четверг, 4 января 2024 г.

Мероси падарбузург

Падарбузурги ман Аминҷон ибни Бозор ибни Тилло будааст. Барвақт вафот карда буд. Коргари фабрикаи чойкадоқкунии Самарқанд будааст. Ӯ се писар доштааст ва аз ҳама калонӣ падарам Истад будааст. Баъди вафоти бобом дар 17 солагӣ таъмини рӯзғор ба зиммаи падарам меафтад. Вақте ман 3-4 сола будам, модарбузурги ман Калонона зинда буд ва ба ӯ ман дастёрӣ мекардам.

 

Аминҷонбобот таомро бе ягон камбағал намехӯрд саховатманд буд, аз бонки русӣ қарз мегирифту камбағалонро зиёфат мекард. Баъд қарзро ман медодам, мегуфт падарам.


Бонкҳои Русияи подшоҳӣ қарзро бо фоизи калон медоданд.

 

Як шоири тоинқилобии Самарқанд байте дорад:

Аз бонка шикоят кунам эй аҳли ватан,

Аз зинда ватан рабояд, аз мурда кафан.

вторник, 2 января 2024 г.

Падарам


 Падарам Истад Аминҷонов газета, китоб намехонд. Соли таваллудаш 1895. Соли 1941 ба ҷанг рафта 1945 баргашт. Соли 1946 ман таваллуд шудам. Яъне дар ин сол ӯ 51-сола буд. Дар колхоз деҳқони оддӣ буд. Баъд бо устоҳои гилкору хонасоз кор мекард. Дар замони пиронсолӣ барояш корҳои сохтмонӣ душворӣ кард ва ӯ дар як чойхонаи назди бинои райкомпартия, ки дар минтақаи Хоҷа Аҳрор буд, самоворчӣ шуд.

 Вақте ки ман дар донишгоҳи Самарқанд таҳсил мекардам, синни падарам аз 70 гузашта буд, ва ман баъди дарс чӣ дар мактаби миёна ва чӣ дар донишгоҳ ба чойхонааш омада ба ӯ кӯмак мекардам.

 Падарам савод надошт, аммо ҳаётро хуб медонист. Дуртар аз ин чойхона Шӯъбаи ноҳиявии милитсия буд. Милисаҳо баъди таоми нисфирӯзӣ ба чойхонаи падарам нишаста чойи сабз нӯшиданро хуш доштанд. Ҳамаи онҳо падарамро эҳтиром мекарданд.

 Рӯзе ду гурӯҳ мардони 60-70-сола омада дар ду кати калоне нишастанд. Ман ба онҳо чой бурда додам. Як гурӯҳ лӯлиҳо буданд, гурӯҳи дигар тоҷикон. Гурӯҳи лӯлиҳо ба гурӯҳи тоҷикон “очетона аз Учқурғон нишон митием” гуфта дӯғ мезаданд. Тоҷикон сар хам карда менишастанд, хеле ғамгин буданд.

 Падарам фаҳмид, ки дахолат накунад, намешавад.

 Аввал ба назди лӯлиҳо рафта аҳволро фаҳмид. Баъд ба назди гурӯҳи тоҷикон рафта маслиҳат кард. Шунидам, ки ба тоҷикон мегуфт:

  - Бачаҳои шумо духтари лӯлиро беномус кардааст. Ин ҷинояти сахт аст. Ҳар як фарзандатон 15-солӣ маҳкум ба ҳабс мешавад, зеро ҷинояти гурӯҳӣ содир шудааст. Лӯлиҳо аризаи худро пас мегиранд, агар яке аз бачаҳои шумо ба занӣ гирифтан розӣ шавад, хароҷоти тӯй ба гардани ҳамаатон.

 Тоҷикон дудила шуда фикр карда монданд.

 Падарам илова кард, ки баъди 15 соли ҳабс фарзанди шумо дигар одами хуб  намешавад ё не, маълум нест. Дар ҳабсхона ба номуси онҳо таҷовуз мешавад. Аммо як кас ба гардан гирад, дигар ҷони худаш ва ҳафт нафарро наҷот медиҳад.

  - Оё милиса даъво намекунад?- пурсид яке.

