вторник, 26 февраля 2008 г.

Точик магар беҳунар аст?

Чумшуд ва Равшан аз TNT боз ҳам нуқсонҳои гуногунро намоён мекунанд, ба ғайри аҳмақи беҳунариро низ. Гарчанде онҳо осиёимиёнаги муаррифи мешаванд, дар Осиёи Маркази танҳо як халқ - точикон ин номҳоро доранд ва ба қавли академик Бартолд - сартҳо низ. (яъне точикҳои забонашон ўзбекишуда).

Вақте ки мо ба TNT эътироз мекунем, бо натича мубориза мекунем, на сабаб. Бо сабабҳо мубориза кардан кори оқилон аст. Сабаби асоси ин аст, ки ба чавонон дар мактабу омўзишгоҳҳо касбҳои бинокорию меъмориро то он чое, ки зарурати ҳаёти пеш овардааст, намеомўзонанд.

Бубинед, ки туркҳо ҳоло бисёр ширкатҳои меъморию бинокори таъсис дода қариб дар тамоми кишварҳои дунё иморатҳои зебо месозанд. Ва ҳол он ки ба хулосаи академики кайҳонаварди Шавкат Воҳидов системаи маорифи Туркия қафомондатар аз системаи давраи шўрави аст.

Соли гузашта дар чаҳон барои муайян кардани ҳафт мўчизаи меъмории чаҳони пурсиш гузаронида шуд ва яке аз ҳафт чой насиби Точмаҳал гардид. Муаллифи лоиҳаи он турк бошад ҳам гунбазу манорҳояш кори дасти меъмори самарқанди аст.

Точик пеш аз кўчиҳои дертар маскуншудаи ҳамсояву ҳамватанаш ба шаҳрсози оғоз карда буд ва он бе пешрафти ҳунари меъморию бинокори ба даст намеояд. Ачоиботро бинед, ки намояндаҳои ҳамин мардуми қадимтарин меъмору бинокор барои надонистани оддитарин қоидаҳои бинокори масхара мешаванд. То шамол набошад шохи дарахт намечунбад. Ин лои тар ба девори хушк часпид. Сабабҳояш камҳунари ва ва тамоман беҳунарии аксари мардикорони точик мебошад.

Агар дар асл ориёиед, дар асл мардуми шаҳрсозед, бояд омўзишгоҳҳои бинокорию меъмориатон беҳтарин дар чаҳон бошад.

Бояд, ки беҳтарин академияи меъмории милли ва донишгоҳи бинокорию меъмориро дошта бошед.

Аз ҳар як падида сабақе бардоред, ҳатто аз масхараҳои Галустян ҳам.

Он гоҳ ҳақ доред, ки суруди «Мо ориёием» ё «Точикем мо, точикем мо, точикем»-ро сароед.

Агар, ки не, даҳонро пўшед, сарро хам куне два заҳмати харонаро бикашед.

Ба фикри камина мардикори бекасбу ҳунар коргари кироя нест, ў люмпен аст. Вақте ки инсон ба дарачаи люмпен поин фуромад, бисёр сифатҳои инсонии худро гум мекунад.

Комментариев нет: