вторник, 26 февраля 2008 г.

Менталитети точики?

Баъзан фикр мекардам: доир ба ҳуввияти миллии точики дар Точикистони кунуни касе андеша мекунад?

Рўзе аз ТВТ шунидам, ки ҳамоне ки гоҳ-гоҳ мақолаҳо менавист, дар муҳокимаи зарари нонхўри гуфт: Нон - менталитети точики аст.

Ба ҳамин сабаб асоси шакароби точики аз нон иборат аст. Яъне наввад дар садаш нон. Нон ва картошка ҳар ду ҳам крахмал ҳастанд ва камтар истеъмол кардани онҳоро тавсия намуданд олимони дар он баҳс чамъомада. Аммо нагуфтанд, ки на танҳо нон балки дар таркиби ғизо ҳама гуна маҳсулоти ордигандумиро кам бояд кард.

Ҳеч кас фикр намекунад, ки одати нонхўри кай ва ба кадом сабабҳо пайдо шуд? Таомҳои точики дар асл кадомҳоянд?

Ҳеродот дар асари худ «Таърих» менигорад, ки форсҳо таомро мисли юнониён зуд намехўранд, таоми гарм, гўшти дар кўра пухта шударо кам-кам мебиёранд, аммо сабзавоту мева, кабуди зиёд дида мешавад. Ба шароби ангури майли зиёд доранд, аммо ба эътидол менўшанд ва масъалаҳои муҳимро ду маротиба аввал дар вақти сархуши ва бори дуввум дар вақти ҳушёри муҳокима мекунанд ва қарор дар вақти ҳушёри қабул мегардад.

Ҳоло табибон бар ин ақидаанд, ки маҳсулоти ордигандуми баъд аз дар меъда тамоман ҳазм шудан аз худ заҳр чудо мекардааст. Шароби сурхи ангури бошад умрро дароз менамудааст.

Дар Эрон дидам, ки ҳоло ҳам чун дар замони Ҳеродот таоми асоси кабоб аст. Гарчанде зери ҳукмронии шоҳони турк асрҳои зиёд будаанд, дар ресторанҳо таомҳои туркии хамири тамоман нест. Нонро хеле кам дар як нишаст 10-15 гр мехўранд.

Дар Точикистон бошад ба сари ҳар кас рўзе 450 гр нон рост меомадааст. Дар Самарқанд низ бисёр таомҳои дерини точикиро фаромўш кардаанд. Бо истилои арабу муғул ва қариб даҳ сол тамоман холи шудани шаҳр дар вақти истилои солҳои 1722-30 самарқандиён тарзи тайёр кардани таомҳои қадимаи точикиро гум кардаанд.

Боре дар «Фарҳанги забони точики» ба номи яке аз таомҳо - наргиси дучор шудам. Рўзе ба хонаи профессор Садри Саъдиев даромадам бо коре ва келинашон ду табақ наргисиро оварда пеши мо гузошт. Маълум, ки зинда будаасту ман намедонистам. Наргиси - ба гули наргис монанд карда пухтани таом нишони маданияти баланд аст.

Боз ҳам суол ин аст: менталитети точики дар асл чист?

1 комментарий:

D комментирует...

Фарзонаи гиромй Адаш Истад,

Аз дидани талоши шумо дар веблогистон бисёр хурсанд шудам. Бароятон сарфарозию калами бурро мехохам. Поянда бошед.

Дориюш