  - Не, даъво намекунад, лӯлиҳо розианд, ки духтар мегӯяд, ки бо ҳамин як нафар  алоқа кард ва вайро дӯст медошт. Милисаҳои мо одамони нағзанд, ҷавонмарг шудани бачаҳоро намехоҳанд.

 Мӯйсафедони гурӯҳи тоҷикон аз кат фаромада бо навбат падарамро ба оғӯш кашаданд. Аз чашми онҳо ашки шодӣ равон буд.

 Баъд гурӯҳи тоҷиконро барои маслиҳати тӯй ба назди гурӯҳи лӯлиҳо бурд. Лӯлиҳо низ хурсанд буданд ва ба падарам миннатдорӣ мекарданд.


Экология

 [афсона]

 Худо дар ғазаб шуд. Ӯ ба Ҷабраил гуфт: - Ин одамзодаҳо кай одам мешаванд? Боз Одам ва Ҳаввои нав созам? Боз дар биҳишт онҳоро бисанҷам?

  - Намешавад,- гуфт Ҷабраил  дуду газҳои заҳрноки онҳо кайҳо дарахтонии биҳиштро хушкондаанд.

 

вторник, 23 мая 2023 г.

Чем отличались самаркандцы?

 Об этом писали многие знаменитые путешественники, географы и историки. Что самаркандцы любят розы, пекут лучшее лепешки, готовят лучший плов и прочие.

Известная русская поэтесса Анна Ахматова назвала Самарканд родиной вечных роз.

В советское время все площади и улицы Самарканда были полни только розами. Тогда еще не было в моде китайские розы, которые вообще не пахнут. Соловьи любят гнездится среди ветвей пахучих роз. Когда стало модно вырезать ветки роз над корнями перед зимой, соловьи не могли гнездится и исчезли на совсем. Поэтический образ соловья и розы остался только в газелях поэтов.

четверг, 13 апреля 2023 г.

Тоифаҳои одамон

 Табиатан сари одам баландтар аз ҳама  узвҳои дигари асосӣ – дил, ҷигар, шикам ва узви таносул аст. Ин ба он маъност, ки инсон ҳар амале мекунад, бояд бо раҳнамоии ин мақоми баланд  кунад, яъне андешагарӣ ҳоким ба ҳама амал аст.

Дили инсон дар мақоми поёнтар аз сар қарор дорад. Яъне ин ишора бар он аст, ки ҳар чизе ки дил мехоҳад, бояд дар итоати сар бошад, агар ақл бипазирад он гоҳ бояд амалӣ шавад.

Шикам дар мақоми саввум аст. Ва он аз як ҷиҳат ба дил тобеъ бошад, бештар тобеъи сар аст. Дил дар мавриди қабули таом нақши манфӣ мебозад. Хӯрдан гир мегӯяд, то сер шудан. Аммо ақл мегӯяд, ки пурхӯрӣ сабабгори бемориҳост.

пятница, 24 февраля 2023 г.

Хатохонӣ дар ушшоқсароӣ

Маълуми ҳама бод, ки Шашмақом аз шеъри олӣ, мусиқии классикии олӣ, овозхонии олӣ ва навозандагии олӣ иборат аст. Хушбахтона дар Самарқанд ва дигар шаҳрҳо мақомхонҳои нав пайдо шуда истодаанд. Комёбиҳо албатта ҳасттанд, ки онро санъатшиносон дар оянда таҳлил хоҳанд кард.

Каминаро, ки аз аҳли адаб ҳастам, баъзе хатоҳо дар сароидани шеърҳои адабиёти мумтозамон ба ташвиш овардааст.

Вақте мебинед, ки дар суруди Ушшоқи Самарқанд ду байтро аз мобайни ғазали Зебиниссо партофта мегузаранд, бефарқ набояд буд. Дар ин маврид ҳикояти “Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез” ба ёд меояд. Шодравон Аҳмад Бобоқулов танҳо як байтро партофтааст, аз тарси режими коммунистӣ, зеро дар он тавофи Каъба таъкид мешавад.

понедельник, 13 февраля 2023 г.

Решашиносии миллии тоҷикӣ

Решашиносии миллӣ илмест, ки бунёди менталитети миллатро ҳифз ва аз вайроншавӣ бозмедорад. Агар дар кишвар донишмандони асили ин илм набошанд, миллат завол меёбад ва агар шакл нагирифта бошад, ҳеҷ гоҳ комил нахоҳад шуд.

Решашиносии миллӣ рукни асосии бақои миллат аст. Танҳо решашиносии миллӣ муайян хоҳад кард, ки аз осори фарҳангӣ ба кадом асарҳо аввалият бояд дод, дар барномаи таълим асосан бояд чиҳо бошанд, маъракаҳо дар асл чӣ хел бояд бошанд ва бисёр тарафҳои гуногуни зиндагӣ.

Агар аз мероси мусиқӣ мисол орем, бояд биандешем, ки аввалиятро ба Шашмақоми 1400-солаи Борбадӣ диҳем ё мусиқии нави муосир?  Аввалиятро дар насру назми классикӣ ба “Шоҳнома” диҳем ё ба асарҳои дигар мисли “Гурӯғлӣ”?

четверг, 2 февраля 2023 г.

Соли оянда – ҷашни 170-солагии нобиғаи мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз

 Бузургтарин мусиқидони Шашмақом, оҳангсоз, навозанда ва сарояндаи сурудҳои классикӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба таъкиди  шогирди азизаш Юнус Раҷабӣ соли 1854 зода шудааст.

Юнус Раҷабӣ, ки чор сол ҳамроҳи бародараш дар ҳавлии Ҳоҷӣ Абдулазиз зиндагӣ карда ҳама оҳангҳои Шашмақомро аз ӯ навишта мегирад ва ба ӯ, ки Ҳоҷӣ Адулазиз 66 сол ба Шашмақом хизмат кард ва 9 январи 1936 дар 82-солагӣ вафот намуд гуфтааст, бояд бовар кард.

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро мебояд, ки бо пешниҳоди мусиқидонҳо барои таҷлили бошукӯҳи ҷашни 170-солагии ин нобиға қарори махсус қабул кунад.

Дар Самарқанд дар як қисми ҳавлии Ҳоҷӣ Абдулазиз музейи ёдгории ӯ кушода шудааст.

четверг, 29 декабря 2022 г.

Корномаи Рустам дар деворнигораҳо ва матни суғдии Панҷакент

 Чаҳор сол боз дар Интернет сӯҳбате бо сардори экспедисияи архиологии Эрмитаж дар Панҷакент Павел Лурье, ки дар Эрмитажи Петербург мудири шӯъбаи тарихи санъати Ховар аст ва аз нақли ӯ чунин хулоса бармеояд, ки бозёфтҳои архиологии Панҷакент, яъне давраи тоисломии ин шаҳри бостонӣ асосан дар Эрмитаж нигоҳдорӣ мешаванд. Ман ин сӯҳбатро аз Ютуб ба саҳифаи худ кӯчонидам.

Аз тамошои ин сӯҳбат хоҳед донист, ки мо аз ин мероси бузурги ниёгони худ ҷудо афтодаем ва барои бештар ҷалб кардани сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон роҳҳои бозгардонидани онҳоро бояд ҷустуҷӯ кунем. Албатта корест пурмуаммо. Аммо мо метавонем дар Панҷакент як қаср ё осорхона созем ва рассомонамон дар онҳо деворнигораҳои суғдии дар Эрмитаж маҳфузро дар шакли комил то тахриб шуданашон эҳё кунанд.

воскресенье, 11 декабря 2022 г.

Чаро ба таъсиси Осорхонаи меъмории тоҷикон зарурат пеш омадааст?

 Бори чорум ё панҷум аст, ки дар ВАО оиди зарурати таъсиси Осорхонаи меъмории тоҷикон менависам.

Бори аввал 35 сол қабл навишта будам, вақте ки дар як сафар ба пойтахти Гурҷистон аз чунин осорхонаи онон дидан кардам. Гурҷиҳо аз ҳама минтақаи кишварашон хонаҳои истиқоматии қадимаи худро харида ба як теппаи нообод кӯчонида барои тамошои сайёҳони хориҷӣ омода кардаанд. Ҳамраҳам доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов буданд ва яке аз хонаҳоро дида гуфтанд, ки “о, ин хонаи помирӣ аст! Чӣ тавр ба ин ҷо афтодааст?”.