боши сафирон дар чорбоғҳои машҳури самарқандии Амир Темур шароит фароҳам меоранд. Тавассути қайдҳои Клавихо мо имрўз дар бораи чорбоғҳои темури тасаввуроти комил дорем.

Клавихо навиштааст, ки ба Самарқанд аз тамоми шаҳрҳои машҳури чаҳон савдогарон барои харидани мол меомаданд ва молҳои бисёр кишварҳои чаҳон дар бозорҳои он фурўхта мешуд. Табиист, ки майдони бозорҳо хурди мекард ва барои чойгир кардани маҳсулот чой намерасид.

Амир Темур Самарқандро маркази тичоратии Роҳи Бузурги Абрешим ва империя меҳисобид. Ба ин сабаб қарор дод, ки бозори бузургтарини болопўшидаи чаҳонро дар ин шаҳр бунёд кунад.

Амир Темур меъморонро даъват карда дар харитаи шаҳр аз мобайн як хати дарозе кашида шаҳрро ба ду нима тақсим карда мегўяд, ки бозори Самарқанд минбаъд ҳамин аст ва ин хат хиёбони калонест, ки дар ду тарафаш дўконҳо, тимҳо сохта мешавад. Ичрои ин кор ба ду мири асас супорида шуд,– навиштааст Клавихо,– ва таъкид гардид, ки агар шабу рўз меҳнат накунанд, бо сарашон чавоб медиҳанд. Мири асасҳо барои сохтани бозори хиёбонии Темур ба вайрон кардани хонаву ҳавлиҳои мардум сар карданд. Ҳеч кас эътироз намекард, ҳатто ҳарфе намегуфт, соҳибони хонаҳои вайроншаванда зуд чиҳози хонаро гирифта мегурехтанд. Ҳамин ки дару девори як ҳавлиро мешикастанд устоҳо зуд ба кор сар мекарданд ва тиму дўконҳои тичорати месохтанд. Дўконҳоро чуфт-чуфт месохтанд, пештахтаи онҳоро аз мармари сафед мекарданд. “Тамоми ин хиёбон болопўшида буд ва рўшнои аз равзанаи гунбазҳо медаромад” – навиштааст Клавихо.

Дар ҳар чо-ҳар чои ин хиёбони болопўшида фаввораҳо сохта буданд. Баробари ба охир расидани сохтмони дўкон он зуд ба ягон точир дода мешуд ва ў ҳам зуд савдоро сар мекард. Ҳаққи меҳнати коргарони ин сохтмон аз хазинаи шаҳр дода мешуд ва онҳо дар ду баст – шабона ва рўзона кор мекарданд. Вазифаи як гурўҳ шикастани дару девор, вазифаи гурўҳи дигар тахт кардани замин, вазифаи гурўҳи саввум кашонда овардани масолеҳи сохтмон, вазифаи гурўҳи чорум сохтани иморат буд.

Дар муддати камтар аз бист рўз дар шаҳри Самарқанд бозори бузурги болопўшидае сохта шуд, ки аз як канори шаҳр (Дарвозаи Оҳанин) сар шуда аз Регистон гузашта ба канори дигари шаҳр, эҳтимол ба дарвозаи Намозгоҳ ё Сўзангарон мерасид. Ва ҳама чои ин хиёбони бузург болопўшида буд гуфтани Клавихо шак оварда намешавад, зеро дар сафарномаи ў як ҳарфи дурўғ нест.

Мардуми аз вайрон шудани хонаву ҳавлиҳои худ норози ба гўши сайидҳое, ки аз ҳамсўҳбатони Темур буданд, мерасонанд, ки ба талафотдидагон товонпули бояд дода шавад. Рўзе Темур бо яке аз сайидҳо, ки аз авлоди паёмбар ҳастанд, шатранч мебозид. Сайид дар омади гап мегўяд, ки ба хонавайроншудагон тавонпули додан лозим аст. Темур дар аввал оташин шуда мегўяд, ки ин шаҳри ман аст, вале дар охир илова мекунад: ”Агар шумо ҳақ бошед, чи қадар пул хоҳед медиҳам”. Дар ин сўҳбат Амир Темур аввал таъкид кардааст, ки ин шаҳрро ба пули худ харидааст ва пагоҳ ҳуччатҳои хариду фурўши шаҳрро ба сайид нишон доданист. Маълум, ки бо сайид шўхи мекунад. Сипас, воқеа бо чи меанчомад, маълум нест. Сафирон Самарқандро тарк кардаанд Амир Темур хасис набудаааст, ў боигарии худро асосан барои ободии Самарқанд сарф кардааст. Ҳатто танқидгарони Амир Темур тан гирифтаанд, ки ў хасис набуд. Аз он Бозори болопўшидаи бузургтарини Амир Темур ҳоло ягон тим мондааст ё не ҳарфе гуфта наметавонам. Аммо шўҳраташ дар таърихномаҳо сабт аст. Вақти як сафар ба Маскав бо бозори болопўшидае, ки “Пассаж” мегўянд, шинос шуда будам “Гўё”, ки шоҳи Русия Пётри Якум чунин пассажҳоро сохта будааст. Дар мобайни пассаж фавворае низ буд. Аз хаёлам гузашта буд, ки бозорҳои болопўшидаро аввал Амир Темур сохта буд ё аврупоиҳо?

Донишмандони таърихро мебояд, ки ба ин савол чавоб бичўянд. Бозорро зарурат месозад. Бо вучуди он ки Амир Темур бузургтарин бозори болопўшидаи чаҳонро сохт, дар шаҳри Самарқанд бозорҳои дигар низ амал мекардаанд. Дар вақфномаҳои Хоча Аҳрор бозори Асп, бозори Досгарон, бозори Мисгарон, бозори Мурғфурўшон, бозори Муссақаф, бозори Регистон, бозори Самбўсапазон, бозори Сардувоник, бозори Ҳинофурўшон, бозори Чаҳорсўқ, бозори чануби ҳаммоми Хоча Низомиддин номбар шудааст.

Дар вақфномаи Қўшмадраса бо номҳои бозорҳои Дарби Каппон, Лаввофон (бофандаҳо), Масъуда, Масчиди Намадмолон, Намадфурўшон, Наълбандони қадим, Сабзавот, Ресмонфурўшон, Пули Сафед, Сабадбофон, Амирзода Муҳаммад Султон, Хоча Муҳаммади Чап (дар гузари Шарбатдор), Шаммоъон (яъне шамъсозон), Амирзода Муҳаммад Қосим дучор меоем. Инҳо номгўи ҳама бозорҳо нест, танҳо ҳамон бозорҳоест, ки барои вақфи мадрасаҳо ягон дўкон аз он чо харида шудааст. Яъне Самарқанд чи дар замони темуриҳо, чи баъди он (масалан Қўшмадрасаи бомаш тиллоиро дар Регистон чои кинотеатри вайроншудаи Навои келини Шайбонихон Меҳрибонхонум сохта будааст) пур аз бозори гуногун будааст. Сайёҳони қадим қайд кардаанд, ки мардуми Самарқанд аз маҳсулоти деҳқони харбузаро (хушку тари онро) хеле зиёд истеъмол мекунанд, барои ҳамин рангу рўяшон тоза ва бозорҳои харбуза аз бозорҳои дигар калонтар аст.

Чои таърихии як бозори харбуза дар саргаҳи кўчаи ҳозираи Сўзангарон дар майдони масчиди гузари Қози Абдурасул будааст. Солҳои ҳукмронии худ Амир Темур аз 27 кишвари ишғолкардааш зиёда аз 150 ҳазор ҳунармандро овардааст. Азбаски Самарқанд аз ҳунармандон пур шуда буд, дар атрофи шаҳр ба номи пойтахту шаҳрҳои машҳури ишғолкардаи ў шаҳрчаҳои ҳунармандон сохта шуд. Номи пешинаи Давлатобод Миср-шаҳар аст, номи Булунғур ноҳияи Шероз. Вақте ки ҳамаи ин ҳунармандон маҳсулоти худро ба бозори Самарқанд мебароварданд, табиист, ки байни ҳунармандони омада ва таҳчои ҳам рақобату ҳам зиддият пайдо мегардид. Яъне Амир Темур бозори бузурги болопўшидаи Самарқандро барои қонеъ кардани эҳтиёчи ба вучуд омада сохта будааст. Ҳар касе, ки ба Самарқанд ояд, бояд тавонад, ки ҳамаи чизи мехаридаашро аз як кўча ёбад будааст, ғояи асосии ин бозор. Он фарзандону набераҳои Амир Темур, ки ба сари ҳокимият омадаанд, кўшиш кардаанд, ки анъанаи чорбоғсози, мадрасасози, хонақоҳсози ва бозорсозии Соҳибқиронро давом диҳанд. Барои ин қофист, ки аз китоби Абдураззоқи Самарқанди “Матлаи саъдайн ва мачмаи баҳрайн” (Тошканд, нашриёти “Фан”, соли 1969) саҳифаҳои 154-155-ро мутолиа кунед. Вақте ки Ҳирот доруссалтана шуд, Шоҳрух қарор медиҳад, ки Ҳиротро дар ободони ба дарачаи Самарқанд расонад. Абдураззоқи Самарқанди воқеаҳоро он тариқ тасвир кардааст, ки масалан аз тасвири сохтмони боғи Сафеди Ҳирот чигунагии ороиши чорбоғҳои Самарқандро метавон пурра тасаввур кард.

Шоҳрух аз чониби Амир Темур дар Самарқанд сохта шудани бозори бузурги болопўшидаро дар ёд дошт ва қарор мекунад, ки чунин бозорро дар Ҳирот бисозад. Дар Ҳирот низ чун дар Самарқанд бинои Чорсу дар маркази шаҳр сохта шудааст ва аз он чор роҳ ба чор дарвозаи шаҳр мебарад. Яъне бозори болопўшидаи дар Ҳирот сохтаи Шоҳрух дар харитаи шахр шакли салибро дорад. Абдураззоқи Самарқанди аниқ навиштааст, ки аз дарвозаҳои шаҳр чаҳор бозор то Чорсу тўл кашида буд. Бозорҳои болопўшидаи Ҳирот аз тимҳои қатор иборат будааст. Ҳамон тимҳое, ки имрўз дар Бухоро низ боқи мондааст. Яъне бозори болопўшидаи дар Самарқанд сохтаи Темур ҳамин гуна шакли салиби доштагист. Агар ин намебуд, аз Чорсуи ҳоло мавчудаи Самарқанд ба чониби Арки Оли (Кўксарой) растаи Заргарон пайдо намешуд.

Ҳоло бо нишондоди сарвари давлат бозорҳои Самарқандро ба шароити нав мутобиқ карда истодаанд. Яке аз ин шароити нав туризм аст. Моро лозим меояд, ки симои таърихии бозорҳои миллиро барқарор кунем, растаҳои заргарон, мисгарон, зардўзон, сўзанидўзон (ин ду раста дар кўчаи Сўзангарон будааст) ва ғайраҳоро барқарор карда он маҳсулоти ҳунармандиро ба сайёҳони хоричи пешниҳод кунем, ки бо дидани онҳо чашмонашон дурахшида аз чайби худ долларҳоро берун кашанд.

Агар бозорҳоро тибқи анъанаи бозорсозии Амир Темур, аз рўи санъати меъмории милли сохта растаҳои қадимаи ҳунармандиро барқарор карда тавонем, бешак муваффақ хоҳем шуд.

Комментариев нет: